НУҚТАИ РУШДИ ТИҶОРАТ, Ё ХУД ПЕШРАФТИ ОНРО ЧӢ ГУНА МЕТАВОН ТЕЗОНИД

Алҳол рушди иқтисодиро наметавон бидуни фаъолияти соҳибкорӣ тасаввур кард.

 Ҳама аз соҳибони оила то тоҷирони калон дар рушди иқтисодии мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсолот, хидматрасонӣ, содирот дар ин ё он самт саҳми худро мегузоранд. Бинобар ҳамин ҳам ба намояндагони соҳаи тиҷорат шароити зарурӣ ва имкониятҳо барои фаъолияти озод пешниҳод мегардад.

Давроне буд, ки ба тадбиркорон чун ба шахсоне, ки ҳаракати ғайриқонунӣ содир кардаанд, аз пардохти андоз сар тофтаанд, назар медӯхтанд. Давроне буд, ки намояндагони доираҳои корчаллон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул будани худро пинҳон медоштанд.
Муболиға намешавад, агар гӯем, ки дар Ӯзбекистони Нав муҳити воқеии тиҷорат ва нуфузи соҳибкори ҳақиқӣ ташаккул ёфт. Зеро ҳоли ҳозир соҳибкорӣ ин муҳаррики иқтисодиёт буда, вакилони соҳа қаҳрамонони замони худ гардиданд. Кор бобати куллан беҳ сохтани муҳити тиҷоратӣ аз байн бардоштани монеаҳои бюрократӣ, рушди тадбиркорӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани намояндагони тиҷорат, таъмин сохтани шуғл дар муҳлати кӯтоҳ натиҷаҳои худро доданд. Аз ҷумла, мувофиқи қонун, фармон ва қарорҳое, ки дар соҳа қабул гардиданд, тадбирҳои расмикунонии иҷозатномаҳо содатар, муҳлати онҳо кӯтоҳтар карда шуданд.
Ба санҷишҳои аз ҳад зиёд ва маҳдудиятҳои бисёр барои пули нақд, асъор ва мол хотима гузошта шуд. Дар натиҷа миқдори шаҳрвандоне, ки дар мамлакат мехоҳанд соҳибкор бошанд, меафзояд. Баробари рушди соҳа сол аз сол шаҳрвандоне зиёд мегарданд, ки ҷанбаҳои мухталифи онро бо суръати баланд аз худ менамоянд. Ҳатто дар як маҳалла ҳоло якчанд соҳибкор амал менамояд. Аз ин он санад шаҳодат медиҳад, ки танҳо соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ миқдори корхонаҳои кучак ба 40 ҳазор афзуд, корхонаҳои миёна 2 ҳазор адад зиёд шуда, ба 10 ҳазор расид.
Баробари ин ҳанӯз камбудӣ ва душвориҳои муайяне ҷой доранд. Соҳаи тадбиркорӣ самти бузург аст, аз ин рӯ, мушкилот низ ба миён меоянд.
Мулоқоти ошкорои роҳбари давлат бо намояндагони доираҳои корчаллон, ки тӯли се соли охир ҳар сол гузаронида мешавад, анъанавӣ гардид, он барои ҳаллу фасли масъалаҳои бамиёномада такони бузург мебахшад.
Президенти мамлакат дар доираи мулоқоти ошкоро ҳар сол як қатор ташаббусҳои навро, ки ба ҷиҳатҳои зикршуда тааллуқ доранд, пеш мегузорад. Аз ҷумла, соли 2021-ум дар мулоқоти ошкоро 57 ташаббус, соли 2022-юм бошад, 55 ташаббус пеш гузошта шуда буданд. Дар натиҷа барои пешбурди тиҷорат имтиёз ва сабукиҳои муайяне пешниҳод мегарданд. Чунончи, дар пояи таклифҳои соли гузаштаина субъектҳои хоҷагидорӣ ба табақаҳои кучак, хурд, миёна ва бузург тақсим гардида, бо онҳо корҳои дахлдор ба роҳ монда шуданд. Муҳлати бозгардонии андоз ба арзиши иловагӣ кутоҳ гардид ва дар натиҷа соли гузашта ба шаш ҳазор корхона 20 триллион сӯм бозгардонда шуд.
Соли равон мо шоҳиди вохӯрии навбатии сарвари давлат бо соҳибкорон дар шакли мулоқоти ошкоро гардидем, ки он эътимод, ҷасорат ва рағбати иштирокдоронро зиёд намуд. Хурсандиовар аст, ки сафи вакилони соҳаи тиҷорат меафзояд. Аксарияти онҳо низ дар ҷараёни дохил кардани таклифҳое, ки мувофиқи таҳлили соли 2023-юм ҳадди аксар ба баррасии муаммои шахсӣ не, тавре ки дар давраи гузашта буд, балки ба мушкилоти соҳа нигаронида шудаанд, фаъолона иштирок карданд.
Минбаъд барои дастгирии соҳибкороне, ки мехоҳанд аз тиҷорати хурд ба тиҷорати миёна гузаранд, муносибати нав ҷорӣ  мегардад. Ҳам фаъолияти бунёдҳои мавҷуда бинобар дастгирии тиҷорат ва ҳам тарзи кори онҳо куллан тағйир ёфт. Ғайр аз ин, низоми ипотекаи саноатӣ таъсис дода шуд: барои соҳибкорон бунёд кардани майдони истеҳсолӣ дар шакли тиҷорати тайёр ба нақша гирифта шудааст. Барои ин дар ҳар кадом воҳа ташкил намудани на камтар аз се минтақаи саноатӣ пешбинӣ мегардад, ки дар ҳудуди онҳо иншооти истеҳсолӣ сохта, ба хусусикунонии қитъаи заминҳо пас аз иҷрои ӯҳдадориҳои сармоявӣ рухсат дода мешавад. Ба шарофати пурра татбиқ намудани таклиф ва ташаббусҳои ҳаммонанд сафи соҳибкорон беш аз пеш зиёд мегардад.
Ташаббус ва суханони роҳбари давлат ба дастгирии ҷомеаи тиҷоратии ватанӣ бо мақсади ба мардуми ҷӯёву кушо табдил додани намояндагони он нигаронида шудаанд.
Суханони Президент: «Тадбиркорон ҳамеша дар мамлакат нируи бузург буданд. Мо дар Ӯзбекистон барои рушди иқтисодиёт, ташкил намудани ҷойҳои корӣ, коҳиш додани нодорӣ ва ободонии маҳаллаҳо чораҳои зарурӣ меандешем. Ба ин кӣ саҳми бузург гузошта метавонад? Соҳибкорон! Ҳар кадоми шумо қаҳрамонед. Мо бо шумо ифтихор мекунем», умед ва эътимодро ба фардо беш аз пеш мустаҳкам карданд.
Мулоқоти ошкоро, ки дар мамлакат бори сеюм гузаронида шуд, барои намояндагони тиҷорати хурд, соҳибкорони хусусӣ имконияти хубест баҳри вусъат ва инкишоф додани фаъолияташон. Ин имконият эҳсоси дахлдории онҳоро ба рушди муттасили давлат зиёд мекунад, барои кори софдилона ва эътимод ба неруи худ  ва худ асос мегардад.

Қаҳрамон ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: