КОРРУПСИЯ РОҲ – СӮЙИ ҲАЛОКАТ

Дар вазъияте, ки арзишҳои демократӣ дар ҷамъият ҷойгоҳи худро пайдо мекунанд, ҷиноятҳое мисли порахӯрӣ, сӯиистифода аз мансаб, ба мақсади сарват ҷамъ кардан даст ба дасти ҳам додани мансабдорон сабаби беобрӯ гардидани ҳокимият, суст шудани пояҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва эътирози мардум ба ҳокимияти дарамалбуда мегардад.

Доман паҳн кардани коррупсия дар ин ё он мамлакат ба таназзули давлат замина мегузорад. 
Бояд гуфт, ки ин ҳодисаи номатлуб дар ҳамаи кишварҳо, сарфи назар аз калонию хурдиашон, ба назар мерасад. Ҳарчанд барои решакан кардани ин иллат аз ҷониби аҳли ҷомеаи ҷаҳон чораҳо андешида мешаванд, вале ин иллат “зиндагиаш”-ро давом медиҳад.
Коррупсия як навъи ҷиноятест, ки дар ин ҳолат мансабдор аз  мансабаш ба мақсадҳои шахсӣ сӯиистифода мекунад. Фаъолияти иқтисодии хуфиёна низ ба коррупсия дохил мешавад. Дар ин ҳолат мансабдорон даст ба дасти ҳам дода, бар хилофи қонун, бо роҳи назарфиребӣ бойигарӣ ҷамъ мекунанд, як қисми маблағи аз кисаи буҷет баромадаро ба кисаи худ меандозанд.
Ба амал татбиқ намудани назорати пурзӯри ҷамъиятӣ аз болои мақомоти ҳокимияти давлатӣ яке аз шартҳои муҳимтарини барпо намудани ҷамъияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Агар шаҳрвандон ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ бефарқ набошанд, мансабдорон амиқ ҳис кунанд, ки кору фаъолияти онҳо зери назорат аст, пояҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ устувор мегардад.
Ба қавли роҳбари давлатамон, мо функсияи назорати давлатиро ҳар қадар пурзӯр,  мақомот ва сохтори назоратиро ҳар қадар зиёд кунем, каҷравию зӯроварии амалдорон ва коррупсия ба он андоза авҷ мегирад. Биноан, мо бояд  назорати ҷамъиятиро ҳам аз болои фаъолияти давлатӣ ва ҳам аз болои фаъолияти сохтори қудратии он пурзӯр намоем.
Умуман, муроҷиати институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ пеш аз қабул кардани қарорҳои муайян, ба амал татбиқ намудани пурсишномаҳо аз рӯйи масъалаҳое, ки ба ваколати ҳокимияти давлатӣ дохил мешавад, шунидани ҳисоботи роҳбарони корхонаву ташкилотҳое, ки дар ҳудуди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллаҳо фаъолият доранд, самара дода истодаанд.
Имрӯз дар мамлакатамон ба мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, барҳам додани ҳолатҳои коррупсионӣ дар ҳамаи соҳаҳои сохтори давлатию ҷамъиятӣ ислоҳоти васеъмиқёс ба амал татбиқ карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар соҳаи таъминоти нафақа низ дар роҳи мубориза бар зидди коррупсия чораҳо андешида мешаванд. Бояд таъкид кард, ки солҳои охир дар ин соҳа чанд ҳуҷҷати меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Роҳбари давлатамон ба масъалаи коррупсия эътибори алоҳида медиҳад. Бояд эътироф намоем, ки пешниҳоди ӯ – “эмкунии ҷамъият бо ваксинаи ҳалолӣ” қобили қабул аст.  
Ба мақсади дастгирии ташаббуси роҳбари мамлакат оиди мубориза бар зидди коррупсия дар сохтори Бунёди нафақаи ғайрибуҷавии назди Вазорати молия барои ҷоннок кардани ин ҳаракат, яъне мубориза бар зидди коррупсия, чораҳои маҷмӯӣ ба амал татбиқ карда мешаванд. Тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таъин кардани нафақаи давлатӣ ба шаҳрвандон, ташкили маблағгузорӣ ва пардохтҳо, ҷорӣ кардани мониторинг бино ба татбиқи дурусти пардохт аз вазифаҳои асосии Бунёди нафақа ба шумор меравад. Дар роҳи татбиқи ин вазифаҳо мо бояд ба коррупсия роҳ надиҳем. Ба ин мақсад дар сохтори Бунёди нафақаи ғайрибуҷавии назди Вазорати молия аз 20 октябр то 20 ноябри соли равон “Моҳонаи мубориза бар зидди коррупсия” эълон карда шуд. Дар ин ҷараён ходимони сохтор бо ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ такрор шинос шуданд, бандҳои он шарҳ дода шуд. Дар ин кор тартиб додани саволҳои озмоишӣ низ кумак кард. Дар назар дошта шудааст, ки якҷо бо шуъбаҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияҳо ва ходимони дин семинар-тренингҳо ташкил дода мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби идораҳои ҳудудӣ дар Бунёди нафақаи ҳамаи ноҳияҳо ташкили чорабинии “Муроҷиати асроромез” дар назар аст.
Бо вуҷуди гузарондани чорабиниҳои зарурӣ дар бахши мубориза бар зидди коррупсия, дар соли равон низ дар соҳа ҳодисаҳои нохуш рӯй доданд. Ҳаёт тақозо менамояд, ки мо барои бартараф намудани ин ҳолати нохуш, ки давлат ва ҷамъиятро ба ҷарии ҳалокат мебарад, муборизаро бар зидди коррупсия пурзӯр намоем. Ба ҳар як ходим фаҳмонем, ки пеш аз ба коррупсия даст задан, падару модар ва зану фарзандашро пеши назар орад.

М. МУРОДОВА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, роҳбари Бунёди нафақаи ғайрибуҷавии назди Вазорати молияи ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: