ЭҲТИРОМ БА БОНУВОНИ БУХОРОӢ

Боиси хурсандист, ки имрӯз на фақат дар соҳаи илм, таълим, фарҳанг, ҳифзи тандурустӣ, балки дар кулли соҳаҳо, аз ҷумла, дар мақомоти давлатию низоми идоракунӣ низ занону духтарон мавқеи муносиби худро доранд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, 
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд...

Боиси хурсандист, ки имрӯз на фақат дар соҳаи илм, таълим, фарҳанг, ҳифзи тандурустӣ, балки дар кулли соҳаҳо, аз  ҷумла, дар мақомоти давлатию низоми идоракунӣ низ занону духтарон мавқеи муносиби худро доранд. Саҳми онҳо дар соҳаи идоракунии хоҷагии халқи диёрамон 33 фоиз, дар сафи ҳизбҳои сиёсӣ 47 фоиз, байни соҳибкорон 37 фоизро ташкил мекунад. Танҳо соли гузашта дар вилояти Бухоро 91 ҳазору 598 нафар занону духтарон соҳиби кор гардиданд. 10 ҳазору 865 нафар хоҳарон дар соҳаи касбу ҳунар таҳсил гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки байни бонувони вилоят қаҳрамонони Ӯзбекистон, сенатор ва депутатҳои Олий Маҷлис фаъолият доранд.
Дар шаҳри Бухоро ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон – 8 март тадбири тантанавӣ ба амал омад. Дар он занону духтарони пешқадамтарини соҳаҳои гуногун, дар ҳаёти иҷтимоӣ фаъол, онҳое, ки баҳри ободии маҳаллаю фаровонии оилаҳо саҳми арзанда гузоштаанд, аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд. Дар ҷамъомад ҳокими вилоят Ботир Зарифов ба сухан баромада, ҷамъомадагон ва дар симои онҳо тамоми занон ва духтарони вилоятро ба муносибати ид муборакбод намуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки имсол низ чун анъана ду нафар духтарони соҳибистеъдоди вилоят: докторанти ДДБ Моҳичеҳра Пӯлодова  ва омӯзгори мактаби касбу ҳунари рақами 2-юми ноҳияи Рометан Гулнора Тӯхтамишова соҳиби Мукофоти давлатии ба номи Зулфия гардиданд.
Дар тадбир 15 нафар бонувони ибратбахши вилоят бо нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» тақдир ёфтанд.
Ҳамин тариқ, гурӯҳи фаъоли занон ва духтарон бо ифтихорнома ва  тӯҳфаҳои муносиби Кумитаи оила ва занону духтарон сарфароз гаштанд. 
Тадбир бо барномаи консертии устодони санъати вилоят ва ҳофизони хушовози эстрада поён ёфт.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: