ШАХСОНИ ҶИНОЯТСОДИРКАРДА БА ВОСИТАИ НИЗОМИ ИДЕНТИФИКАТСИЯ МУАЙЯН КАРДА МЕШАВАНД

Исботи гунаҳкории шахс барои содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок татбиқи васеи равишҳои навоваронаро дар соҳаи экспертизаи криминалистӣ талаб мекунад.

Дар ин росто, қабули қарори Сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳо оид ба боз ҳам такмил додани фаъолияти экспертию криминалистии мақомоти корҳои дохилӣ бо васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илми муосир» ба баланд бардоштани самаранокии низом хидмат мекунад. 
Дар соҳа криминалистикаи рақамӣ ба таври васеъ ҷорӣ карда мешавад. Ин соҳаи экспертизаи судӣ мебошад, ки ба муайянкунӣ, ҷустуҷӯ, коркард, таҳлил ва ҳисобот оиди маълумот, ки  дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешаванд, нигаронда шудааст.
Вобаста ба ин, вазорати корҳои дохилӣ ба таъмини кормандони соҳаи экспертизаи криминалистӣ бо воситаҳои муосири техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
На танҳо вазорати корҳои дохилӣ, балки кормандони гурӯҳҳои экспертӣ-криминалистии марказҳои экспертӣ-криминалистии тамоми минтақаҳо бо ҷомадонҳои замонавии «криминалистӣ» таъмин карда шудаанд.
Ин ба ходимон имкон медиҳад, ки ҷиноятро дар ҷойи ҳодиса ошкор созанд, тавассути аломат ва изи ангуштонашон маълумот дар бораи гунаҳкорро зуд муайян кунанд. 
Шаҳрванди Андиҷон Е.С. ба рақами «102»-и мақомоти корҳои дохилӣ занг зада, хабар медиҳад, ки шахси номаълум аз мошини «Cobalt»-и ӯ ҷиҳози арзишаш 2 миллиону 150 000 сӯминаро пинҳонӣ ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шахси номаълуме, ки дар наворҳои аз хотираи камераи назорати видеоии ҷойи ҳодиса гирифташуда тавассути «Низоми идентификатсиякунии шахс»-и маркази экспертию криминалистии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Андиҷон тафтиш карда шуд. Баъдан  муқаррар карда шуд, ки ин шаҳрванд Ф.С. дар ноҳияи Андиҷон сабти ном шудааст. Дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи дахлдори Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Шаҳрванди дигаре ба хадамоти «102» муроҷиат карда, хабар додааст, ки ҳангоми дар мағозаи худаш хидмат расондан ба харидорон шахсони номаълум аз ҷайби курткааш 3,5 миллион сӯмро дуздидаанд.
Зимни кофтуков ва тафтиши фаврӣ тасвири сабти видеоии камераи назоратии дар мағоза насбшуда тавассути «Низоми индентификатсияи шахс» санҷида шуд. Сипас маълум шуд, ки нафари ҷинояти дуздиро содиркарда сокини шаҳри Андиҷон М.А. будааст.
Пули дуздидашуда аз шаҳрванд М.А. бо иштироки шахсони беғараз бо тартиб додани баённома гирифта шуд.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тибқи банди «а» қисми 2-юми моддаи  169-уми Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Норгул АБДУРИМОВА, мухбири ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: