КИШВАРЕ, КИ ДӮСТИРО ТАРАННУМ МЕСОЗАД

Мувофиқи қарори Сарассамблеяи СММ шурӯъ аз соли 1997 ҳар сол 16 ноябр чун Рӯзи кушодадилии байналхалқӣ таҷлил мегардад.

Мувофиқи қарори Сарассамблеяи СММ шурӯъ аз соли 1997 ҳар сол 16 ноябр чун Рӯзи кушодадилии байналхалқӣ таҷлил мегардад. 
Дар Ӯзбекистон низ гузарондани ин сана ба анъана даромадааст. Имрӯз ҷаҳо-ниён Ӯзбекистонро ба сифати мамлакате, ки дар худ намунаҳои кушодадилӣ, дӯстиву ҳамҷиҳатиро муҷассам намудааст, эътироф менамоянд. Ба ин муносибат бо ташаббуси Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва алоқаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирон ва ташкилотҳои ҳамкор – Кумитаи доир ба корҳои дин, Академияи байналхалқии ислом, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, адлия, маданият, таълими олӣ, Академияи бадеии Ӯзбекистон аз 15 то 21 ноябр гузарондани «Ҳафтаи кушодадилӣ» ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми ҳафта чорабиниҳои маънавию маърифатӣ, илмиву амалӣ ва фарҳангӣ баргузор мегарданд. 
Дар чаҳорчӯбаи барнома дар Маркази матбуоти миллӣ нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Ходимони масъули вазорату идораҳо, раисон ва фаъолони марказҳои миллӣ-мадании ҷумҳурӣ, намояндагони конфессияҳои динӣ иштирокдорони чорабинӣ буданд. Дар толори бино марказҳои миллӣ-мадании тоҷик, қазоқ, туркман ва қирғиз либосу осори ҳунармандии миллии худро намоиш доданд. 
Чорабиниро ҷонишини раиси кумитаи мазкур Азамат Тошев ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки бо ташаббуси роҳбари давлат ба дӯстиву бародарӣ, кушодадилӣ, ҳамҷиҳатии миллатҳо дар мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ҷавонро дар рӯҳи инсон-дӯстӣ, ватанпарварӣ ва фаромӯш накардани арзишу анъанаҳои миллӣ тарбия менамояд. Инчунин аз рӯйи корҳое, ки дар ин муддат аз ҷониби кумита ба амал татбиқ гардидаанд, ҳисобот дода шуд.
– Дар кишвари ободу озод, дар фазои дӯстиву якдилӣ ва ҳамҷиҳатӣ ҳаёт ба сар бурда истодаем, ки ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки ҳукумати кишвар ба забон, миллат, урфу одат, арзиш ва анъанаҳои миллии миллатҳои мухталифи Ӯзбекистон ғамхорӣ менамояд. Дур намеравем, ҳамсояам тоҷик, завҷааш ӯзбек, арӯсонаш яке қазоқ, дуюмӣ ӯзбек. Фарзандону набераҳоямон баробари забони модарӣ, забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳоро меомӯзанд. Яъне, дар мамлакати мо муҳити созгори дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, омӯхтани забонҳои мухталиф ҳукмфармост. Баргузор намудани чорабиниҳои «Се насл – се авлод», гузарондани кинофестивали байналхалқӣ, рӯзҳои адабиёт ва санъат гувоҳи ин гуфтаҳоянд, –  гуфт дар баромади худ раиси Маркази миллӣ-мадании қазоқони ҷумҳурӣ Серикбай Усенов.
Таъкид гардид, ки дар доираи «Ҳафтаи кушодадилӣ» чорабиниҳои маънавӣ-маърифатӣ, намоиши фотосуратҳо, шаби шеър, таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон диёри кушодадилӣ», «Кишваре, ки дӯстиро тараннум менамояд», «Кушодадилии динӣ ва ҳамҷиҳатии миллатҳо – гарави барқарории ҷамъият», «Китоб моро муттаҳид месозад», «Ҷамъияти дӯстӣ: дирӯз ва имрӯз»  баргузор мегарданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: