Тавре хабар додем, ҳайати Самарқанд бо сарварии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов 11-16-уми декабри соли 2023 дар як қатор провинсияҳои Хитой буданд.
Дар доираи ин ташриф миёни ҳокимияти ноҳияи Қӯшработ ва Донишгоҳи технологии Hebei-и Хитой созишномаҳо ба имзо расида буданд.
– Дар асоси созишнома як гурӯҳ ҷавонон имконияти таҳсилгириро дар ин муассисаи таълимӣ пайдо карданд, – гуфт ҷонишини ҳокими ноҳия Холбек Кубаев. – Имрӯзҳо донишгоҳи Хитой ҷавонони қӯшработиро барои таҳсил дар самтҳои идораи соҳибкорӣ, маркетинг, муҳандисии тамос, сайёҳӣ ва ғайра даъват мекунад. Онҳо дар асоси грант таҳсил гирифта, метавонанд аз имтиёзҳое, ки барои ҷавонон фароҳам оварда шудааст, истифода баранд.
Ҳоло ба рӯйхат гирифтани талабгорон оғоз шудааст. Довталабон моҳи феврал аз имтиҳони онлайн гузаронида шуда, 40 нафар имкони таҳсилро дар Хитой ба даст меоранд.
Онҳо аз моҳи март дар курсҳои бозомӯзии забони хитоии назди донишгоҳ таълим гирифта, моҳи сентябр аз рӯйи ихтисос дарс мехонанд. Таҳсил аз се сол дар марҳилаи бакалавр ва як сол дар магистратура иборат аст.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.