«БАЧАИ ҲАЗОРСОЛА»

Узви шӯрои Академияи бадеии Ӯзбекистон, фотограф Борис Недосеков намоишгоҳи шахсии худро ба ҳукми тамошобинон ҳавола намуд.

Дар он табиат ва манзараҳои Исроил, ёдгориҳои меъморӣ, шаҳр ва биноҳои замонавӣ, тарзи зиндагии мардуми онро муаллиф моҳирона ба тасвир кашидааст. Муаллиф доир ба «Бачаи ҳазорсола» ном гирифтани намоишгоҳи худ чунин мегӯяд: »Соли 1948 Исроил мақоми давлатиро гирифт, яъне чун кӯдаки навроҳгард қадами аввалинро гузошт. Аммо, дар асл, ин замин ва мардуми ин кишвар соҳиби таърихи бойи ҳазорсолаҳо мебошад. Ибораи «Бачаи ҳазорсола», яъне давлати куҳан ва навро ифода мекунад. Лавҳаҳои ин намоишгоҳ аксҳои саёҳати ман ба ин давлат буда, бо фотоаппарати худ баъзе ҷойҳои ба диққат сазовори ин шаҳри куҳанро аккосӣ намудам».
Муаллиф соли 1974 ба дунё омадааст. Касби муҳандиси радиоалоқа, гуфторҳои радио ва телевизионро интихоб намудааст. Солҳои тӯлонӣ дар телевидение фаъолият бурд, аз ин боис дар ӯ ба фотография шавқи зиёд пайдо шуд. Корҳои эҷодии ӯ дар матбуот ва интернет рӯйи чопро диданд. Соли 2012 «Паррандаҳои Ӯзбекистон» ном китоб-фотоалбоми ӯ чоп шудааст. Дар экспозитсия «Кӯчаи беҳтарини Исроил», «Хонаи оддӣ», «Бахт – тарзи ҳаёти солим», «Кӯдакон бо падару модар», «Хонаи шаҳри порсӣ», «Худатро шинос», «Хонаи куҳнаи Тел-Авив»,»Қабристони яҳудиён дар пастхамиҳои кӯҳи Зайтун» барин фотолавҳаҳои муаллиф ҷой гирифтаанд ва бешак, диққати тамошобинро ба худ ҷалб месозанд.  

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.                   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: