Дар арафаи Рӯзи муҳофизони Ватан ният доштам, ки ба мавзеи Боғи туркони ноҳияи Рометан рафта, бо собиқадори меҳнати ақибгоҳ Ҷалол Ғайбуллоеви 93-сола вохӯрам.
Замоне дар шафати Боғи туркони Қӯрғони Рометан, ки он ҷо зиёратгоҳҳои Хоҷаи Азизон – Хоҷаалии Рометанӣ ва Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ (аз силсилаи «Ҳафт пир») воқеъ гаштаанд, сето мактаби миёнаи таҳсилоти умумии тоҷикӣ фаъолият доштанд. Банда ҳар сол ин ҷо якчанд бор омада, бо омӯзгорон бобати обунаи «Овози тоҷик» ва масъалаҳои дигар мулоқот мекардам. Аз бозе ки дар ин ҷо таҳсил ба забони модарӣ қатъ ёфт, чун Ҳасани аробакаши Мирзо Турсунзода лозим омад, ки «маршрути хидматӣ»-ро ба ин мавзеъ маҳдуд созам. Ниҳоят, пас аз солҳои зиёд боз сӯйи ин ҳудуди дилкаш раҳсипар гардидам. Мошини сабукрави мо мавзеъҳои Вардонзе, Ҷӯинав, Талисафед, Талисанги ноҳияи Шофирконро қафо гузошта, вориди деҳи Боғи Мӯсои ноҳияи Пешкӯ шуд. Баъди расидан ба маркази ноҳия – шаҳраки Янгибозор ҳаракатро сӯйи ҷануб идома дода, ба воситаи деҳаи Афшона вориди ноҳияи Рометан гардидем. Ниҳоят баъди убури мавзеи Ҳазортут ва роҳи магистралии «Бухоро – Газлӣ» ба маҳаллаи Боғисаидон расидем. Хушбахтона, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Наврӯз Салимовро аз дафтари кориаш ёфтем. Баъди чанде суҳбати дилкаш бо ӯ ба ҳавлии Ҷалолбобо рафтем. Соҳибони хонадон моро самимона пешвоз гирифтанд. Мӯйсафед дар кулбаи худ ором мегирифт. Баъди вохӯрӣ суҳбати мо бо ӯ қӯр гирифт. Ҳарчанд чашмони бобо чизеро намедид, хотирааш қавӣ буд. Мо ӯро бо Иди ҳимоятгарони Ватан муборакбод намудем. Вай хушҳолона сар ҷунбонд ва таъкид намуд, ки дирӯз ба ин муносибат корманди масъули Маъмурияти Президент – Умед Яъқубов, ҳокими ноҳия Умедҷон Барноев, мудири Қабулхонаи халқии ноҳия Ғанӣ Муяссаров, мудири шуъбаи дифои ноҳия Мансур Ӯроқов бо туҳфаҳо омада, ӯро муборакбод намудаанд. Ҷалолбобо барои қадршиносӣ сарвари давлатро дуо кард. Мизбонон чой ва лаълии шириниҳо оварданд. Мӯйсафед пурсишҳои моро шунида, як лаҳза хомӯш монд. Вай гӯё лаҳзаҳои муҳими рӯзгори пурмашаққати умри худро ба хотир меовард.
– Давраи бачагии мо ба солҳои ҷанги хонумонсӯз рост омад, – ниҳоят гуфт вай. – Вақте ки Ҷанги дуюми ҷаҳон сар шуд, ман дар синфи дуюми мактаби чорсолаи деҳа таҳсил мегирифтам. Саҳарӣ гӯсфанд мечарондам, пас ба мактаб рафта, баъди дарс дар колхоз кор мекардам. Ҳарчанд ки қадам паст буд, бо ҷуфти гов замин мерондам, гандум мекоридем. Кори мо дар саҳро то фуромадани пардаи торикӣ давом мекард. Бо чашмони пурхоб ба дарс рафта, аз омӯзгор таъна мешунидем. То синфи IV дар ҳамин ҷо, то синфи VII панҷ километр роҳ тай намуда, дар Боғи туркон дарс меомӯхтем. Азбаски ҳусни хати зебо доштам, қарорҳои мактабро ба ман менависонданд. Чи хеле ки гуфтам пас аз дарсҳо говбонӣ, аробакашӣ, обронӣ мекардам. Ҳамаи мардон ба фронт рафта, дар колхоз наврасону занон, солхӯрдагон кор мекарданд. Қувваи корӣ намерасид, мӯйсафедони аз дасташон кор меомадагӣ ором намегирифтанд.
– Соли 1954 дар маркази Рометан мактаби миёнаи ба номи Сталинро хатм кардам. Он гоҳ бачагони пешкӯию ҷондорӣ ҳам, ба ин ягона мактаби миёнаи ҳудуд омада, таълим мегирифтанд. Чанде пас ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Дар Белорусия мактаби сержантиро хатм намуда, дар қисми ҳарбии сарҳадии назди Полша хидмат кардам, – гуфт бобо ва дар бораи воқеаҳои фаромӯшнашавандаи он давра нақл намуд.
Ҷ. Ғайбуллоев соли 1958 аз хидмати ҳарбӣ баргашта, дар мактаби деҳа котиб, мудири хоҷагӣ, муаллими меҳнат буд, ба наврасон касби дуредгариро омӯхт. Вай солҳои минбаъда дар хоҷагии давлатии «50-солагии октябр» чун мудири хоҷагии шуъба, посбон фаъолият нишон дода, ба нафақа баромадааст. Ҷалолбобо соҳиби чор духтару се писар, 83 набераю абера ва ду чабера мебошад. Онҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ҳамчун падару бобо баҳри халқу Ватан хидмати содиқона мекунанд.
– Оё шумо Нарзуллоҷон Нуриддинови кӯҳнадӯзро аз Боғи туркон медонед?
– Ҳамон Нарзуллоҷоне, ки аз шаҳри Бухоро омадаанд?
– Оре.
– Бобои кӯҳнадӯз ва навдӯз Нарзуллоҷон дар сари кӯчаи мо зиндагӣ мекарданд. Писарашон Зайниддин бо писари амаки сартарошам Абдулло дар як синф хондааст. Магазине, ки дар сари роҳ дидед, ҷойи хонаи Нарзуллоҷон буд...
– Агар бемалол бошад, дар бораи он кас ҳикоя мекардед, – хоҳиш кардам аз мӯйсафед.
– Мо бача будем (соли таваллудам 1931), мегуфтанд, ки домулло Нарзуллоҷон солҳои гуруснагӣ аз шаҳр ин ҷо омадааст. Дар назди хонаи Нарзуллоҷон пахтаи тарро хушк мекарданд. Он ҷо мактаб буд. Ҳоло онҳоро ғалтондаанд. Он гоҳ замини киштукори оилавии мову усто Нарзуллоҷон дар як ҷо буд. Баъзан ҳангоми обёрӣ ба онҳо кумак мерасондам. Нарзуллоҷон муллои зӯр буданд. Дар ин гирду атроф мисли он кас одами илмноку маълумотнок набуд. Мегуфтанд, ки аз шаҳри Бухоро одамони пешқадам, соҳибилм, муллоҳои калон наздашон меомаданд. Ба мо – бачагон бисёр насиҳат мекарданд, шеъру ривоятҳо мегуфтанд. Дар деҳа ва гирду атрофи он маъракаҳои «Хатми Қуръон» таҳти роҳбарии он кас мегузаштанд. Солҳои зиёд дар колхоз тракторчигӣ карда, баъд ба фронт рафтанд. Дар ҷанг аз як пояшон ҷудо шуда омаданд. Бекор наменишастанд. Дар қитъаи наздиҳавлиашон, ки беэътибор мондаву алафи бегона зер карда буд, сахт меҳнат карда бо деҳқонӣ машғул мешуданд. Ҳарчанд як пояшон набуд, барои солимии бадан пӯсти буз ё гӯсфандро ба шалворашон дӯхта, рӯйи замин нишаста, бо каланди кӯтоҳдаста хок нарм мекарданд. Баъд болои он нурии чорво партофта об медоданд. Дар натиҷа зироати фаровон: сабзию пиёз, картошка ва ғайра мерӯёнданд. Азбаски он солҳо қиматӣ буд, ҳеҷ кас пойафзори нав пӯшида наметавонист. Одамон мӯзаю маҳсиҳои дарида, абгоршударо ба усто Нарзуллоҷон оварда, баъди таъмир «дастатон ҳаргиз дард набинад», гӯён дуояш мекарданд. Аҷибаш он буд, ки корафтодагон аз дуру наздик Нарзуллоҷонро пурсида меомаданд. Зеро мӯза ё маҳсӣ медарид, аммо ҷойи дарбеҳкарда ё дӯхтаи усто не.
Нарзуллоҷон шогирдони муносиб низ доштанд. Яке аз онҳо усто Раҳим буд. Вай сонитар Мағфират ном ҷияни усто (духтари амакаш Аслиддин)-ро гирифта, ба ӯ домод шуд, – нақлашро идома дод пирамард.
Ба қарибӣ фарзандону набераи домулло Нарзуллоҷон аз шаҳри Бухоро ин ҷо омада буданд. Онҳо низ ин хотираҳоро шунида, хурсанд шуда рафтанд. Набераи Нарзуллоҷон пайрави бобо – олими калон будаанд.
– Дуруст гуфтед, Комилҷон Раҳимов олими матншинос, исломшиноси маъруф.
– Барака ёбад, мисли бобояш инсони хушгуфтор ва хоксор будааст. Азбаски бача будему ба бисёр чиз ақламон намерасид, ҳангоми ин ҷо буданашон аз илми он кас табъи дил баҳраманд шуда натавонистем. Қадри он касро баъди ба шаҳр рафтанашон донистем. Ҷойи он кас то ҳол холист..., – мегӯяд мӯйсафед.
Хушбахтона, замон дигар шуд, орзую умедҳои мардум рӯйи об баромада, барои илму ҳунар омӯхтани ҷавонон имкониятҳои бемисл фароҳам омаданд. Қадру қимати инсон дар мамлакати мо баланд шуд. Худои меҳрубон осоиштагии моро аз чашми бад нигаҳ дорад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.