БИНОИ НАВИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ

Дар шаҳри Бухоро бинои нави мактаб-интернати рақами 24-уми бачагони нобино ва бинишашон паст, ки ҳомии он Вазорати корҳои дохилӣ аст, ба истифода супорида шуд.

Ин таълимгоҳ соли 1953 чун мактаб-интернати миёнаи нопурра ташкил ёфта, соли аввал дар он 7 нафар таҳсил гирифта бошад, ҳоло шогирдони он ба 287 нафар расидааст. 
Соли ҷорӣ мувофиқи барномаи давлатӣ барои ин муассиса бинои нави дорои 324 ҷой сохта шуда, ошхона барои 150 нафар ва хобгоҳ барои 200 нафар аз таъмири асосӣ баромад. Бо ин мақсад 13 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Бинои нав дорои як қатор қулайиҳо буда, дар ин ҷо бо ташаббуси садорати корҳои дохилии вилоят барои бачагони нобино майдончаи ҳаракати бехатарии роҳ созмон ёфт. Ба қарибӣ маросими тантанавии 70-солагии ташкилёбӣ ва ба истифода супоридашавии бинои нав ба амал омад. Ба сухан баромадагон имрӯз бо сарварии Президент дар диёрамон дар қатори бачагони солим соҳиби таълиму тарбияи зарурӣ гашта, дар рӯзгор мақоми худро пайдо кардани он наврасоне, ки имконияташон нисбатан маҳдудтар аст, зоҳир шудани ғамхориҳоро алоҳида таъкид карданд. Сипас, ҷамъомадагон вориди бино гашта, бо имкониятҳои фароҳамовардашуда аз наздик шинос шуданд. Савту сурудҳои ватандӯстонаи шогирдони мактаб иштирокдорони тадбирро рӯҳбаланд намуд. 

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: