Энергияи офтоб – энергияи ҳаёт

Дар Ӯзбекистон аввалин водии технологияҳои сабз – консортсиуми илмӣ-технологӣ ташкил карда шуд.

Дар Ӯзбекистон аввалин водии технологияҳои сабз – консортсиуми илмӣ-технологӣ ташкил карда шуд. Дар доираи он оиди офаридани мавод ва видеотехнологияҳои нав дар чаҳор самт тадқиқотҳо бурда мешаванд.
Дар Институти материалшиносии Академияи улуми Ӯзбекистон анҷумани илмии байналхалқӣ баргузор ва дар он корҳое, ки марбут ба истифода аз энергияи офтоб ба амал баромаданд, муҳокима шуданд, вазифаҳои нав дар ин самт муайян гаштанд, барои якҷо тадқиқотҳо гузарондан байни ташкилот ва идораҳои дахлдори байналхалқӣ муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Иштирокдорони анҷуман хотири олими номӣ Ғиёс Умаровро ба некӣ ёд оварданд, ки ба рӯзи таваллудаш 100 сол пур гашт. Таъкид ёфт дар барпои дастгоҳи бузурги офтоб воқеъ дар ноҳияи Паркенти вилояти Тошканд саҳми ин олими зиндаёд арзанда аст, вай ҳанӯз соли 1949 дар Донишгоҳи давлатии Маскав марбут дар соҳаи энергияи офтоб номзадӣ дифоъ ва баъдан чандин шогирд баровард, ки онҳо физикаи ядровии мамлакатро равнақ бахшиданд.
Яке аз мақсадҳои мутахассисон дар соҳа – кор карда баровардани нахҳои карбон, дар дастрассозии қувваи барқ фоидабарӣ аз технологияи замонавист, таъкид карданд иштирокдорони анҷуман, аз маводҳое бояд истифода кард, ки аз нигоҳи экологӣ бехавф ва тозаанд, ба сарфаи энергия мусоидат месозанд.
Дар консортсиум  алъон бештар аз 200 нафар ходимони илмӣ кор мекунанд, ки аз онҳо зиёда аз 50 нафарро докторҳои фан оиди физикаи ядроӣ ташкил менамоянд.
Гуфта шуд «Сандони калони офтоб» воқеъ дар ноҳияи Паркент рӯзе то 3 ҳазор градус гармӣ истеҳсол ва дар дунё дувумин маҷмӯъ дар ин самт ҳисоб меёбад. Ин гуна лабораторияи нодири ҷаҳонӣ дар Фаронса низ мавҷуд.
Печи бузурги хуршедӣ дар Паркент пештар объекти стратегӣ ҳисобида ва барои дидан кардан аз он рухсатномаи махсус талаб карда мешуд. Алҳол онро сайёҳон метавонанд озодона дидан намоянд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: