ОЯНДАИ МО ДАР ДАСТИ ҶАВОНОНИ АЗ НИГОҲИ МАЪНАВӢ КОМИЛ, ДОРОИ НИРӮ ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАЛАНД МЕБОШАД

Тарбия кардани ҷавонони дорои илму навгониҳои замонавӣ ва бо мақсаду серғайрат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ӯзбекистони нав ба шумор меравад.

Тарбия кардани ҷавонони дорои илму навгониҳои замонавӣ ва бо мақсаду серғайрат аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Ӯзбекистони нав ба шумор меравад. Бинобар он ки пешрафти ҳар як мамлакатро ҷавонони донишманду соҳибхирад таъмин мекунанд, тарбия ва таълим додани ҷавонони соҳибмаълумот сиёсати аввалиндараҷаи давлати мо маҳсуб меёбад. Дар тамоми минтақаҳои кишвар мактабҳои президентӣ ва маърифатгоҳҳои  тахассусӣ ташкил ёфтаанд, ки дар онҳо дониш ва салоҳияти ҷавонон муайян карда мешаванд ва ба самтҳои дурусти ҳаёт раҳнамун мегарданд.
Роҳбари давлат ҷавонони соҳибмаълумотро «фонди тиллоӣ»-и мамлакат номида буд. Соли равон насли нави чунин ҷавонон мактабҳоро хатм карданд. Барои онҳоро дар мамлакат хонондан ва шароитҳои замонавиро барояшон фароҳам овардан бо ташаббуси Президенти мамлакат донишгоҳи «Ӯзбекистони нав» ташкил гардид, ки орзуи деринаи бисёр ҷавонони кишвар буд.
Ба қарибӣ роҳбари мамлакат бо ҷараёни таълими донишгоҳи «Ӯзбекистони нав» шинос шуда, бобати ба дараҷаи меъёрҳои байналхалқӣ ташкил кардани низоми қабул ва ҷараёни таълими он, қаробати фан, таълим ва истеҳсолотро самарабахш ба роҳ мондан таклифҳо пешниҳод намуд.
– Донишҷӯёни донишгоҳ аз соли аввали хониш бояд ба шабакаҳои иқтисодӣ ва марказҳои илмӣ вобаста карда шаванд. Бояд вазоратҳо, донишкадаҳои бонуфуз ва ширкатҳои бузург ба шӯрои парасторони донишгоҳ дохил карда шаванд. Онҳо бояд эҳтиёҷҳои худро маълум кунанд, барои пешрафти ҷараёни таълим, баҳри пешакӣ таъмин кардани мутахассисони оянда сармоягузорӣ намоянд, – гуфт Президент.
Бояд гуфт, ин донишгоҳ, ки дар шакли муассисаи давлатии таълими олӣ ташкил мегардад, дар пояи барномаҳои таълимии мактабҳои бонуфузи олии хориҷӣ кадрҳои соҳибилм ва соҳибтаҷрибаро тайёр намояд. Зеро ҷараёни нави таълим дар донишгоҳи нав дар ҳамкорӣ бо мактабҳои бонуфузи олии дунё ба роҳ монда мешавад. 
Ҳоли ҳозир беш аз нисфи аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо ба нирӯе табдил меёбанд, ки ояндаи Ватан, имрӯзу фардои онро ба зиммаи худ мегиранд. Аз ин рӯ мо бояд ба таълими ҷавонон, соҳиби донишҳо ва ҷаҳонбинии нав шудани онҳо, бахусус, пешрафти касбӣ, эҷодӣ ва хидматӣ гардиданашон имкониятҳои зарурӣ, шароитҳои мусоидро фароҳам оварем.
Ҳизби ӮзЛиДеП ҷонибдори соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ шудани ҷавонон, дар ҳар як ҳудуд фароҳам овардани ҷиҳатҳои махсус, бозори меҳнат, самарабахш ҳаллу фасл кардани масъалаҳои вобаста ба касбу кор ба шумор меравад. Ҳизб дар ин бобат баҳри сарҷамъ сохтани кадрҳои даврони нав корҳои фаъолонаро ба роҳ мондааст. Зеро ояндаи мо дар дасти ҷавононест, ки аз ҷиҳати маънавӣ комил, дорои нирӯ ва имкониятҳои баланд мебошад.
Агар бо як сухан гӯем, ба шарофати ислоҳоти соҳаи таълим духтарону писарони мо дар озмунҳои байналхалқӣ, олимпиадаҳои фаннӣ бомуваффақият иштирок карда, шарафи Ватанамонро ба тарзи муносиб ҳифз мекунанд. Шубҳае нест, ки донишгоҳи навтаъсис ҳам барои тайёр кардани кадрҳои ояндаашон хуб хидмат хоҳад кард.

Абдулло РӮЗМЕТОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви фраксияи ӮзЛиДеП.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: