ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА ХУРРАМСОЗӢ

Одатан мавсими киштукор ва ниҳолшинонӣ-хуррамсозии гирду атроф дар аввалбаҳор ва охири зимистон ба амал бароварда мешавад.

Саҳл кам ду сол қабл – ноябри соли 2021 роҳбари давлати мо баҳри амалӣ гардидани боз як падидаи нек – сабз гардондани ҳар гӯшаи ин сарзамин ташаббус нишон дода ва ба Барномаи умумимиллии «Макони сабз» асос гузошта буд. Инак,лоиҳаи ҳар сол шинондани 200 миллион бех ниҳолу бутта (тирамоҳ-85 млн. бех ва баҳор – 125 млн.) ба амал татбиқ мегардад. Зимни ҷамъомаде, ки таҳти раисии Президент ба наздикӣ доир гашт, боз ин масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Навъе таъкид ёфт, дар давоми ду соли охир бештар аз 1,2 ҳазор гектар майдони собиқа бекорхобида ба боғ ва паркҳои ҷамоатӣ табдил ёфт. Ҳудудҳои сабз бошанд бештар аз 1 миллион гектарро фаро гирифтанд. Аз ҳама муҳимтараш дар ҷамъият муносибат ба модар-табиат, ки ҳамеша ба парваришу навозиш ниёз дорад, тағйир ёфт. Ба кадом як маъно одамон ба ниҳолҳо тавре ба тифл нигоҳубин мекунанд, нигоҳубин мекардагӣ шуданд. Дар корҳои сабзу хуррамсозӣ баробари кормандону хидматгузорони идораҳои ободгардонӣ фаъолони маҳаллаҳо ва роҳбарони дараҷаҳои гуногун, арбобони ҷамоатӣ, собиқадорон – нурониён, санъаткорону варзишгарон, омӯзгорону толибони илм фаъолона иштирок карданд, гуфта шуд дар ҷамъомад.
Мавсими ниҳолшинонӣ аз 25 октябр то 1 декабр идома хоҳад кард. Ба он эътибор дода мешавад, ки мардуми аз ҳафт то ҳафтодсола ба ин гуна корҳои хайру савоб боз ҳам некбинона нигаранд, ба ниҳолшинонию хуррамгардонии гирду атроф мазмуну моҳияти тоза бахшанд. Барои боз ҳам ҷонноксозии ҳаракатҳое, ки ду сол боз самара мебахшанд ва ба симои шаҳру деҳот дигаргунӣ мебахшанд, Штаби ҷумҳуриявӣ ташкил мегардад. Масъулони Академияи фанҳо, институтҳои ҷангалпарварӣ, роҳбарони хоҷагиҳои ҷангал низ узви ин штаб қарор хоҳанд гирифт. Таҳлилу тадқиқи таркиби хок, бо ба ҳисоб гирифтани иқлим ва шароити маҳал ба куҷо ва кай нишондани ниҳолҳоро штаб муайян мекунад. Омодагӣ ба мавсим, ҷараёни ниҳолнишонӣ, чӣ тавр пеш рафтани корҳои хуррамсозӣ тавассути радио ва телевизионҳои маҳаллӣ равшан карда мешавад.
Дар амалӣ гардондани Барномаи умумимиллӣ, мутаассифона, баъзе норасоиҳо низ ба чашм расиданд. Қисмате аз ниҳолҳо бинобар дар ҷойҳои лалмӣ шинонда шудан ва сари вақт обёрӣ надидан хушк шуданд. Нафақат меҳнат барбод рафт, айни замон ниҳолакон вубол гаштанд. Аз хушкшавии ниҳолҳои бе парваришмонда коҳидани табъҳо як ҳолати табиист. Ҷуз ин маълум гашт гоҳо ниҳолҳо нодуруст интихоб карда шуда ва ба муҳити маҳал созгор нестанд. Изофанависӣ дар ниҳолшинонӣ низ фош гардид. Чунончи, як қатор норасоиҳо дар ин хусусро Сарпрокуратура дида баромад. Маълум шуд худи ҳамин сол бинобар дар ҷойҳои обёринашаванда шинонда шудан дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҷамъ 333,1 ҳазор бех ниҳол нобуд шуд. Ҷамъ 136,1 ҳазор ниҳол, ки дар асл шинонда нашудаанд, ба ҳисобот дароварда шуданд ва ҳоказо. Тақрибан 30 фоизи ниҳолҳои нишондашуда аз ҷониби хидмати ободонии ноҳияи Оҳангарони вилояти Тошканд бинобар беобӣ ва бе парвариш мондан хушк шуданд. Ин гуна ҳолатҳо дар вилояти Сирдарё низ ба чашм расид, ки боиси ташвишу нигаронист. Онҳое, ки дар амалисозии лоиҳаи «Макони сабз» бемасъулиятӣ кардаанд, ба ҷазо кашида шуданд.     
Роҳбари давлатамон гуфт хатоҳои пештара набояд такрор шаванд. 
Акнун канори роҳҳои автомобилӣ ва роҳҳои оҳан, соҳили дарёву рӯдҳо, ки бекор хобидаанд, ба соҳибкорон ба тариқи иҷора супурда мешавад. Барои он ки шавқу рағбати аҳолӣ ва соҳибони кор ба ниҳолшинонӣ ва хуррамсозӣ зиёд карда шавад, чораҳо андешида мешавад.
Ҳамаи кор, албатта, ба маблағ вобаста. Баъд аз ин маблағҳои корҳои ҷамоатии Вазорати шуғл ба худи маҳаллаҳо равона карда мешавад. Ба корҳои дарахтнишонӣ, чорабиниҳое, ки ба ободонию хуррамгардонӣ нигаронда шудаанд, он маблағҳо сарф хоҳанд гашт.
Агентии хоҷагии ҷангал яке аз масъулони амалигардии иқдоми накӯст. Он вазифадор шудааст ба ҳар як маҳалла 200 бехӣ ниҳолро ройгон тақдим намояд. Ҷуз ин ҳар як ҳокими вилоят ба маҳаллаҳои қаламрави хеш расонда додани ҷамъ 300 ҳазор бех ниҳолро ба ӯҳда гирифтааст.
Дар баробари масъулону мутахассисон аҳолие, ки ба ин кор банд аст, бояд донад, ки кадом ниҳол ба кадом иқлим хосу мос ва дар куҷо нағз месабзад. Хуб мешавад акнун интихобкунии ниҳолҳо бо маслиҳат ба роҳ гузошта шаванд. Ғайр аз ин ба ҳисоб гирифтани маслиҳати мӯйсафедони рӯзгордида, ки таҷрибаи чандинсола доранд, аз манфиат холӣ нест.
Ба нақша даромадааст хоҷагиҳои ҷангал бо нишондани боз 5 миллион дона ниҳолу бутта бой гарданд. Атрофи партовхонаҳо низ намуди дигар гиранд, ба ҳудудҳои корхонаҳои калони саноатӣ «тасмаи сабз» зебоии дигар бахшад. Майдонҳои киштро, айни замон, дарахтони сарсабз иҳота намоянд. Дар ҳудуди шифохонаву муассисаҳои таълимӣ, баробари ин, ниҳолҳои нав худнамоӣ хоҳанд кард. 
Масъалаву муаммои баҳри Арал ба ҳамаамон маълум. Яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи экологӣ ва ҳифзи ин қаламрав – барпо сохтани боғот дар ҷойҳои хушкшудаи баҳр. Сабзгардонӣ дар масоҳати 100 ҳазор гектар умед аст дар наҷоти баҳри Арал нақши муҳим бозад.
Муҳимтарин вазифа дар ин самт беҳтарнамоии парвариши ҳудудҳои сабз. Бо ин мақсад масъалаи такмил додани фаъолияти зершуъбаҳои идороти ободгардонӣ дида баромада мешавад. Ҷуз ин бобати ба сектори хусусӣ супоридани хидматҳои ободгардонии шаҳру ноҳияҳо чораҳо андешида мешаванд. Ҳамон сектор дар корҳои хуррамсозии кӯчаву гузар ва майдонҳои холӣ иштирок карда метавонад, ки дар озмунҳо ғолиб омадааст.
Президент дар ҷамъомад таъкид карда буд, ки ҳар ниҳол ва ҳар гӯшаи сабз бояд соҳиб дошта бошад. Ба ин маънӣ суханон дар вохӯрии ӯ бо як гурӯҳ сокинони маҳаллаҳои Оқтеппа ва «Боғзор»-и ноҳияи Чилонзори пойтахт аз нав гуфта шуданд. Зимнан, вай дар маросими хуррамсозии гирду атрофи манзилҳои истиқоматии ин мавзеъҳо ширкат ҷуста, ба мавсими нави «Макони сабз» шахсан старт бахшид. Вай гуфт агар ҳар хонадон як дарахт сабз кунад, диёрамон хеле хуррам хоҳад гашт. Касе  ниҳол шинонд ва онро ба воя расонад, як умр бо ифтихор «ин дарахти ман» гуфта метавонад.

М. ШОДИЕВ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: