Раҳбари Чин Президенти Ӯзбекистонро бо ҷашни Наврӯз табрик гуфт

Ба Аълоҳазрат

Шавкат Мирзиёев,

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон

 

Муҳтарам ҷаноби Президент!

Аз номи ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин аз номи худам Шумо ва мардуми кишваратонро бо ҷашни анъанавии Ӯзбекистон – Наврӯз муборакбод намудан ба ман қаноатмандии бузург мебахшад.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳои дӯстона ва судманди мо дар ҷараёни сафари давлатии ман ба Ӯзбекистон моҳи сентябри соли гузашта мо изҳороти муштарак қабул кардем, ки ба рушди минбаъдаи шарикии стратегии байни кишварҳоямон мусоидат намуда, ба манфиатҳои халқҳоямон хизмат мекунад ва дурнамои рушди вусъат додани хамкории дутарафаро муайян намуд.

Ман ба рушди муносибатҳои Чину Ӯзбекистон эътибори калон медиҳам. Ман иштироки Шуморо дар нахустин нишасти сарони "Чин ва Осиёи Марказӣ", ки моҳи майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва сафари давлатии шуморо ба Чин бесаброна интизорам.

Итминон дорам, ки гуфтугӯҳои мо бо Шумо оид ба дурнамои равобити Чину Осиёи Марказӣ ва нақшаҳои бузурги ҳамкории дуҷонибаи кишварҳои мо ҳамкории Ӯзбекистону Чинро ба сатҳи баландтар мебардоранд.

Аз фурсат истифода бурда, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва дар кори масъулиятнокатон муваффақиятҳои калон орзу менамоям.

Бигзор халқи Ӯзбекистон ҳамеша хушбахту обод бошад!

 

Бо эҳтиром,

 

Си Сзинпин,

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: