ҚИБЛАИ УМЕДВОРОН

(Ба муносибати 70-солагии Ғафурҷон Маҳмудов)

Дар зиндагӣ инсонҳои маърифатпарвар, дилёбу дарёдил ҳастанд, ки бо кору рафтори нек дар байни мардум эҳтироми хоса пайдо кардаанд. Яке аз чунин инсонҳо шодравон Ғафурҷон Маҳмудов буд, ки шоҳроҳи ҳаёти ӯ барои насли наврас мактаби ибрат аст. 
Аксар дар ёд доранд, замоне рӯзномаи «Овози Самарқанд», ки бо талоши равшанфикрони самарқандӣ рӯйи чопро дида буд, дар дами вомонӣ аз фаъолият қарор дошт. Яке аз муаллифони доимӣ ва ҳомии беғарази рӯзнома Ғафурҷон Маҳмудов буд, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд кор мекард. Ӯро ҷонишини ҳокими вилоят Холмуҳаммад Нуриллоев (рӯҳаш шод бод!) наздаш хонд ва: 
– Бародари азиз, ман эҷодкор ва ташкилотчии хуб будани шуморо медонам. Маҳз бо ташаббуси шумо нуфузи факултаи филологияи тоҷик афзуд. Акнун барои миллату забони модарӣ боз як хизмат мекунед. Мо бо машварат қарор додем, ки шуморо ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» муҳаррир таъин кунем. Пешакӣ мегӯям, ки барои таҳааммулу андеша фурсат нест. Зеро хатари баста шудани минбари тоҷикони Самарқанд ҳаст. Охир, ин нашрия бо талоши зиёди аҳли фарҳанг ба дунё омада буд, – гуфт ва ба гирдоби хаёл афтодани мусоҳибашро пайхас карда, илова намуд:
– Мо тамошобин намешавем. Албатта, кӯмак мекунем. Фақат розигии шумо лозим.
Воқеан, ҳангоми муҳаррир таъин шудани Ғафурҷон рӯзнома ҳамагӣ 300 нусха чоп мешуд. Кадрҳо намерасиданд, шароити кор беҳбудиро тақозо мекард.
Боре ӯ баъди сармуҳаррир таъин шудан ҳавлии мо омад. Ҳолпурсӣ карда, ба мақсад гузашт:
– Ман ҳайрон, садоятон ба гӯш мерасаду аз худатон дарак нест. Хатту хабарҳо бо имзои мубораки «Зодаҷон» (вай ба ман навозишомез чунин муроҷиат мекард) чоп мешаванд, лекин шуморо намебинам, – бо завқ гуфт Ғафурҷон ва бо оҳанги амр илова кард:
– Канӣ, сару либосро пӯшед, дафтару қаламро гиред. Шуморо кор дар идораи рӯзнома интизор.
– Ҳазлу шӯхӣ чӣ лозим, – аз таклифи ғайричашмдошт ба ҳайрат афтодам. – Охир хабаратон ҳаст, ки ин ҷониб дар «рӯихати сиёҳ» қарор дорам. Ана барои ҳамин хонашин. Мақоли «сайди рамида аз дом, ба дона кай шавад ром»-ро нашунидаед? Сонӣ, дил дасторхон нест, ки дар пеши ҳар кас паҳн кунӣ.
– Аз ҳама гапу кор хабардорам, – вай маро самимона ба оғӯш кашид. – Ба гузашта салавот. Қадри зар, заргар бидонад. Ақли солим, забони гӯё ва қалами бурро доред. Ҳар ду дар бораи устод Холиқ Мирзозода матолиби хуб навишта будем. Иншооллоҳ, ҳамкорӣ идома меёбад, мақолаҳои нағзу хонданӣ менависем. Балогардон – худам!
Ҳамин тавр, бо дастгирӣ ва ғамхории Ғафурҷон Маҳмудов дари матбуот боз бароям кушода шуд. Дар идораи рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳамчун мудири шуъбаи маънавият фаъолияти журналистиро идома додам. 
Муҳаррири навовар Ғ. Маҳмудов ҳамкорону шогирдонро пайваста ба ояндаи нек, амалӣ гардидани ниятҳои наҷибаш дилпур ва даъват мекард. Бинобар ин ҳам ҳама як дилу як ҷон шуда, дасти якдигар гирифтанд ва аз пайи сармуҳаррир рафта, барои беҳбуди фаъолияти “Овози Самарқанд” кӯшиш ба харҷ доданд.
Ғафурҷон дар рӯзнома Шӯрои мушовирон ва собиқадоронро ташкил кард. Бо такя ва таҷрибаи фарзандони фарзонаи Самарқанд – Қаҳрамони Ӯзбекистон Мирумар Асадов, академик Ботурхон Валихӯҷаев, адибону шоирони номдор Болта Ортиқов, Салим Кенҷа, Адаш Истад, доктори фанҳои тиб Матлаб Самеъбоев, Бобоқул Рустамов, Аълочии таълими халқ Насимхон Маҳмудов ва дигарон нуфузу шуҳрати «Овоз»-ро афзунтар сохт. Журналисти бебоку ҳақталаб, устод Акбар Усмонов роҳбари шӯро буд ва барои афзудани теъдоди рӯзнома саҳми арзанда мегузошт.
Баъди як-ду сол теъдоди он бамаротиб афзуд. 
Бо вуҷуди ин, ҳеҷ кас аз «калон»-ҳо ба масъалаи мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникии таҳририят аҳамият намедод. Дар яке аз ҷамъомадҳое, ки ҳокими вилоят садри маҷлис буд, мо бо муҳаррир ширкат доштем, ман бебокона аз ҷоям хестам ва ба минбар баромада, рӯирост муаммоҳои рӯзномаро гуфтам.
Ин рафтору гуфтори камина ба соҳиби мошин ва дигар таҷҳизоти зарурӣ шудани «Овози Самарқанд» такон бахшид.
– Бо ту будан ҳам душвор, бе ту будан ҳам, – гуфт Ғафурҷон. – Маслиҳат кардан лозим буд, Зодаҷон!
– “Оҳанро дар гармиаш кӯб», гуфтаанд, – гуфтам. – Муҳимаш масъала ба хушӣ анҷомид.
Ва ман моҳияти мақоли ӯро вақти баргузории анҷумани матбуотӣ дар Садорати адлияи вилоят шунидам. Муҳаррирон дар минбар менишастанд. Вай хомӯш, хоксорона дар поён нишаста буд. Камина аз ҷоям хестам ва пешниҳод намудам, ки муҳаррири «Овози Самарқанд» низ аз минбар ҷой гирад. Зеро ӯ депутати Шӯрои намояндагони халқи вилоят, номзади фанҳои филологӣ, муаллифи як қатор китобҳои илмию адабӣ аст. Сипас, ӯро ҳам ба садр таклиф карданд.
Сухани муҳаррир ва депутат Ғафурҷон Маҳмудов қадр дошт, амалаш ба қавлаш мувофиқ буд, аз ин рӯ дар байни мардум эҳтиром пайдо карда, бо чанд мукофоти давлатӣ сарфароз гардид. Аз ҳама муҳимаш, барои пешрафти фаъолияти мактабҳои тоҷикӣ, дастрас кардани китобҳои дарсӣ ва илмию услубӣ ба боргоҳҳои таълимӣ саҳм гузошт, худаш чанд китоб навишт. Мутаассифона, бинобар зарбаи сахти беадолатӣ беихтиёр «меҳмон»-и бемористон шуд. Рӯзе ба аёдаташ рафтем. Ҳамсари меҳрубону фарзандони ғамхор дар атрофаш парвона буданд. Аз омадани мо хурсанд шуд. Тасаллӣ дода, дуо кардем, ки зуд сиҳҳат ёбаду ба кор баргардад. Сад дареғ, ки баъди ду рӯзи ин аёдат дили пурмеҳри дӯстам аз тапидан бозмонд. Гарчанд аз байн беш аз даҳ сол сипарӣ гашт, ҳар сол дар рӯзи мавлудаш – 17-уми ноябр – ба хонаводааш меравам ва бо писаронаш Азизҷону Акбарҷон ӯро ёд, китоби хотираҳоро варақгардон  мекунем. 
Рафтию талоши рӯҳу ҷонат боқист, 
Ёди ту чу нури хонадонат боқист. 
Хуб мебуд, агар ягон кӯча дар маркази ноҳия ё зодгоҳаш – деҳаи Талибарзу бо исму насаби ин марди фарҳангдӯсту бедордил номгузорӣ мешуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: