Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҳайати Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ мулоқот баргузор гардид

28 феврали соли 2024 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Музаффар Мадрахимов ва Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ (ММДПОМ) Каха Имнадзе баргузор гардид.

Ҳолати кунунии ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва Маркази минтақавӣ ва самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар ояндаи наздик мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба татбиқи муштараки лоиҳаҳое, ки ба таъмини суботу амният дар минтақа, муқовимат ба оқибатҳои манфии чолишҳои экологӣ, инчунин таҳкими иқтидори нақлиётию транзитӣ ва логистикии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.

Ҳамчунин ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои дарпешистода баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: