АЗ КУРУД ТО АҚСОИ ҶАҲОН

Ёд дорам, ягон чоряк аср қабл аз ин устод Ҷӯрабек Муродов вақтҳои ба Тошканд омадан аз шиносу дӯстон хоҳиш мекарданд, ки портретҳои мақомхонони барҷастаро барои пайдо кардан кумак расонанд, зеро мақсад доранд, ки дар Ҳуҷанд бахшида ба шашмақом ва шашмақомхонон осорхонае ташкил намоянд.

 Аз байн солҳои дароз гузашт ва хабар надоштем, ки тақдири он музей чӣ шуд.

Аммо чанд сол қабл аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои гуногун хабарҳое пахш шуданд, ки ҳамчунин музей дар маркази вилояти Суғд таъсис гаштааст. Қасди дидани онро, ки доштам, зимни сафари ин вилоят ба он сар задам. 
Музей, ки дар маркази шаҳр, онсутар аз театри номдори Камоли Хуҷандӣ, дар кӯчаи Фирдавсӣ ҷойгир гардидааст, пайдо карданаш ҳам осон гардид. Дар бинои «Маркази мусиқӣ» як қисмаш ба ихтиёри музей дода шудааст, ки дар даромадгоҳаш лавҳаи «Муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» насб карда шудааст. 
Дар ин иморати дуошёна – дар ошёнаи аввал мудирияту маъмурият ва дар ошёнаи дуюм худи осорхона ҷойгир шудааст. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё ин толорҳо ҳамаи он ашёву аснод ва дастгоҳҳои мусиқӣ ва аксҳоро дар худ ғунҷонда наметавонад ва аз ин боис хеле зич ва ба ҳам наздик гузошта шудаанд.
Аз нигоҳи аввал дарк мегардад, ки сайри ҳунар ва парвози ҳофизи номдор дар ақсои ҷаҳон аз деҳаи хурди худ – Куруди Фалғар дар водии Зарафшони Тоҷикистон то қитъаҳои дуродур доман густурдааст. Аз нишонаҳои намоиши ҳунари тоҷик дар Шарқи Дур – Ҷопони офтоббаро то кишварҳои ғарбии Канадаву Амрико маълум мегардад, ки овозаву шӯҳрати Ҳофизи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ошнои қалбҳои ҳаводорони ҳунари асил будааст. Асноду ашёҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки устоди ҳунар ба ҳар гуна кишвару қитъа чун қосиди санъат ва сулҳ рафта, аз он ҷойҳо низ бо дасти холӣ барнагаштааст. Дар як гӯшаи осорхона тӯҳфаи Раҷ Капури афсонавӣ – сетори маъруфи ҳиндӣ, дар шафати он думбураву тор ва дутор аз Самарқанду Шаҳрисабз. Пӯшида нест, ки устод Ҷӯрабек Муродов ҳеч гоҳ робитаи худро бо ҷумҳурии мо накандааст ва дар асл миллионҳо нафар ҳаводорон низ доранд. Гузашта аз ин суҳбату мулоқотҳо бо аҳли ҳунари Ӯзбекистон дар тӯли даҳсолаҳо – дар ин ангораву аксҳо ва ҳадяҳо низ ифода ёфтаанд.
Аз роҳи тӯлонии ҳунарии устод – бештар аз 60 сол, ин осорхона ҳамагӣ «муште аз хирвор» мебошад, зеро сафару мулоқот ва ҳамкориҳои эҷодӣ бо бузургони давр – устодон Мирзо Турсунзода, Шароф Рашидов, Боймуҳаммад Ниёзов, Фахриддин Умаров, Лоиқ Шералӣ... худ як мактабу дунёст, ки ифодаву гуфтанаш ҷилдҳои китоб мегардад. 
Дар омади гап бояд гуфт, ки устоди ҳунар порсол синни ҳаштодро пур карда, мисли анъана он бо намоиши барномаи нави консертии соҳибҷашн истиқбол гардид. Ҳоло, ки устоди устодони ҳунари тоҷик 81-умин баҳори умри бобаракати худро пешвоз гирифта, миллионҳо алоқамандони санъати худро дар сарзамину қитъаҳои гуногун ҳанӯз ҳам бо садои соҳир ва ҳунари воло шод мегардонад, зодрӯзашонро табрик мегӯем. 

Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».
ш. ХУҶАНД, 
ТОҶИКИСТОН.
Суратгир: муалли
ф. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: