ҚАБУЛИ САЙЁР БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ЧОР ВИЛОЯТ

Дар ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанд бо мақсади боз ҳам такмил додани сохтори кори «маҳаллабайъ» ва зудтар ҳал кардани муаммо дар ҷойҳо қабули оммавии гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барпо гардид.

Дар он раиси Суди олӣ, Сарпрокурор, вазири корҳои дохилӣ ва кумитаи андоз, роҳбарони қабулхонаҳои халқии Президент муроҷиатҳои шаҳрвандони вилоятҳои Самарқанд, Ҷиззах, Сирдарё ва Навоиро шуниданд.
Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки дар ҷойҳо гузаронидани қабул фоидае надорад ва он танҳо барои ҳуҷҷатбозиву назари халқ аст. Аммо касе, ки дар қабулҳо иштирок карда, ҷараёни онро бевосита мушоҳида мекунад, амин мегардад, ки дар асл ин тавр нест.
–Аз Навоӣ омадем, – гуфт зани 60 сола. – Шавҳарамро ноҳақ аз кор холӣ карданд.
Ин суханони занро шунида кас беихтиёр дар ҳайрат мемонад, ки чаро дар бораи вазъият ба судҳои маҳаллӣ муроҷиат накардааст.
–Кор дар кадом сатҳ омӯхта шудааст? – ба ёваронаш рӯ овард раиси Суди олӣ Бахтиёр Исломов.
–Ҳама дидаанд, – гуфт зан гӯё ҳаминро интизор бошад. – Аммо ман аз ҳукми баровардаи онҳо норозӣ ҳастам. Чанд маротиба ба қабулатон даромаданӣ шудам, аммо ҳеҷ мавридаш нашуд.
–Барои ҳамин ҳам имрӯз барои шунидани муроҷиатҳои шумо омадем, – гуфт Б. Исломов.
Зан андаке ором шуд. Танҳо худи ҳамин гап ба ӯ оромӣ бахшид. Раис ба ёваронаш супориш дод, ки ҳар кадом судҳоеро, ки муроҷиатро омӯхтаанд, даъват намоянд, то онҳо аз рӯи натиҷаҳои муроҷиат ба муроҷиаткунанда ва раис ахборот диҳанд.
–Ба қабули прокурор медароям.
Ҳама якбора сӯи соҳиби ин овоз нигаристем.
–Ман нагуфтам, ки шумо намедароед, – гуфт яке аз масъулон. – Фақат муроҷиататонро гӯш кунем, шояд барои ҳалли муаммои шумо назорати роҳбар лозим набошад. Бо ин мақсад пурсидам.
Ҳамин вақт навбати он мард омаду назди прокурор даромад. Дере нагузашта, бо як нафар ходими прокуратура берун баромад. 
– Умедам аз шумо. Ба шумоён бовар кардам, ки мушкилам осон мегардад, – гуфт бо кайфияти болида ва рафт.
2 294 масъала баррасӣ гардид.
Дар рафти қабул ба масъулони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии андоз низ муроҷиатҳои бисёр расиданд. Дар давоми қабули сайёр 2 ҳазору 294-то масъала баррасӣ гардид. 1 ҳазору 33-тои онҳо дар худи ҳамон ҷо ҳал шуда, ба 87 нафар муроҷиаткунанда маслиҳати ҳуқуқӣ доданд, 1 ҳазору 174 масъала ба назорат гирифта шуд.
Ба номи раиси суди олӣ Б. Исломов ва судяҳо 513-то муроҷиат расидааст. 244-тои онҳо ба корҳои ҷиноятӣ, 196 ба шаҳрвандӣ, ба маъмурӣ ва 33-тояш ба масъалаҳои иқтисодӣ дахл доранд. 3 миллиарду 469 миллион сӯм товони зарар рӯёнида шуд.
Зимни қабул 112 муроҷиат дар худи ҳамон ҷо ҳал шуда, ба 292-тои дигар маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуданд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Суди олӣ аризаҳо оид ба 221 шикоят ба тариқи кассатсионӣ ва такрорӣ қабул гардид. 95 нафар маҳкумшудагоне, ки ҷазои корҳои ислоҳиро адо мекунанд, дар асоси тақдимномаи пешниҳодшуда пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шуданд. Суд оид ба корҳои ҷиноӣ аз рӯи 13 парвандаи ҷиноӣ 13 нафарро аз толори суд аз маҳбас озод карда, нисбати 1 нафар бо сабаби оштӣ шудани тарафҳо парвандаи ҷиноиро қатъ кард.
Судҳои корҳои иқтисодӣ дар маҷлисҳои худ даъвоҳои соҳибкоронро ба маблағи 2 миллиарду 331 миллион сӯм қонеъ гардонд.
Инчунин, дар рафти қабул Сарпрокурори Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нигматилло Юлдошев ва органҳои прокуратура аз 353 нафар шаҳрванд бо мазмуни гуногун муроҷиат қабул карданд.
Аз рӯи масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ-124, хоҷагии қишлоқ 31-то, 57-то тафтишот, 34-то оид ба қарорҳои суд, 88-то оид ба иҷрои қарорҳои суд, 19-то оид ба масъалаҳои дигар муроҷиатҳо расиданд. 91-тои онҳо дар ҷои худ ҳаллу фасл ва ба 2-тои онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд, 260 муроҷиати дигарро барои баррасӣ қабул карданд.
Дар рафти қабул 3 миллиарду 469 миллион сӯмина товони зарар рӯёнда, ҳуқуқ ва манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи шаҳрвандон барқарор гардид.
Алалхусус, аз рӯи муроҷиати роҳбари ҶММ «Hamkor IMIDU»-и ноҳияи Шароф Рашидови вилояти Ҷиззах Э. Эшқулов оид ба руёнидани маблағи 1 миллиарду 900 миллион сӯм ҳуқуқҳои поймолшудаи соҳибкор барқарор гардида, ситонидани маблағ пурра таъмин карда шуд.
Инчунин, ситонидани қарзи алимент ба миқдори 103 миллион сӯм таъмин гардид. Ҳамон рӯз ба органҳои прокуратура ба воситаи 18 муроҷиатнома миннатдорӣ изҳор карда шуд.
Дар асоси мулоқот бо масъулони Вазорати корҳои дохилӣ 8 нафар собиқ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба кор барқарор шуда, ба 24 нафар довталабоне, ки хоҳиши дар ин соҳа кор карданро доштанд, барои иштирок ба озмуни навбатӣ рухсат дода шуд.
Умуман, ба мутасаддиёни Вазорати корҳои дохилӣ 518 муроҷиат расид. 297-тои онҳо ба таври мусбат ҳал шуда, иҷрои 221 муроҷиате, ки мӯҳлат талаб мекунад, зери назорат гирифта шудааст.
Дар давоми қабул аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ ба як гурӯҳ шарҳвандоне, ки ба дафтарҳои иҷтимоӣ сабти ном шудаанд, асбобу анҷоми рӯзгор дода шуд, ки онҳоро истифода бурда, даромад ба даст меоранд. Ба нафароне, ки ба шаҳрвандии Ӯзбекистон қабул шуданд, кортҳои ID супурданд.
Худи ҳамон рӯз ҳокими вилоят Э. Турдимов муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқиву ҷисмонии ба идораҳои мазкур дахл надоштаро қабул кард. 897 муаммо ва масъалаҳои шаҳрвандонро шунида, аз рӯи дар доираи қонун ҳал кардани онҳо ба масъулон супориш дод.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: