Бонки аврупоии таҷдид ва тушд (БАТР) ба ширкати "Uzbek Leasing International" дар чаҳорчӯби барномаи “Зан дар тиҷорат" дар Осиёи Марказӣ (CA WiB) 6 миллион доллар қарз ҷудо кард.
Дар ин бора хидмати матбуоти ширкат хабар дод.
Ин барнома ба иштироки фаъолонаи занон дар соҳибкорӣ, мусоидат ба баробарии гендерӣ дар дастрасӣ ба молия ва шуғл мусоидат хоҳад кард. Ҳар як иштирокчии лоиҳаи тиҷоратии занон метавонад то 1 миллион евро маблағ гиранд.
Барои маълумот, БАТР яке аз муассисони ширкати Uzbek Leasing International буд ва муддати тӯлонӣ онро дастгирӣ мекард. Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ, БАТР ба маблағи умумии 12 миллион доллар қарз ҷудо кардааст, аз ҷумла маблағгузорӣ ба лоиҳаҳо оид ба самаранокии энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ӯзбекистон. Илова бар ин, бонк ба ширкат оид ба таҳлили қарзҳо, идоракунии хавфҳо ва пеш бурдани муҳосибӣ кумаки техникӣ расонд.