ТОҚИИ ТОҶИКӢ РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ Ӯ БУД

Ба муносибати 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

Розия Озод пеш аз он ки писараки дӯстрӯяш Бобоҷонро бори аввал ба мактаб бубарад, барояш чун армуғон тоқии нави тоҷикӣ харид. Писарак ба ҷилои нақшу  нигори тоқӣ назар афканда, хаёл дошт, дар сараш хуршед медурахшад. Аз ҳамон айём меҳри тоқӣ бар дилаш нишаст.
Он вақт ӯ аз куҷо медонист, ки рӯзе фаро мерасаду мисли чор гӯшаи тоқияш дару дарвозаи чаҳор қитъаи олам ба рӯяш боз мегардад. Замоне, ки ӯро сарвари Донишкадаи ховаршиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ таъйин намуданд, ҳамроҳи заруртарин чизҳои шахсӣ тоқиашро низ ба Маскав бурд.
Бобоҷон Ғафуров зимни сафарҳои хориҷӣ, мулоқотҳои расмӣ ва анҷуманҳои байналмилалии илмӣ ҳамеша тоқии тоҷикӣ бар сар дошт. Вай, ки сиёсатмадори пуртаҷриба, хирадманду дурандеш, рамузфаҳм ва дорои ифтихори баланди миллӣ буд, бо ин амали хеш  гуфтан мехост: «Ман намояндаи давлати Иттиҳоди Шуравиям, аммо фарзанди тоҷикам, аз нажоди Рӯдакиву Синоям...» 
Доктори ифтихории  чандин донишгоҳҳои бонуфузи хори-ҷӣ, узви ҷамъиятҳои илмии кишварҳои Ҳиндустон, Фаронса, Эрон, Маҷористон ва раиси бисёр созмонҳои байналмилалии илмӣ дар ҳалқаи олимони номдори ҷаҳон низ бо тоқии тоҷикӣ менишаст.
Ҳамагон медонистанд ӯ тоҷикест, ки илми шарқшиносии Шуравиро ба пояҳои баланд бардоштааст ва муҳимтар аз ҳама таърихро бо муҳаббати зиёд ва садоқати  фарзандӣ тадқиқ менамояд.
Воқеан, Бобоҷон Ғафуров аввалин муаррихест, ки дар асри ХХ ба бинои таърихнигории нави илмӣ дар Тоҷикистон асос гузошт ва сипас мақолаву асарҳои зиёди илмиашро чун хиштҳои тиллоӣ рӯйи деворҳои он барчид. Агар Фирдавсӣ Аҷамро бо забони нобу шевои назми дарӣ-тоҷикӣ зинда карда бошад, ӯ бо таълифи асари бузургаш «Тоҷикон» онро бо забони ҳазорон ҳуҷҷатҳову аснод ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ  умри абад бахшид.
Ин корномаи беназири илмии ӯро бисёр донишмандони дараҷаи аввали Осиёву Аврупо мавриди ситоиш қарор додаанд.
Аллома солҳои зиёд зимни вохӯрӣ ва суҳбату мулоқот бо роҳбарони давлатҳои гуногун  ҳамеша бо тоқии тоҷикӣ буд. Соли 1968 Сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ, ҳангоми супурдани Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру бо як табассуми ҳалиму гуворо ва нигоҳҳои саршори эҳтиром  ба тоқии сараш менигарист. Дар як мулоқоти дигар аз академик хоҳиш мекунад, ки ба китобаш, ки бояд дар Маскав интишор гардад, сарсухан нависад. Ин хоҳиш аз ҷониби олим бо мамнуният пазируфта мешавад.
Бобоҷон Ғафуров  дар сафарҳояш маданияти баланд, расму оини шарқӣ, дониши амиқ ва маърифати олии сиёсатмадориро намоиш медод. Сарвари Арабистони Саудӣ зимни мулоқот аз фарҳанги баланди исломии ӯ ба ваҷд меояд. Ӯ бо тӯппии тоҷикӣ дар сар маносики ҳаҷро ба ҷо меоварад. Донишманди бузург муборизи роҳи озодии халқи курд Мустафо Барзаниро мебоист ба сулҳу оштӣ ва мусолиҳаи миллӣ водор месохт. Барзанӣ аввал ба ин мулоқот ризоият намедиҳад. Аммо чун мефаҳмад, ки миёнҷӣ шахси мусалмон ва дорои мартабаи баландест, ба мулоқот меояд. Симои ором, муносибати гарму самимӣ ва тоқии миллӣ Барзаниро сахт мутаҳаййир месозанд. Олим медонист, ки забони тоҷикию курдӣ  решапайванд ва ба ҳам наздиканд, бинобар ин, дар аввал ба тоҷикӣ чанд ҳарфи лутфомезе мегӯяд. Барзанӣ баробари шунидани суханони ӯ даст рӯйи сина ниҳода мегӯяд: «Хуш омадӣ, бародари азиз!».
Бобоҷон Ғафуров соли 1975 ба Покистон  сафар мекунад ва чун аз самолёт бо тоқии тоҷикӣ берун меояд, истиқболгирандагонаш бо шодмонӣ: 
«Ана, Бобоҷон Ғафуров омад!» гӯён хурсандӣ мекунанд. Ин сафар ба як анҷумани дӯстӣ ва илмӣ табдил меёбад ва устоди Донишгоҳи Равалпиндии Покистон Сафӣ Ҳайдари Дониш  ба ифтихори боздид аз Бобоҷон Ғафуров бо номи  « Таронаи Истиқбол» шеъре иншо мекунад, ки ин чанд байт аз он аст:
Надими бебаҳо Бобо, 
муҳаббатро зиё Бобо,
Ҷамоли дилкушо Бобо, 
камоли ҷонфизо Бобо.
Назарро равшанӣ Бобо, 
хирадро зиндагӣ Бобо,
Суруди тозагӣ Бобо, 
насими дӯстӣ Бобо.
Саросар домани завқи 
адабро пургуҳар дорад,
Каломи Ғолибу Иқболу Хусрав 
дар назар дорад.
Вақте ки аллома дар бемористони Душанбе бистарӣ буд, низ пайваста тоқии тоҷикӣ дар сар дошт. Чун дилаш аз тапиш бозмонд, ӯро дар тобут бо тоқии тоҷикӣ гузоштанд.
Ҳазорон сокинони ҷумҳурӣ, ҳайатҳои донишмандон аз Маскав, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва ғайра бо ӯ бо андӯҳи зиёд видоъ мекарданд. Дар ин ҷамъомади мотам аз номи  донишмандони Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ суханони видоӣ гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки «як шамъи фурӯзони хиради тоҷик хомӯш шуд».
Тоқии тоҷикии Бобоҷон Ғафуров то хонаи охират дар сараш буд...

Аз китоби 
«Дар фарози қуллаҳо»-и Раҷабалӣ Қудратзода.

БА МО МОРО ШИНОСОНД

(Ба ифтихори ҷашни академик Бобоҷон Ғафуров)
Ба бобоҳо бинозу соз ихлос,
К-аз онҳо монд таърихи ба худ хос.
Ту худ бишносу Бобоҷон Ғафуров,
Ки «Тоҷикон» зи худ бигзошт мерос.
***
Чу нури илм чун тобид, дидем,
Чу ахтарпора чун рахшид, дидем.
Зи нури маърифат бар тиратаърих,
Чи сон ӯ равшанӣ бахшид, дидем.
***
Ба мо Суғду Бухороро шиносонд,
Спитомену Дороро шиносонд.
Натанҳо миллати моро ба дунё,
Ба мо, айни замон, моро шиносонд.
***
Фани мо, илми моро буд ӯ сар,
Чу мо будем сар, ӯ буд сарвар.
Ба дил, бар ҷони мо эҳсоси миллӣ
Муҳаббат буд агар, ӯ буд маҳзар.
***
Чу «Тоҷикон» бигирад даст тоҷик,
Ҳазорон шукри дунё, ҳаст тоҷик.
Зи ӯ рӯҳи ниёгон ҳаст розӣ,
Ба таърихи куҳан пайваст тоҷик.
***
Ту шояд доктори илми таърих,
«Ғурур»-у «ифтихор»-и илми таърих,
Чу «Тоҷикон» надорӣ, ҳамзабонам,
Надорӣ ту мадори илми таърих.

Ш. МУҲАММАД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: