МИНБАРИ МО ҶАШНИ ХУДРО ТАҶЛИЛ МЕКУНАД

Ман аз солҳои наврасиву ҷавонӣ ба ин сӯ бо рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») дар робита ҳастам.

Ин рӯзнома, ки минбари ягонаи марказӣ барои тоҷикони Ӯзбекистон маҳсуб меёбад, дар муддати мавҷудияти худ таҳти номҳои гуногун рӯи чопро дидааст. 
Ин саҳифаҳои таърихи рӯзнома дар хотираи ҳар як муштарии собиқадори он сахт нақш бастааст ва банда низ аз ҳамин зумра муштариёни он мебошам. Тайи солҳо ҷаҳду талош мекардам, ки ҳар шумораи онро дастрас намоям, аз ҳаёти сиёсии мамлакат, ҳаводиси иҷтимоиву фарҳангии он ва хориҷи кишвар огоҳ бошам. Солҳои пеш, ҳар вақт ба пойтахт – Тошканд оям, ҳатман ба идораи рӯзномаи дӯстдоштаам сар халонда, бо кормандони он, ки мутаассифона, ҳоло бархе аз эшон дар қайди ҳаёт нестанд, мулоқот мекардам. Ин дидору мулоқотҳо яке аз дигарӣ ҷолибу пурмуҳтаво ва самимӣ буд.
Хусусан, солҳои таҳсил дар Донишкадаи омӯзгории Херсони Украина, ки ба солҳои 70-уми асри гузашта рост меояд, аз боби таҳсили ҷавонони тоҷику ӯзбек ва тарзи ҳаёти онҳо дар ин донишкада хабару мақолаҳо менавиштам ва чопи онро бетоқатона интизорӣ мекашидам. Аз чоп шудани хабару мақолаҳоям танҳо вақти таътил дар Сӯх бохабар мешудам. Чопи ҳатто як хабари кӯтоҳ маро хурсанду шодмон менамуд. Барои ин андак «чойпулӣ» ҳам мегирифтам, ки боиси хурсандии мани донишҷӯ мегардид.  
Ҳаргиз фаромӯш намекунам. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи рақами 7-ум, ки аввал номи Карл Марксро дошт ва баъд номи Шароф Рашидовро гирифт, соле як маротиба кормандони рӯзнома ташриф оварда, бо рӯзномахонон вохӯрӣ баргузор мекарданд. Ин ташрифи меҳмонон бо сарварии сардабири ҳамонвақтаи рӯзнома, шодравон Шавкат Ниёзов сурат мегирифт ва мулоқоту вохӯриҳо барои мани ба истилоҳ «мухбири коргару деҳқон» такони хуб мешуд.
Ҳамон солҳо толори мактаб аз муаллимону талабагон ва сокинони маҳаллаҳои Чоркӯча, Обишир, Чумоқча, Қалъаи Боло, Қалъаи Поён ва амсоли он ҳамеша лабрез мегашт. Шавкат Ниёзов ба иштирокчиён дар бораи рӯзнома ва фаъолияти кормандони он маълумоти мухтасар медод. Он вақт ин рӯзнома нашрияи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии РСС Ӯзбекистон маҳсуб меёфт ва баробари рӯзномаҳои дигари марказии ҷумҳурӣ шуҳрату нуфузи хосеро дар байни мардум касб менамуд.
Ман ҳамчун хабарнигори ҷамоатӣ ҳатман дар муҳокимаҳо фаъолона ширкат мекардам. Баъзан ба ин ё он корманди рӯзнома бо савол муроҷиат намуда, ҷиҳати беҳбуди матолиби он таклифу дархостҳои худ ва ҳамдеҳагонамро ба миён мегузоштам. Чунин вохӯриҳо аз сар то по хеле ҷиддӣ ва пур аз баҳсу мунозира мегузаштанд.
Бемуҳобот гуфтан мумкин аст, ки ҳамон солҳо танҳо дар ноҳияи мо «Овози тоҷик» чанд ҳазор муштарӣ дошт. Рӯзнома ҳафтае панҷ маротиба нашр мешуд ва хаткашони деҳ бо халтаи пури рӯзнома чанд бор аз як маҳалла ба маҳаллаи дигар даромада, шумораи ҳамонрӯзаро ба муштариён дастрас менамуд. Як қисми одамон рӯзномаро дар кӯча ҳадаҳа кушода, ба хабару мақолаҳои он чашм медавониданд ва баъд ба хондани ягон маводи мавриди таваҷҷуҳ машғул мешуданд. Ин манзара солҳои дароз давом кард.
Боре иттифоқ афтод, ки перомуни камбудиҳо дар шуъбаи ба номи Максим Горкии совхози «Сӯх», ки дар тасарруфи ноҳияи Риштон буд, мақолаи танқидӣ навишта, дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» нашр кардам. Чӣ мегӯед, ки директори хоҷагӣ Муҳиддин Юнусов маро дар шафати кӯчаи калони назди ҳавлиамон дида, мошинро фавран нигаҳ дошт ва сарашро аз дари нимкушода берун карда:
– Ҳой бачаи Мӯъминҷон, мегӯянд, ки ту нависанда шудаӣ ва совхозамонро дар газет танқид ҳам мекунӣ. Ҳамту? Ин чӣ гапу чӣ кори кардагиат-а? Наход як даҳон напурсида, ба ҳамин кор даст занӣ, мову мардуми як шуъбаи калонро зери хиҷолат мононӣ. Дигар ин кора такрор накун! Фаҳмидӣ? – гуфту бо ҷаҳл ба ронанда бо имои даст амр кард, ки зудтар мошинро ба ҳаракат дарорад.
Мошин дар як лаҳза аз назар нопадид шуд. Чанд нафар аз ҳамдеҳагон ин ҳолро дида, бо ҳайрат ба ман менигаристанд. Шояд гумон мекарданд, ки аво Муҳиддин Юнус (ҳама ӯро чунин ном мебурданд) маро ба идорааш даъват карда, сахт танбеҳ хоҳад дод. Аммо ин тавр нашуд. Аз рӯи шунидаам, ҷонишини вай – Нарзиддин Ғаниев «Мақолаи Камолиддин Азизов ба баъзе мутасаддиёне тааллуқ дорад, ки дар таъмини хӯроки гарм барои коргарони яке аз бригадаҳои шуъбаи ба номи Максим Горкий бемасъулиятӣ ва саҳлангорӣ зоҳир кардаанд. Дар мақола дар бораи шумо, яъне директори совхоз ягон ҷумла гуфта нашудааст» гӯён, ҷони маро низ халос кардааст. 
Дар ҳақиқат, Муҳиддин Юнусов хеле одами бадҷаҳл буд ва аксарияти кормандони хоҷагӣ аз сояаш меҳаросиданд. Замона-дия, на мисли ҳоло, ки мардум ҳаққу ҳуқуқи худро хеле хуб медонанд ва намегузоранд, ки ягон роҳбар ба шахсияти онҳо расад ва иззати нафсашонро зери суол қарор диҳад.
Гуфтаниам, ки як мақолачаи хурди рӯзнома сару садои гуногунро дар ҷомеа ба бор овард ва боиси гуфтугузорҳои зиёд гардид. Аммо имрӯз мақомот ба мақолаҳои танқидӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, муҳокимаи одамон ё ташкилоте, ки мавриди интиқод қарор гирифтааст, ҳаргиз сурат намегирад. Дар натиҷа, таъсиргузории рӯзнома намемонад ва сафи муштариёни онро низ коҳиш медиҳад. Умедворам, ки ҳар як матлаби интишоршудаи рӯзнома хонданбоб ва боиси ҷалби ҳарчи бештари муштариён гардад.  
Ҷашни 100-солагии «Овози тоҷик» наздик мешавад. Ман ба сифати як муштарии доимӣ ба он умри бардавом мехоҳам. Аз мардуми тоҷики кишвар, хосатан аҳли зиёву маърифат даъват мекунам, ки ин рӯзномаро дар ҳар ҳолату вазъият дастгирӣ кунанд ва барои пурмуҳтаво баромадани он низ ҳиссаи худро гузоранд.

Камолиддин АЗИЗОВ,
узви Иттиҳоди 
журналистони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: