«ҲАР НАФАС БО ШУКРГӮЙИҲО ГУЗАШТ...»

ПАДАРГУМКАРДА

Давраи кӯдакию наврасии Муҳаммадҷон, ки падараш дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳалок гардида буд, бо машаққату тангдастӣ пушти сар шуд. Ҳоло ҳам он айёмро ёдовар шавад, чашмонаш об мегирад. Шайх Саъдӣ «... Ки дар хурдӣ аз сар бирафтам  падар», ё   Абдураҳмони  Мушфиқӣ «Бо падар хурсанд будам, бевафоӣ кард умр» – гуфта бошанд, қаҳрамони мо рӯйи падарро  надидааст. Бино бар ин, дар ашъораш аз бепадарӣ шикваҳо дорад. Агар дар шеъри «Рози дил ба дарё» дар мисрае  «рӯзҳои сахти сангини  маро»  дар мисраи дигар «чашми чори кӯдакиям чашмаоб» гуфта бошад, дар байте  «Ҳамчунони кӯдакии бепадар, Кӯдакии хору зору дарбадар» ва дар байти дигар «Кӯдакии бепадар оворагист, Бесару сомонию бечорагист» гуфтааст. Дар сарводаи «Ёд дорем» низ нолаҳои шоир хеле ҷонкоҳ ба риштаи назм кашида шудааст:
... Зи санги кӯҳ болин буд гоҳе,                                
Сари дуроҳа бепушту  паноҳе.   
Зи дасти ҷанг бо рӯзи сиёҳе,          
Ману Зархона онро ёд дорем....
Гаҳе мӯҳтоҷ бар як пораи нон,
Гаҳе кӯтоҳдасту тангимкон.
Ба гирдам модарам буд ашкрезон,
Ману Зархона онро ёд дорем. 
Бисёранд чунин аламрезаҳои шоир. Бояд гуфт, ки қисме аз эҷодиёти адиб баёнгари танҳо ҳаёти муаллиф набуда, балки инъикосгари зиндагонии гарони ятимону қисме аз мардуми он солҳо (40-50-уми асри ХХ) мебошад.
...Таҳсилро дар мактаби рақами 13-уми зодгоҳ сар карда, синфҳои 8-9-ро дар мактаби рақами 7-уми ба номи С. Айнии деҳаи Тиргарон давом дод. Ӯ аз соли 1963 фаъолияти омӯзгориро оғоз кард, муддате дар мактаби рақами 12-уми деҳаи Чорбоғ, сипас дар мактаби деҳаи Зевар, ки шуъбаи мактаби Зархона буд ва баъдан ба мактаби зодгоҳаш омад... Солҳои 1965-1970 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи С.Айнӣ таҳсил кард. Аз солҳои таҳсил дар мактаб бо эҷод машғул шуда бошад ҳам, расман шеъри аввалинаш бо номи «Орзу» соли 1967 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» чоп шуд.   
АЗ «ГУЛИ  САНГ»  ТО  «АМВОҶИ ВАРОРӮД»

Адиб бори ҳаёт, фаъолияти омӯзгорию эҷодкориро якҷоя (дар шароити кӯҳистон) пеш бурд. Оиладор шуда, соҳиби 8 писару 2 духтар гардид. Фарзандонро соҳиби хонаву дар намуд. Солҳои 1989-1994 сарварии мактаби рақами 13 ба номи  Абулқосим Фирдавсиро бар ӯҳда дошт. Солҳои 1995-1996 дар мактаби рақами 7 меҳнат кардааст. Аз миёнаҳои солҳои 80-уми асри ХХ панҷ нафар дилдодаи адабиёти бузургамон Сулаймони Хоҷаназар, Абдуллоҳи Раҳмон, Чоршанбеи Деҳнавӣ, Холбой Ҷалил ва Муҳаммадҷон Раҷабӣ маҳфили адабӣ ташкил дода, бо навбат дар манзилҳои якдигар ҷамъ меомаданд. Дар банди зерини мухаммаси  шоир ба ҳамон нишастҳои адабӣ ишора аст:
Хуштабъу шакарбору 
шарифему хушоғоз,
Ахтарсифатонему 
дурахшандаву ҳамроз,
Дилсӯхтаву  дилдодаву
 савдоиву дамсоз,
«Майхораву  саргаштаву 
 риндему назарбоз,
В-он кас, ки чу мо нест дар ин 
шаҳр кадом аст».
Дар заминаи  маҳфили  «Гули санг», ки соли 1992 дар назди рӯзномаи «Ҳақиқати Сариосиё» («Сариосиё») бо ташаббуси муҳаррири шуъбаи тоҷикии он Асадуллоҳ Исмоилзода ташкил шуда буд, бо зиёд шудани миқдори эҷодкорон ва ба Самарқанд кӯчидани Асадуллоҳ бо сарварии устод Абдуллоҳ Раҳмон дар ибтидои  асри нав дар водии Сурхон маҳфили «Амвоҷи Варорӯд» ташкил гардид. Муҳаммадҷон Раҷабӣ аъзои фаъолу ташаббускори маҳфилҳо буд.

«ТАШНАИ  ДИДОР»

Муҳаммадҷон соли 1995 китоби «Хотира»-ро дастрас намуда, ному насаби падар ва дар Берлин хок шудани ӯро хонд ва танҳо пас аз ин ба марги падар бовар кард. Шеъри «Марги орзу» ба ҳамин лаҳзаи ҳаёташ бахшида шудааст:
...Афсӯс, баъди ним аср,                                                     
Марги падар  шунидам.                                                         
Бо шеъри орзуям,                                                                    
Ман алвидоъ  намудам.   
Афсӯс, қисмати  ман,
Ин қадр  гашта сангин. 
Рӯҳи ту шод  бодо,
Эй қиблагоҳ, омин!
Маҷмӯаи аввалини адиб бо номи «Ташнаи дидор»соли 1997 чоп шуд, ки ба падараш Абдуҳафиз Раҷабов бахшида шудааст. Китоб аз назму наср иборат буда, шеърҳояш бо тахаллуси Раҷаб навишта шудаанд. Адиб аз имтиҳонҳои ҳаёт сарбаландона гузашт. Аз зиндагиаш ба ҳама он талхию шириниҳо, бурду бохтҳо ба Офаридгор шукрона мегӯяд: 
Орзуямро, Худоё, раҳ  кушо,
Бо хурӯши мавҷҳою мавҷҳо...
                ***
...Некрӯзӣ  бо ризои  Ҳақ  расид,
Ҳар нафас бо шукргӯиҳо гузашт. 

НАЗАРЕ БА «ГУЛОБИ  ВАҲДАТ»

Маҷмӯаи комили адиб зери унвони «Гулоби ваҳдат» соли 2022 нашр шуд. Китоб бо иқтибос аз устод Садриддин Айнӣ (тасвири Дараи Ниҳон) оғоз мешавад. Боби аввали китоб «Ваҳдатобод» номгузорӣ шуда, аз очеркҳои «Гулоби ваҳдат» (дар бораи таърихи бунёди обанбори Тӯпаланг), «Дасти дуо», «Субҳи умед», «Амак» иборат буда, асоси воқеӣ дорад ва қаҳрамонҳо бо номҳои аслиашон оварда шудаанд.
Боби дуюм «Субҳи  бахт» ном дошта, ҳикояҳои хонданибоби «Ширатро нафурӯш, оча», «Посбони давлат», «Як шоми шаби зулмат»-ро дар бар мегирад. Дар ҳикояҳо адиб русуми қадима, ки боиси марг мешаванд, давлатталабӣ, гурусначашмӣ, такаббур ва ғайраро танқид намуда, азиз донистани зодгоҳро таъкид мекунад:  «... одам ҳар як ваҷаб замину ҳар як сангу чӯби деҳаашро  хуб надонаду дар ёд нагирад, вай фарзанди деҳ ҳисоб намеёбад. Гузаштаи деҳаатро хуб донӣ, ҳама чизро, ҳама ҷоро, ҳатто оламро хуб дониста метавонӣ». 
«Маснади шеър» номи боби сеюми китоб буда, аз 21 шеър иборат аст. Шеърҳо дар мавзӯъҳои Ватан, баҳор, Наврӯз, ифтихор аз ниёгони бузург, гиромидошти зодгоҳ эҷод шудаанд: 
Аз умеди кишта ояд бӯйи нон, 
бӯйи баҳор,
Бӯйи дастархони пурфайзи замон, 
бӯйи баҳор.
Гавҳари обила дорад дастҳои 
меҳнатӣ,
Саъйи эъҷоз оварад аз бӯстон 
бӯйи баҳор.
Ҳар кӣ обе бар муроди боғи 
дилҳо мебарад,
Ояд аз дилҳои чун оби равон, 
бӯйи баҳор.
Розҳо дар номаҳои ошиқӣ 
гул мекунанд,
Медамад аз номаҳои гулфишон 
бӯйи баҳор.
Резаборон  бошаду бошад суруди  
ёр-ёр,
Дӯстдорӣ бошаду ояд аз он бӯйи 
баҳор.
Боби чорум  «Ашки  дил» ном дошта, аз марсияҳои ҷонгудозу тасаллиёт  иборат аст, ки шоир аз марги пайвандону наздикон ба фиғон омада, «аламро зи қалам» гирифтааст... 

Дар  марсияи «Умеди рӯзгорам рафт-рафт», ки ба писари қобилу ҷавонмаргаш бахшидааст, бо ҳасрат менависад:
Аз дили шӯридаам шӯру шарорам  
рафт-рафт,
Шоҳини  парвози  шавқам 
 аз канорам  рафт-рафт.
Нолаву оҳи дилам  гӯши фалакро 
кар  намуд,
Даркушои  дидаи дар интизорам  
рафт-рафт....
Боби панҷуми китоб «Ман ба як ҳарфи сазовори Ватан ҷон медиҳам» ном ниҳода шуда, аз  ғазал, мухаммас, дубайтӣ, чорпораҳо иборат аст.
14 ҳикояи ҳаҷвии нависанда дар боби ҳаштум ҷой дода шудаанд. Ҳикояҳо аҳамияти тарбиявӣ дошта, дар онҳо хислатҳои манфии инсонӣ аз қабили ришвахӯрӣ, бадгумонӣ, дурӯғгӯйӣ, ҳарисӣ танқид карда шудаанд.
Тобистони соли 2020 дар Зархона (зодгоҳи падарию бобоиям) меҳмон будам. Шабе адиб ба манзилаш даъват кард. Устодони собиқ, омӯзгорон, шогирдони устод дар манзили адиб ҷамъ омаданд ва он шаб суҳбати ҷолиби адабию таърихӣ барпо шуд.
Сипас дар алоҳидагӣ адиб авроқи зиёди сафеднависшударо оварда гуфт, ки «дар шакли китоб даровардан лозим, диданаш насиб мекарда бошад?!» Чашмони эҷодкорро ашк гирифт,  аз фавти устод Абдуллоҳ  Раҳмон ёдовар шуд... Шукр бо ёрии пайвандону дӯстон китоб ибтидои соли 2022 аз чоп  баромад.
Санаи 22-юми марти соли 2022 деҳаи Зархона симои баҳорию наврӯзӣ дошт. Омӯзгорону шогирдони мактаб бо омодагии хуб меҳмононро пешвоз гирифтанд. Маросими тақдимоти китоб баргузор шуд. Меҳмонон Чоршанбеи Деҳнавӣ, Асадуллоҳ Исмоилзода, Ӯғулой Ҷӯрабоева, Олим Панҷизода, Саодат Сангинова, Мусулмон Ғафурӣ ва дигарон сухан гуфтанд, табрик намуданд. Роҳбари мактаб Абдубаҳром Ғафуров, омӯзгори собиқадор Абдулфайзҳоҷӣ Иззатуллоев меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз хидматҳои шоир дар мактаб ҳарф заданд. Қаҳрамони мо хеле хурсанд буд, ба ҳамагон китоб  туҳфа кард, аз ашъораш қироат намуд.
Мо пайвандон, дӯстон, мухлисон ва аҳли эҷод устодро бо санаи мубораки 80-умин солгарди умр  муборакбод намуда, барояшон комёбиҳои эҷодӣ, айёми пурфароғати пирӣ ва саломатии бардавом таманно дорем.

Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА,
вилояти СУРХОНДАРЁ.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: