Соли 1987 мо – як гурӯҳ муаллимони мактабҳои тоҷикии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро барои такмили ихтисоси касбӣ ба Душанбешаҳр фиристоданд.
Бо муаллимони зиёди вилоятҳои Бухорову Қашқадарёву Сурхондарёи кишварамон ва вилояти Чимкенти Қазоқистон дар якҷоягӣ бо ҳамкасбони тоҷикистонӣ сабақ омӯхтем.
– Додар, аз ту як илтимос дорам, – гуфт рӯзе як муаллими солхӯрдаи тоҷикистонӣ. – Синни падарам аз 80 гузаштааст. Дина ба падарам дар бораи шумо – ҳамтаҳсилони бухороӣ гуфтам. Падарам бо ҳаяҷон гуфтанд, ки якумр дидани Бухорои Шарифро орзу мекардам, аммо ин фурсат нарасид, ҳеч набошад, бухороии аслиро бинам, писарам, ин рафиқатро ба меҳмонӣ даъват кун!
Деҳаи рафиқи навамон дар чуқурии байни ду кӯҳ ҷойгир буду аҳли он аз сабаби набудани мавҷи радио аз тамошои телевизор маҳрум будаанд. Деҳа танҳо бо воситаи газета ва радиои симин пайвастаи олами беруна будаасту халос.
Барои мо дар рӯйи ҳавлӣ дасторхони дарозу васеъ ороста буданд.
– Барои ду нафар ин қадар ташвиш, – бо ҳайрат пурсидам ман.
Вай хандиду гуфт:
– Ҳоло мебинӣ!
Дере нагузашту тамоми рӯйи суфаи сангин пури меҳмон шуд. Аҷибаш дар он буд, ки таоми назди ҳар кас ҳар хел.
– Азбаски деҳаи мо дурдасттарин деҳа дар ин куҳистон аст, меҳмонон кам меоянд ва ба хонадони касе меҳмон ояд, ҳама мехоҳад аз суҳбати ӯ баҳраманд гардида, бо хушу хурсандӣ гуселонад, — гуфт соҳибхона.
Пас аз намози хуфтан бо муллои деҳа сухан оиди «Чор китоб» ба вуқӯъ пайваст...
Солҳо паси сар шудаанду замони истиқлол расид. Он ҳангом ман донистам, ки «Чор китоб»-ро чаҳор нафар олими бухороӣ таълиф кардаанду яке аз онҳо Хоҷа Шарофиддини Бухорӣ қариб, ки ҳамдеҳаи ман будааст... Ин воқеа маро ба ваҷд овард ва ман мақолае навиштам таҳти унвони «Хоҷа Шарофиддин муаллифи «Чор китоб», ки дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп шуда буд.
Номзади улуми филология, шодравон Маҳмудҷон Қосимов баъди чанде раддияе нисбати ин мақола навиштаанду бандаро ба «тарафкашӣ» айбдор карданд.
Аммо аз байн вақти зиёде нагузашту аз деҳаи Қумбостӣ васиқае ёфт шуд ва он ҳоло низ дар дасти имом-хатиби масҷиди Хоҷа Исмати шаҳри Бухоро, ки он вақт имоми масҷиди Хоҷа Шарофиддин буд, маҳфуз аст.
Номи ӯ Эшони Салоҳиддин буда, илмҳои диниву дунявиро хуб аз бар намуда будааст.
Дар баёни шеърии китоб, ки содаву оммафаҳм аст, чунин оварда шудааст:
Ин туро ёдгор аз Шараф аст,
Номи ӯ дар ҷаҳон бар ҳар
тараф аст.
В-аз Бухорост, мавлуду насибаш,
В-аз Хуросон улуму мактасабаш...
Аз ин маълум мегардад, ки Ҳазрати Хоҷа Шарофиддини Бухорӣ фарзанди Бухоро буда, дар Хуросон илм омӯхтаасту аз сокинони деҳаи Ғуломте ва маскани абадии эшон дар қабристони Хоҷа Шарофиддин ҷойгузин шудааст.
Суоле ба миён меояд: китоби дарсии «Чор китоб» кай навишта шудааст?
Дар ин бора низ маълумотҳо мавҷуданд:
Наваду нуҳ чу рафт шашсад сол,
Аз вафоти расул то мисол,
Дар нимаи ҷимодулаввал,
Ин назм шуд мустакмал.
Пас, таълифи «Чор китоб» ба соли 1300 милодӣ рост меояд. Китоб баъди пароканда шудани Иттиҳоди Шуравӣ дар Душанбе, баъд дар Маскав ба алифбои кириллӣ рӯйи чопро дид. Аз тарафи шоири зуллисонайн Олимҷон Бӯриев ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва нашр шуд.
Номи қадимаи деҳаи Ғуломте — Хутомине буда, дар ин ҷо харобаҳои қалъаи куҳан, масҷиди ҷомеъ ва мазористони бузурге, ки макони охирини мардуми деҳаҳои гирду атрофро дар бар мегирад, воқеъ аст.
Вақте колхозҳо ташкил шуданд, ба масҷиди ҷомеи Хоҷа Шарофиддин ҷиҳози гандумордкунӣ — осиё мешинонанд. Вай каме кор мекардаасту аз ҳаракат бозмеистодааст. Механик вақте онро аз чашм мегузаронад, мебинад, ки ҳама чиз ҷо ба ҷо.
Чунин ҳолат даҳҳо маротиба такрор мешаваду охир механики рус ба раиси колхоз Самад Шарипов мегӯяд:
– Самад, рости гап масҷидат аз ҷонам сер кард. Агар дар ҷойи дигар барои осиё хона насозӣ, ман аз ин ҷо меравам...
Пас дар ҷойи дигар хона месозанду осиёро мекӯчонанд, ки вай чандин сол ба мардум хидмат кардааст.
Масҷиди ҷомеъ қадима буда, бо нақшу нигори хоса оро дода шудааст. Одамон дар болои қабри Хоҷа Шарофиддин вақте барои сохтани мақбара атрофи онро кофтанд, боқимондаҳои се изи пойдеворро диданд. Пас, муайян гашт, ки дар тӯли чандин аср борҳо инҷо мақбараҳо сохтаанду вайрон гаштаанд. Сохтҳои гуногуни давлатдорӣ хоки ин инсони бузургро борҳо безобита кардааст.
Китоби таълифкардаи вай дар тӯли асрҳо барои аҳли ислом китоби муҳиме буда, дар тарбияи наслҳо хидмати шоёне кардаасту мекунад.
Алимурод ТЕМИРОВ.
Ноҳияи Шофиркони
вилояти Бухоро.