ЗАМИНА ВА ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ «БУХОРОИ ШАРИФ»

«Бухорои шариф» нахустин рӯзномаи тоҷикӣ аст, ки 11 марти соли 1912 дар матбааи шаҳраки Когони наздики Бухоро ба табъ расида, то 2 январи соли 1913, иҷборан аз фаъолият бозмондан, 153 шумора нашр шудааст.

Зуҳур ва фаъолияти ҳар гунаи воситаҳои иттилооти омма, ки матбуоти даврӣ аз навъи қадимии онҳо аст, ба заминаҳои таърихӣ ва омилҳои муайяни хоси давр ё айёми пайдоиши он вобастагӣ дорад. Маъмулан, дар тадқиқоти таърихи журналистикаи ҷаҳонӣ заминаи рӯйи кор омадани нашрияҳои даврии аввалини кишвари алоҳидаро ба пайдоиши матбуоти чопии ҷаҳон дар Аврупо (асри XVII) рабт медиҳанд ва бо ин таъкид карданӣ мешаванд, ки тамаддуни нави башарӣ ба туфайли давраи Эҳё, аз кишварҳои аврупоӣ нумӯъ гирифтааст. Аслан дар ҳолати аз ҷумлаи зуҳуроти фаромиллӣ ҳисобидани журналистика, чунин андеша ғалат нест, вале ба журналистика чун ба як падидаи ҷузъи фарҳанги миллӣ агар назар кунем, ин тарзи арзёбӣ ислоҳ мехоҳад.
Падидаҳои фарҳанги миллӣ, дар айни ҳол матбуоти даврии кишварҳои Шарқи мусулмонӣ, баробари бунёд ёфтан ба арзишҳои умумибашарӣ (аксаран ғарбӣ), табиатан ба суннатҳои ориёӣ-исломӣ устувор будаву ҳастанд. Бинобар ин, заминаҳои зуҳури ҳар падидаи фарҳангиро қабл аз ҳама, дар сарчашма ва ё омилҳои таъсиргузори ҳаммонанди ҳавзаҳои фарҳангӣ ва фазои иттилоотӣ, забониву динии минтақаҳои ҳамзистӣ бояд суроғ кард.
«Бухорои шариф» бо ибтикори фарзонамардони Бухоро Мирзо Муҳйиддин Мансурзодаи тоҷир ва Мирзо Сироҷ Ҳакими табиб, ки ҳар ду аз аҳли тиҷорат буда, бо доираҳои ҷадидони маорифпарвар ҳамкорӣ доштанд, таъсис шуда, 4 рабеъ-ул-аввали соли 1330 ҳиҷрӣ, якшанбе, 11 марти соли 1912 милодӣ, дар матбааи хусусии сарватманди яҳудитабор Қ. Л. Левин, воқеъ дар шаҳраки Когони 15 километр дуртар аз Бухоро, ба табъ расидааст. Тибқи маълумоти худи нашрия мудирони (муҳаррирони) «Бухорои шариф»  Мирҳайдар писари Хоҷа Қосим Мирбадалуф ва Мирзо Ҷалол Юсуфзода, соҳиби имтиёз Қ. Л. Левин будаанд. 
«Бухорои шариф» дар шумораи нахустин муроҷиатан ба хонандагон, даврияти рӯзномаро «ҳаррӯза, ба истиснои айёми иду ҷумъаҳо» ва таъиноти рӯзномаро «илмӣ, адабӣ, иҷтимоӣ, фаннӣ, иқтисодӣ, ба тараққии бародарони исломӣ хоҳад кӯшид. Мизони мундариҷот мутобиқати Қуръони шариф ва зарурати ислом хоҳад буд», эълом доштааст.      
Ҳарчанд дар таъиноти мазкур таъкиде оид ба нашрияи афкори ҷадидон будани  «Бухорои шариф» ишорае нест, аз сатрҳои мақолаи «Ғояи омол», бо имзои мустаори «Ҷалол» (Мирзо Ҷалол Юсуфзода. – Ш. Қ.), ки дар саҳифаи аввали шумораи якум ба табъ расидааст, «ғояти омол тазкори аҳолии Бухоро аст, ки аз ахбори атроф мутталеъ гардида, дар тараққии умрони ватани обоӣ ва аҷдод, издиёди улуми маорифу фунуну саноеъи лозимаи маданият бикӯшанд», дарёфтани ин маънӣ мушкиле надорад. Чун ҷунбиши иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии ҷадидия дар асри XX, ҳамчун идомаи мантиқии равияи маорифпарварии нимаи дуюми садаи XIX тоҷик ташаккул ёфт, ҷадидон таҳаввулоте дар ислоҳи ҷомеа баҳри эҳёи маънавӣ, худшиносии мардум, соҳиби мулку Ватан будани мардуми бумӣ роҳандозӣ кардан мехостанд ва самту равиши чунин таҳаввулотро дар ислоҳи мактабу маориф, тағйиру такмил додани сохтори иқтисоду тиҷорат, рушди саноату кишоварзӣ, саводноккунии аҳолӣ, омӯзиши илмҳои замонавӣ, таъсиси китобхонаҳо, театр ва албатта, матбуоти даврӣ, медиданд.   
Бо вуҷуди ин, тавре муҳаққиқони журналистикаи тоҷик Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов таъкид намудаанд, то даврони бозсозӣ низ «гурӯҳи ками олимон, аз ҷумла Холиқ Мирзозода, дар дифоъи андешаҳои ҷадидӣ буданд» [8, 47].
Албатта, таъсири равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии Русияро ба ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна нодида гирифтан аз рӯйи инсоф намебуд, дар ҳоле, ки таъсиргузории публитсистикаи форсии хориҷӣ ва туркӣ ба ташаккули матбуоти ҷадидии мо аксаран тавассути сарзамини рус ва идораву намояндагиҳои Русияи подшоҳӣ сурат мегирифт. Вале муҳа-ққиқи борикбин Абдухолиқи Набавӣ инқилоби аввали Русияи соли 1905-ро омили асосии пайдоиши матбуоти ҷадидия намеҳисобад, «зеро раванди маънавӣ, бахусус идеявию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, наметавонист аз як ҳодисаи беруна (хориҷӣ)-и ба зиндагии дохилӣ (маҳаллӣ) иртиботи қавӣ надошта, ибтидо гирад.
Инқилоби аввали Русия, метавонист ба равандҳои буда, пайдошуда, таъсири мусбат ва манфӣ расонад, вале ба оғози як наҳзати тоза дар кишвари хориҷ сабаб шуданаш ба ҳақиқат мувофиқат намекунад» [6,19].
Абдухолиқи Набавӣ қабл аз хулосаи фавқ, дар бораи вожа ва истилоҳи «рӯзнома» андешаронӣ намуда, пас аз сайри таърихии пайдоиш ва зуҳури рӯзнома дар тоҷикзамин, менависад, ки «яке аз омилҳо ва сарчашмаҳои муҳиме, ки дар ташаккули матбуоти тоҷикӣ ва хоса рӯзномаи «Бухорои шариф», саҳми муассир дошт, суннатҳои рӯзноманигории форсизабон дар Шарқи мусулмонӣ будааст. Мутаассифона, ин масъала хеле кам омӯхта шудааст, ҳол он ки аҳамияти он аз сарчашмаҳои туркиву русӣ камтар нест».
Дар бораи заминаҳои зуҳури «Бухорои шариф» сухан ронда, ба чунин корнома омода будани неруҳои ақлонӣ ва шахсиятҳои дорои Бухороро набояд нодида гирифт. Ду шахси сарватманди фарҳангпарвар Мирзо Муҳиддин Мансуров ва Мирзо Сироҷи Ҳаким, ки довталабона харҷи рӯзномаро ба дӯш доштанд, солиёни дароз дар сафи маорифпарварони Бухоро бо амалҳои неки бунёди мактаби усули нав, шифохонаву бунгоҳҳои тиббӣ, маблағгузории таҳсили ҷавонон дар хориҷа, аз иззату эҳтироми мардум бархурдор буданд. Агар Мирзо Муҳиддинро ба истилоҳи имрӯза муассис, ҳамзамон менеҷери нашрия шиносем, пас Мирзо Сироҷ дар баробари маблағгузорӣ, иштирокдори ҳамешагии муҳити эҷодии идораи нашрия низ будааст. Мақолаҳои маърифатию илмӣ ва дар мавзӯоти сиҳҳативу тандурустӣ, намунаҳои ашъори ӯ бо имзоҳои «Мим.Син», «Сироҷ», «М.Сироҷӣ», «Мирзохурдоф», «Мирзохурдофи Ҳаким» бо равонию суфтагӣ, ҷаззобию осонфаҳмӣ таваҷчуҳи муштариёни нашрияро ба худ ҷалб менамуданд.  
Ба вазифаи муҳаррири «Бухорои шариф» аз Боку даъват шудани Мирзо Ҷалол Юсуфзода аз нигоҳи имрӯза тасмими таваккалӣ ва ё «аз ночорӣ» набуда, балки маслиҳати дар доираи маорифпарварони Бухоро «пухтарасида» шабоҳат дорад. Зеро аҳли зиёи Бухоро Мирзо Ҷалолро ба ҳайси як муҳаққиқу ошиқи адабиёти форсии тоҷикӣ мешинохтанд ва низ медонистанд, ки ӯ «дар ҷароиди охири асри XIX ва ибтидои асри XX Эрон, Ироқ, Туркия ва Қафқоз бо имзоҳои «М. Ҷалол», «Мирзо Ҷ», «Ҷалол», «Ҷ. Ю», «Ҷ. Юсуфзода», «Ҷалол Юсуфӣ», «М. Қафқозӣ» ва «Кашкул» иштирок кардааст». Дастандаркорони «Бухорои шариф»-и навтаъсис ҳамчунин нек медонистанд, ки «Мирзо Ҷалол соли 1911 ва январи соли 1912 дар Боку якҷо бо Ҳайдаров аввало рӯзномаи «Осори ҳақиқат», ки танҳо ду шумора (31 декабри соли 1911, №1 ва 31 декабри соли 1912, №2) ба табъ расидааст ва баъди ин «Ҳақиқати афкор»-ро, ки ҷамъ 19 шумора чоп шудааст (аз 1 ноябри соли 1911 то 25 феврали 1912), таъсис намуда буд».
Як тан аз маорифпарварони озарӣ, ки Мирзо Ҷалол Юсуфзода бо худ ба «Бухорои шариф» овард, Мирзо Ғаффор буд, ки бо собиқаи кофии рӯзноманигорӣ  дар рӯзномаҳои «Ҳаёт», «Иршод» ва «Ҳақиқат» (Боку) бо мақолоти хеш иштирок менамуд ва дар «Бухорои шариф» имзои «Сияҳпӯш»-ро касб намуд.
Вақте ки шоҳиди ҳол, устод Айнӣ дар фасли «Газетаҳои «Бухорои шариф» ва «Тӯрон»-и «Таърихи инқилоби Бухоро», дар қатори Мирзо Муҳйиддин Мансуров ва писарони вай Мирзо Изом ва Мирзо Абдулқодир, Мирзо Сироҷи Ҳаким, инчунин ному насаби боз 13 тан аз фарзандони Бухороро ҳамчун «онҳое, ки ба нашри газетаҳо хизмат кардаанд», зикр менамоянд, пас, бе дудилагӣ метавон ҳадс зад, ки дар Бухоро заминаи неруи маънавӣ ва ё зарфияти зеҳнии рӯзномаофаринӣ низ муҳайё будааст.
Аз таърихи матбуоти даврӣ маълум аст, ки барои пайдоиши нашрияҳо дар қатори омилҳои зиёд, заминаи тиҷоратӣ низ муҳим мебошад. Заминаи тиҷоратӣ барои рӯйи кор омадани рӯзномаи «Бухорои шариф» маҳз дар ҳамон пораи вақт муҳайё гардид.
Аз як тараф, рушд пайдо кардани савдою тиҷорати пахта, пӯсти қароқӯл, пашм, миёни ширкату тоҷирони Бухоро ва Русия, дар Бухоро фаъол будани намояндагиҳои бонк ва ширкатҳои саҳҳомӣ, зарурати ташвиқу тарғиби молу коло ва хизматрасониҳо (ба маънои имрӯза – реклама)-ро тақозо намояд ва ҳамчун яке аз ҳадафҳои рӯзнома қарор гирифтани «мусоидат намудан ба ривоҷу равнақи робитаҳои тиҷоратии тоҷирони бухороӣ ва рус» гардида бошад, аз тарафи дигар, ба қавли устод Айнӣ «Левӣ ба умеди фоида ба майдон баромада, дар ин бора (нашри газета. – Ш. Қ.) ба элчихона муроҷиат кард».
Ба чопи эълону реклама, ки ҳамзамон яке аз василаҳои устувории молии нашрияҳо ба ҳисоб мераванд, мунтазам таваҷҷуҳ намудани «Бухорои шариф» далели дигари гуфтаҳои болост.  
Ҳамин тариқ, замина ва омилҳои фарҳангӣ, ислоҳотхоҳӣ, мафкуравию тиҷоратии пайдоиши нашрияе оммавӣ, дар баҳори соли 1912 имкон дод, ки нахустрӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз худ дарак диҳад ва то миёнаи зимистони соли 1913, бо 153 шумораи худ, барои бедор намудани эҳсоси худшиносию ватандории сокинони аморати Бухоро хизмати бесобиқаеро анҷом диҳад.

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: