МАРО НАГӮ, ӮРО ГӮ!

Мегӯянд, ин зане, ки дар майдони меҳнат аз пешқадамон аст, бисёр хушбахт: пеши духтарҳои деҳаро келин кард, ки ҳуснаш як олам, ба ҳама самимӣ ва хушмуомила, дар кори хоҷагӣ мисли модаршӯяш бо ғайратмандӣ ба ҳама намуна.

Панҷ-шаш моҳ инҷониб писараш дар фронт. Чи дар хона ва чи дар кори душвори саҳро худро ба чаҳор сӯ зада, мисле набудани шавҳарашро номаълум менамояд ин арӯсаки ба дилу дидаҳо ҷо.
Шавҳараш бо меҳри падарона «духтарҷони худам!» мегӯяд навозишомез келинро. Келин, айни замон, «додоҷон» мегӯяд ӯро. Модаршӯяшро бошад, «модарҷон».
Хуб ба келин афтодӣ, мегӯянд занҳои деҳа Мастонбибиро, ки сухан ҳоло дар хусуси ӯст. Тавре ишора рафт, ба вай ҳама ҳавас мекунанд: келинчак, чашм нарасад, обод мекунад хонадонро!
Мастонбибӣ занест дилсоф, кушодчеҳра. Ба келин нарм муомила мекунад, духтар надоштам, ана, духтардор ҳам шудам, мегӯяд бо шукрона. Вале... ҳисси мағшуши ба рашк монанде, аз бозе арӯс фуровард, дар як кунҷи дилаш ҷо. Чунин мерасад, шавҳараш ба вай не, ба ҳамин келин бештар меҳр медиҳад. «Келин гирифту маро аз хотир баровард!» ҳам мегӯяд аламангез. Писараш-чӣ? Эҳ, писараш...
Хайр, майлаш. Бигузор ҷавонҳо як умр чун Тоҳиру Зуҳро зиндагӣ кунанд, бахтнок бошанд, қӯшапир шаванд.
Ҳамин тавр мегӯянд-куя, баъзан меҳри ба келин доштаи шавҳараш, муҳаббати  оташини писараш нисбати завҷаи худ ноором месозад ин занро. Ҳарчанд рӯирост изҳор намекунад, нотавонбиниаш нисбати келин аз шавҳараш пинҳон нест.
«Чаро келинро нағз намебинӣ?» — боре пурсид соҳиби сараш.
Мастонбибӣ рӯ сӯи девор гардонд. Дилаш кӯрдуд мекард: «Ҳамин омаду...»
...Як моҳ аст, ки аз писараш хат намеояд. Дар бораи торафт шиддатёбии муҳорибаҳо дар ҷангоҳҳои бешафқат ҳар хел хабарҳои воҳимаангез паҳн мешаванд. Ба куҷоҳое намеравад хаёли модаре, ки писари ягонааш дар фронт аст. Сиҳат бошад? Чаро хаташ дер кард?
Дунё ба назараш торик. Вале рӯзи равшан ҳам будааст: шавҳараш бо димоғи чоқ ба хона даромад ва аз зери тоқиаш конвертеро бароварда ба вай нишон дод:
– Аз писарамон мактуб!
Чашмони занак барқи шодӣ заданд:
– Ба ростӣ? Диҳед!
– Ба ту не, ба келинат.
– Аз ман руст мекардагӣ чӣ гап ҳам медошт бачаякам, – каме суст шуд Мастонбибӣ.
– Кушода мехонем.
– Не, – розӣ нашуд ҳамсараш. – Келинат хафа мешавад.
Баъде соҳиби сар номаро ба тоқи баланд гузошт ва берун баромад, Мастонбибӣ, бо дили пурҳаяҷон, хатро гирифт. Бӯиду бӯсид. Ба чашмонаш ашк тохт. «Ба ман не, ба арӯсат навишта бошӣ ҳам, майлаш. Коре карда, омад мактубат. Ба чӣ хаёлҳое рафтам, медонӣ?»
Баъди андак фурсат номаро бо эҳтиёт кушод. Чӣ навишта бошад ба занаш?
Эҳ, кошкӣ савод медошт!
Берун баромад. Писарчаи ҳамсояро гирифта овард, ки хатро хонда диҳад.
Писарак ба хондани нома шурӯъ сохт:
«Азизакам, моҳаки тобонам, ягонаам...»
Мастонбибӣ лаб газид. Ба писарак ишора сохт, ки поёнтарро хонад.
«Чашмони шаҳлои шумо ҳамеша дар пеши назарам...»
– Шуд. Он тарафи коғазро хон.
Писарак саҳифаи дуюми номаро хонд:
«Медонед, ҷони ширин. Дар таҳи борони тир ҳам бехавотир ҳис мекунам худро. Меҳри шумо, муҳаббати шумо - маро ҷавшан».
– Бас. Ин тараф деҳ.
Писарак номаро дод.
– Баллӣ, бачем. Ба ту рухсат. Ҳеҷ кас нафаҳмад, хуб?
Баъде писарак «хуб» гӯён баромада рафт, Мастонбибӣ лифофаро бо шираи зардолу часпонд, ба ҷои пештарааш гузошт. Ҳеҷ ба хаёл намеовард, ки он мактуби оддӣ не, номаи ишқист. Ҳамин қадар нағз мебинӣ занатро? Вуҷуд доштани модари зорат дар хотират ҳаст ё не? Хайр, майлаш. Сарат амон бошад.
Келин бегоҳирӯз аз кор баргашт. Аҳли хонадон якҷо хӯроки шом хӯрданд. Вақте арӯс дарак ёфт, ки ба номаш мактуб омадааст, хаёле сурх шуд... Асное беовоз номаи аз фронт навиштаи шавҳарашро мехонд, модаршӯяш, даруни ҷогаҳ, худро ба хоб андохта ва паст хӯррак мекашид. Хотираш ҷамъ. Дилаш пури нур. Ба бахти дуят чашм нарасад. Зудтар ҷанг тамом шавад илоҳо, чашмҳои чор, дилҳои низор дидор бинанд.
Пагоҳаш: «Чӣ навиштааст бачаякам? Сиҳат-саломат будааст?» – пурсид Мастонбибӣ аз келин.
Келин оҳиста даҳон кушод:
«Як олам насиҳат кардаанд ба ман».
«Насиҳат?» – пурсид тааҷҷубомез Мастонбибӣ.
«Навиштаанд, ки агар хоҳӣ, ки аз ту розӣ бошам, модарамро хурсанд намо. Ба модари ҷонам, ҷону ҷаҳонам аз таҳти дил хизмат кун!»
«Не-е? Ҳамин тавр навиштааст?»
«Бовар намекунед? Ба духтаратон бовар намекунед? Худи ин гапро аз писаратон ҳам пурсидам. Ба ман бовар намекунед, гуфта пурсидам аз он кас. Хотирҷамъ бошед, модари шумо – модари ман! – гӯён алоҳида қайд кардам дар ана ин номаи ҷавобӣ».
Мастонбибӣ, дар қалб ҳаяҷон, мисле бори аввал менигариста бошад, дурудароз зеҳн монд ба дидаи келин, ки дар он меҳр медурахшид.
Сонӣ коғазро аз дасти вай гирифт.
– Канӣ хонда тавонаму... маза кунам аз ҳарфҳои муҳаббатомези келинҷонам. Ба бачаи ҳамсоя хононам майлаш?
– Майлаш, – розӣ шуд келин.
Бачаи ҳамсоя зуд даромада омад, номаро хонда дод:
«Тавре шумо дӯст медоред, ман ҳам бо тамоми вуҷуд дӯст медорам модарҷонро. Дилҷамъ бошед – хоки пояшон тӯтиёи чашмам...»
Мастонбибӣ ашк боздошта натавонист, келинашро ба бар кашид:
– Боақлакам. Меҳрубонакам. Духтарҷонам!!!
...Нисфишабӣ, вақте дигарҳо хобанд, Мастонбибӣ сурати писарашро ба даст гирифт. «Майлаш, маро нагӯ. Ҳамонро гӯ. Ҳамонро гӯ! Ҳамонро дӯст дор. Ба туву келинам умр диҳад. Бахт диҳад!»
Ин мегуфт ва оби дидаашро нигоҳ дошта наметавонист модари зор.

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: