11 марти соли ҷорӣ чорабинии Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим бо ширкати вазири экология Азиз Абдуҳакимов, инчунин роҳбари Ассотсиатсияи ихтиёриён Ширин Обидова, роҳбари платформаи таълимии тағйирёбии иқлими «Climatescience» Майкл Бэкланд, сенариянавис, муаллифи китобҳои бачагонаи «Давраи қаҳрамонон» Мадина Муъминова ва намояндагони ВАО баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Азиз Абдуҳакимов лоиҳаи вазифаҳои Шӯрои ҷавононро муаррифӣ намуд, ки барномаи ҷалби ҷавонон ба рӯзномаи тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва иқлимро дар меҳвари худ қарор дод.
– Дар барномаи солонаи он 75 нафар аъзои шӯро фаъолият мекунанд. Онҳо муваззаф мебошанд, ки лоиҳаҳои экологиро таълиф ва татбиқ намоянд, дар минтақаҳо фаъолони ҷомеаи экологиро роҳандозӣ кунанд, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб ва иштироки ҷавонони мамлакатро дар форумҳои экологии байналмилалӣ таъмин намоянд. Дар баробари ин, ошкор намудани ҳодисаҳои вайрон кардани муҳити зист ва дар бораи он огоҳ намудани вазорат низ аз авлавияти вазифаҳои ҷавонони моро ташкил медиҳад, – гуфт вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими ҷумҳурӣ.
Ба таъкиди Азиз Абдуҳакимов ҷалби ҷавонон ба равандҳои таҳия ва татбиқи тамоми стратегияву барномаҳои экологӣ дар фаъолияти соҳаи мазкур мавқеи асосиро ишғол мекунад. Зеро ҷавонон неруи пешбарандаи дигаргуниҳо буда, шавқу рағбат, фаъолият ва созандагии онҳо дар ташаккули ояндаи устувор ва сабз омили хеле муҳим мебошад.
Гуфта шуд, ки стратегияи ҷавонон аз механизми институтсионалии ҷалб намудан, тақвими чорабиниҳои экологӣ ва пешбурди маърифати иқлимию экологӣ иборат мешавад. Механизми институтсионалии ҷалби онҳо маҳз таъсиси Шӯрои ҷавононро дар бар мегирад, ки аз 75 нафар аъзо ва 14 сафири экологии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ташаккул ёфтааст. Ин раванд таъсиси кумитаҳои эко-ҳаракати кӯдаконаи «Қаҳрамонони хурдсол»-ро низ мадди назар мегирад.
Маълум шуд, ки тибқи тақвими чорабиниҳо Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо шарикони худ дар соли ҷорӣ роҳандозӣ намудани фестивали «EduCo», инчунин чорабиниҳои «Бозиҳои тоза», «Плоггинг», «Эко-ҷоиза» ва амсоли онро барномарезӣ кардааст.
Барои он ки лоиҳаи «Кор бо ҷавонон»-и Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон татбиқ гарданд, ин ниҳод бо Иттиҳодияи волонтёрҳо Меморандум ба имзо расонд. Гуфта мешавад, стратегияи мазкур лоиҳаҳоеро дар бар мегирад, ки барномаи «Сафирони ҷавони муҳити зист»-ро мадди назар дорад ва дар доираи он аз тамоми минтақаҳои Ӯзбекистон пешвоёни фаъол бо усули «зангҳои кушод» интихоб карда мешаванд. Ин роҳбарон бо дастгирии Шӯрои ҷавонони назди Вазорати экология харитаи ҳудудии мушкилоти экологиро таҳия мекунанд.
Дар рафти чорабинӣ дар бораи ташаббусҳои муваффақе низ маълумот дода шуд, ки дар самти дастгирии тарбияи экологии кӯдакону ҷавонон вазорат амалӣ мекунад. Сафарҳои хайриявӣ ба мактабҳои қаламрави вилоятҳои ҷумҳурӣ, паҳн кардани китобҳои брайлӣ оид ба экология аз ҷумлаи ин вазифаҳо мебошанд. Дар чорабинии «Эко-қаҳрамони наврас» онҳое дар ҳаракати экологӣ фаъолона иштирок мекунанд, ки саҳмашон дар ҳифзи табиат эътироф шудааст.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин муаррифии лоиҳаҳои «Upcycling.uz», «Ecojonlab» ва «Swap Bozor» баргузор гардид. Ба сифати маълумот метавон ишора намуд, ки «Upcycling.uz» маънои эҷодкорона тағйир додани ашёи куҳна, коркарди онҳо ва ба ин васила ҳифзи муҳити зистро медиҳад. «Swap Bozor» ба принсипҳои огоҳии экологӣ ва масъулияти истеъмол асос ёфтааст. Ин лоиҳа на танҳо ба коҳиши партовҳо ва зиндагии устувор, балки барои афзун шудани масъулияти экологӣ ва тарғиби ҳамбастагӣ дар ин самти муҳим мусоидат мекунад.
Масъалаи дигаре, ки дар чорабинӣ матраҳ гардид, пешниҳодҳои тиҷоратии вазорати экология ҷиҳати хариди бастаҳои махсуси партовҳо мебошад. Дар он як қатор талабот дар миён гузошта шуд, ки барои тоза нигоҳ доштани муҳити зист мусоидат менамояд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».