БО ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҲАМ СУХАНГУСТАРАНД

Донистани забонҳои зиёд хуб аст.

 Дар ҳама ҷо бо намояндагони миллатҳои гуногун муошират карда метавонӣ. Ин ҳол дар он вақт хуш аст, ки агар ҳар кас нахуст забони модарии худро бо ҳама нозукиҳояш хуб аз бар намуда бошад, дилпазир сухан карда тавонад. На монанди одамоне бошад, ки забони модарии хешро батамом фаромӯш сохтааст. 
Дар гузашта баъзе аз шоиру нависандагонамон бештар бар он мекӯшиданд, ки бо ду забон (форс-тоҷикӣ ва гоҳо туркӣ) баробар эҷод кунанд. Аз ин рӯ, ин қабил шоирон номи зуллисонайнро гирифтаанд.
Ҳоло ҳам дар мактабҳое, ки таълим ба забони тоҷикист, донишомӯзон бо забони давлатӣ бемалол ҳарф мезананд, бо ҳамдигар бемалол гуфтугӯ карда метавонанд.  Бархе аз онҳо дар озмунҳои фаннӣ аз рӯйи забони давлатӣ иштирок намуда, ҳатто ҷойҳои сазоворро соҳиб мегарданд.
– Аз сабаби фаро расидани озмун аз рӯйи ин фан мо муваққаттан корҳои  омодагиро ба  озмунҳои шеърхонӣ, маҳфилҳои дигар қатъ намудем, – мегӯяд китобдори мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 46-уми ноҳияи Фориш Холбой Шомуродов. – Зеро аз мактаб се нафар хонанда дар ин озмуни фаннӣ ширкат хоҳанд кард.
Дарвоқеъ, боз як нафар хонандаи ҳамин мактаб Ганҷина Гулмуродова бо сарпарастии китобдор ба якчанд озмуни шеърхонӣ наворҳои қироати шеърро пешниҳод карда буд. Ин дафъа аз рӯйи шеър – манзумаи «Ӯхм – деҳаи ободам»-и узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, зодаи Ӯхм Муҳаммад Акаҷонов навореро боз ба озмуни навбатӣ пешниҳод кард.
Муҳаммад Акаҷонов муаллифи чандин дафтари шеърист. Ӯ муҳассили факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Ҳамчунин Донишгоҳи иқтисодиёти Тошкандро хонда ба итмом расонидааст. Дар Садорати гумруки вилоят кор карда, ба нафақа баромадааст. Аз айёми мактабхонӣ ба шеъру шоирӣ шавқу завқ дошт. Асосан бо забони ӯзбекӣ эҷод мекунад. Вақтҳои охир ягон-ягон бо тоҷикӣ ҳам қалам меронад.
Ба наздикӣ барои як силсила шеърҳояш аз ҷониби Қазоқистон бо нишони сарисинагии ба номи «Аҳмад Яссавӣ» сарфароз карда шуд.
– Ашъори дар мавзӯъҳои сайёҳӣ, сӯфизм, ротибаҳои адабӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ интишоркардаамро таҳлил ва баррасӣ намуда, бахши вилояти туркистонии Бунёди байналхалқии «Қӯш қанот»-и Қазоқистон маро бо ин мукофот сарафроз гардонд, – мегӯяд Муҳаммад Акаҷонов.

Анорбой НАЗАРОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: