ҲАВОДОРӢ КУН АЗ «ОВОЗИ ТОҶИК»!

ПАЙМОН

Дар ин аҳде, ки шуд, носози тоҷик,
Ҷуз аз тоҷик ку, дамсози тоҷик?
Чӣ ҷӯйӣ сози ҷӯри сози тоҷик,
Навои ҳамнафас, ҳамрози тоҷик?
Ало, халқи Худоэъзози тоҷик,
Ҳаводорӣ кун аз «Овози тоҷик»!

Замоне буд ғамхораш ту будӣ,
Ҳабибу ёвару ёраш ту будӣ,
Ба нархи ҷон харидораш ту будӣ,
Ягона ҳофизи ораш ту будӣ,
Ало, халқи ҳамийятнози тоҷик,
Ҳаводорӣ кун аз «Овози тоҷик»!

Ту бо чун Айнӣ сарбозони орат,
Накӯфарзандҳои посдорат,
Забони хешу фарҳанги диёрат,
Иморат кардаӣ дар он, иморат,
Ало, халқи Масеҳэъҷози тоҷик,
Ҳаводорӣ кун аз «Овози тоҷик»!

Варо аз ҳеҷ чизе сохтӣ ту,
Кутуби пандхезе сохтӣ ту,
Анисеву азизе сохтӣ ту,
Ки ойини тамизе сохтӣ ту,
Ало, халқи гуҳарпардози тоҷик,
Ҳаводорӣ кун аз «Овози тоҷик»!

Мабод, имрӯз бепарвош бошӣ,
Барӣ аз бешу аз камҳош бошӣ,
Тиҳӣ аз ҳолу аз авзош бошӣ,
Бурун аз дарду аз ғамҳош бошӣ,
Ало, халқи хираданбози тоҷик,
Ҳаводорӣ кун аз «Овози тоҷик»!

Дар ин бедавлатӣ давлат нигаҳ дор,
Тариқу мазҳабу суннат нигаҳ дор,
Равои асли худ ҳиммат нигаҳ дор,
Ту ин шаҳномаи миллат нигаҳ дор,
Ало, халқи дари дил бози тоҷик,
Ҳаводорӣ кун аз «Овози тоҷик»!

Шабу рӯзон дуоят мекунам боз,
Дуоятро ба ғоят мекунам боз,
Худафрӯзӣ бароят мекунам боз,
Зи ҷону дил нидоят мекунам боз:
– Ало, халқи баландовози тоҷик,
Ҳаводорӣ кун аз «Овози тоҷик»!

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: