ДОНИШГОҲ КАДРҲОИ ЗАМОНАВӢ ТАЙЁР МЕКУНАД

Дар шаҳри Тошканд бахшида ба 5-солагии таъсисёбии Донишгоҳи Пучон ва ифтитоҳи шаҳраки IT чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуд.

Донишгоҳи Пучони Тошканд бар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсиси Донишгоҳи Пучон дар шаҳри Тошканд» аз 2 июли соли 2018 таҳти рақами 3821 таъсис ёфтааст ва ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои замонавӣ, малаканок ва босалоҳият нақши муҳим мебозад.
Дар маросими тантанавӣ, ки ба ин муносибат ба вуқӯъ пайваст, вазири технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, муовини аввали вазири таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мудири Агентии таълими томактабӣ Агриппина Шин, Сафири фавқулода ва Мухтори Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ким Хи Санг, Ҳайати вакилон таҳти раёсати раиси Донишгоҳи Пучони Ҷумҳурии Куриё ҷаноби Хон, инчунин намояндагони як қатор идораҳои давлатӣ ва меҳмонони хориҷӣ ширкат карданд.
Зимни баромад ҳар як нотиқ ба унвони роҳбарият, профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Пучони Тошканд суханҳои хубу самимӣ ироа намуд. Гуфта шуд, ки ин донишгоҳ аз давраи таъсисёбии худ то кунун дар байни донишгоҳҳои давлативу хусусии Ӯзбекистон дар мавриди ба камол расонидани кадрҳо ҷойгоҳи махсусро ишғол менамояд. 
Дар идомаи маросим ифтитоҳи расмии шаҳраки технологияҳои иттилоотӣ баргузор шуд. Дар ин шаҳрак биноҳои замонавии таълимӣ ва маъмурӣ, хобгоҳи донишҷӯён воқеъ гаштааст. Бо ифтитоҳи чунин марказ донишҷӯён минбаъд аз дастовардҳои охирини соҳаи IT баҳраманд хоҳанд шуд.
Ин маросимҳоро баромади дастаҳои ҳунарӣ, ҳунарнамоии ситораҳои эстрадаи Ӯзбекистон шукӯҳи тоза бахшиданд. Дар охир ба як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол ва аълохон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
 Ёдовар мешавем, ки дар Донишгоҳи Пучони Тошканд таълим дар самтҳои таълими томактабӣ, меъморӣ, омӯзиши забони куриёӣ, диетология ва  нутрисиология, тиҷорати электронӣ, технологияи ахбор, контенти мултимедиявӣ ва бозиҳо сурат мегирад. Корпусҳои таълимии он дар ноҳияҳои Мирзо Улуғбек ва Чилонзори пойтахт воқеъ гаштаанд.

Шаҳноза ТӮРАЕВА,
мутахассиси бахши матбуоти Агентии таълими томактабӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: