ФАРҒОНИҲО ДАР СИРДАРЁ, КИ АЗ АВВАЛА ОБОДТАР МЕШАВАД

Ба сел ва обхезиҳо одат кардаем, вале оғози моҳи май фалокате, ки дар Сардоба рӯй дод, ногаҳонӣ буд.

Ба сел ва обхезиҳо одат кардаем, вале оғози моҳи май фалокате, ки дар Сардоба рӯй дод, ногаҳонӣ буд. Инак, эътибори тамоми мамлакат ба он ҷалб ва намояндагон аз ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ баҳри бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба сирдарёиён дасти мадад дароз менамоянд.
Як замонҳо фарғониҳо, аз ҷумла сӯхиён ва риштониҳо дар азхудкунӣ ва ба киштзору гулистон табдилсозии заминҳои бекорхобидаи Мирзочӯл ба дигарон намуна гашта буданд. Меҳнат аҳолии аз ноҳия ва маҳалҳои гуногун дар Мирзочӯл ғуншударо муттаҳид кард. Якҷо камари ҳиммат бастанҳо дар ҳудуде, ки пештар чӯлистон буд, шаҳри гулободе барпо ва ба он Гулистон ном ниҳоданд, ки маркази маъмурии вилояти Сирдарё қарор гирифт.
Чанд сол пеш дар Гулистон будам ва дар кӯчаю хиёбонҳои гулпӯши он худро воқеан дар гулистон тасаввур намудам. Намояндагони миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд дар ин шаҳр. Аксарият зода ва парвардаи минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ. Қисме аз бобо ва падарҳое, ки фотеҳони заминҳои нав ва навкорам буданд, ҳамон ҷо муқим шудаанд. Ҳоло авлоди онҳо дар Сирдарё таваллуд ва худро сирдарёӣ меҳисобанд. Аммо аслан куҷоӣ будани падару бобоҳоро фаромӯш наменамоянд. Баробари Сирдарё ба минтақаҳое ҳам, ки хуни аҷдод рехта, дар дил меҳр доранд. Пайвандҳои он ҷо мондаро хабар гирифта ва рӯҳи ниёгон шод мекунанд.
Дар шаҳри Гулистон ба мӯйсафеде, ки аслан олтиариқӣ будааст, ҳамсуҳбат шудам. Вақте куҷоӣ буданамро пурсид ва чун донист сӯхиам, ба лабонаш табассум дамид: «ҳамшаҳр будаем, додарҷон».
Гуфт, ки фарғониёни дар Сирдарё монда хеле зиёд ва якдигарро «ҳамшаҳр» шумурда, оқибатро канда намекунанд. Афсӯс, сафи онҳое, ки дар бачагӣ ҳамроҳ бо падару бобоҳо дар ободию хуррамсозии ин мулк меҳнат мекарданд, торафт кам мешаванд. Ба вафоти яке аз қаҳрамонҳои ҷанги ҷаҳонӣ, зодаи деҳаи Тӯли ноҳияи Сӯх Солеҳҷон Олимов, ки ифтихори тамоми фарғониён низ ба ҳисоб мерафт, айни замон, чанд сол гузашт. Солеҳҷонака дар майдони меҳнат, кушодани заминҳои нав ва обёрии онҳо дар қаламрав ва умуман ободонии Сирдарё худро нишон дод – қаҳрамони ҷанг ба маънои ҳақиқӣ қаҳрамони арсаи меҳнат низ буд. Дар корҳои роҳбарӣ ва ташкилотчигӣ ҳам  қобилияти фавқулодда зоҳир намуд, то дараҷаи раиси комиҷроияи вилояти Сирдарё расид. Дар тарбияи кадрҳои роҳбарикунандаи салоҳиятнок низ ҳисса гузошт. Ҷавононе, ки тарбияаш гирифтанд, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сарбаландона меҳнат ва дар сабзиши иқтисодии вилоят саҳми муносиб гузоштанд. Дар манзиле, ки як вақтҳо Солеҳҷон Олимов зиста буд, ҳоло хона-музейи ӯ ташкил шудааст, корномаҳои ҷангию меҳнатии фидокоронамон асло фаромӯш намешавад, таъкид сохт мӯйсафед дар фуроварди сухан.
Корҳои барқарорсозӣ баъди офати Сардоба, бунёдгарӣ ва ободгардониҳо дар Сирдарё ҷӯш мезананд. Соли равон дар доираи барномаи ҳудудӣ амалӣ гардонидани 33 лоиҳа ба нақша даромадааст, ки арзиши умумиаш 2 триллион сӯм мебошад. Минтақаи озоди иқтисодии Сирдарё ба маънои воқеӣ майдони меҳнат. Корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маводи сохтмон махсусонда шудаанд, сермаҳсул кор мекунанд. Яке аз ин гуна иттиҳодияҳои навташкил таҳти ҳамдастӣ бо коршиносони турк асосан омехтаи хушки сохтмон бароварда, маҳсулот ҳамин ҷо ба халтаҳо ҷойгир ва ба анборҳо тавассути технологияи замонавӣ фиристода мешавад. Бо ба кор андохта шудани он 50 ҷои нави корӣ ташкил карда шуд. Корхона рӯзе то 100 тонна сементи хушсифат мебарорад. Ашёи хом аз чанде вилоятҳои ҳамсоя оварда шуда, дар навбати худ маҳсулоти тайёр дар 32 навъ ба ҷойҳои даркорӣ фиристода мешавад. Баробари омехтаи хушк дар шакли эмотсия 10 навъ маҳсулоте, ки низ ҳамин ҷо истеҳсол мегардад, харидоргир аст. Барои дилпур шудан аз хушсифатии мавод он дар чанд зина аз санҷиш гузаронида ва дар шароити лабораторӣ ба фишор ва таъсирҳои шадид бабардоштиаш чен карда мешавад. Баробари таъмини эҳтиёҷи дохилӣ экспорти маводи сохтмон дар шаклҳои гуногун ба Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон барин кишварҳои ҳамсоя низ ба нақша даромадааст.
Дар коркарди ашёи хоми минералии маҳаллӣ ҷалбсозии сармояи хориҷӣ ва баланд бардоштани дараҷаи содироти маҳсулоти хушсифат хеле муҳим. Корхонаи навташкиле, ки зикр шуд, дар давраи навбатӣ кор карда баровардани газоблокро ба нақша даровардааст. Амалӣ гардонидани нақшаи тозаи тиҷоратӣ 15 миллиону 400 ҳазор евроро ташкил менамояд. Баҳри барпои корхонаи нав аз Минтақаи озоди иқтисодии Сирдарё 5 гектар майдон ҷудо шудааст. Ният аст дар ин ҷо соле ба ҳисоби миёна 500 ҳазор метри куб газоблок истеҳсол карда шавад, ки он дар бозори ҷаҳон 40 миллион доллар арзиш дорад. Дар 8 навъ баровардани газоблок, ки талаб ба он торафт меафзояд, дар лоиҳаи истиқболии иттиҳодияи истеҳсолӣ қайд шудааст. Дар ҷараёни кор карда баровардани газоблок назар ба хишти пухта 8 баробар гази табиӣ кам сарф мешудааст. Ҷуз ин чун хишти пухта он хоки сермаҳсул талаб намекунад. Яъне ашёи хомаш фаровон. Вазнаш низ сабук ва ба бардорумон қулай. Чаҳор ҷонибаш ҳамвор, баъди гузошта шуданаш баланду пастии девор ҳис намешавад, меҳнати андовагарону рангубормолҳо низ сабук. Назар ба ҳисобу китоби мутахассисон, ба барпои як бинои бисёрошёна аз хишти пухта 11 миллиарду 850 миллион сӯм сарф шавад, бунёди ин гуна бино аз газоблок 9 миллиарду 950 миллион сӯмро талаб менамояду халос, яъне 20 фоиз арзонтар. Соле баровардани ним миллион кубометр маҳсулот ба нақша даромадааст. 100 ҷои нави корӣ офарида мешавад. Баровардани гаҷ дар давраи сеюми лоиҳаи истиқболӣ қайд шудааст.
Эътибори рӯзномахонро боз ба Сардоба ҷалб намуданием, ки он ҷо бетанаффус корҳои барқарорсозӣ, баробари ин бунёдкориҳои тоза дар асоси шаҳрсозии замонавӣ идома мекунанд. Канали Мирзочӯли ҷанубӣ аз аввалааш чанд бор мустаҳкам ва хушнамуд барқарор мегардад. Канал дар натиҷаи фалокати технологӣ дар ҳудуди 16 километр зарари ҷиддӣ дида буд. Ноҳияҳои Сардоба, Мирзообод ва Оқолтини вилояти Сирдарё тавассути он обёрӣ мешаванд. Дар ноҳияҳои Дӯстлик, Мирзочӯл ва Арнасойи вилояти Ҷиззах низ оби он мавриди истифода аст. Ба обанбори Сардоба об ба воситаи нуқтаи марказӣ мефурояд. 65 ҳазор гектар майдон дар тарафи рост, 64 ҳазор гектар дар ҷониби чапи канал киштзорҳо обёрӣ мегарданд.
– Ба барқарорсозии канал 185 экскаватор, 62 булдозер ва боз 120 автосамосвалу техникаи дигари ёридиҳанда ҷалб шудаанд, – мегӯяд Ойбек Аҳмадҷонови фарғонӣ, ки дар Вазорати оби ҷумҳурӣ адои вазифа намуда, имрӯзҳо ба барқарорсозии канали Мирзочӯли ҷанубӣ сару бар аст. – Онҳое, ки таҳтидилона меҳнат мекунанд, намояндагон аз вилоятҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Оре, ба Мирзочӯл боз аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ қувваҳои корӣ ҷалб шудаанд. Фарғонагиён чун ҳамавақта – пешсаф. Ҳашарчиён баъди меҳнати вазнин таомҳои хушлаззат истеъмол менамоянд. Пазандаҳо асосан аз Фарғона. Дар 15 деги калон аз девзираи Чунғара ош дам карда мешавад.
Назар ба таъкиди роҳбари шуъбаи вилояти фарғонагии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Хурсаной Исломова, ба Сирдарё аз Фарғона занони соҳибкор ва ҳунарманд низ ҷалб шудаанд, ки ба занону духтарони маҳаллӣ асрори духтудӯз ва истеҳсоли матоъи миллӣ, минҷумла адрас ва атласро меомӯзонанд. Ҳамаи ин далел бар он ки дар бартарафсозии мушкилоти аҳолии азиятдида меҳр, дӯстдорӣ, дастгириҳои дӯстон ба кор омада ва риштаҳои оқибат байни Сирдарё ва Фарғона боз мустаҳкамтар мешаванд.

М.ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: