ДАСТОВАРДҲОИ КӮДАКИСТОНЕ, КИ МУДИРАШ МАРД АСТ

Шӯҳрат Бобоҷонов соли 2002 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва соли 2016 Донишкадаи омӯзгории Тошкандро хатм кардааст.

То соли 2018 дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 17-уми ин шаҳр омӯзгорӣ кардааст. Аз соли 2018 директори муассисаи таълими томактабии давлатии рақами 14-уми шаҳри Ангрен мебошад.
Ташрифи мо ба кӯдакистони рақами 14-уми шаҳри Ангрен ба вақте рост омад, ки дар ҳамаи гурӯҳҳои он машғулият давом мекард. Шӯҳрат Бобоҷонов ба истиқболам баромад. Бо ӯ дар чорабиниҳои фарҳангӣ чанд бор рӯ ба рӯ омадаам. Ҳарду бо мақсади халал нарасонидан ба машғулиятҳои омӯзгорону тарбиячиён дар саҳни ҳавлии кӯдакистон суҳбатро шурӯъ кардем. 
– Ин кӯдакистон ҳанӯз соли 1983 сохта шудааст. Баъди чанд соли фаъолият аз беаҳамиятии мутасаддиён оҳиста ба хароба табдил ёфтааст. Бо вуҷуди ин, чанд муддат аз он ба ҳайси кӯдакистон истифода сурат гирифтааст. То таъини банда ба сифати директор дар он ҳамагӣ 87 нафар кӯдакон таълиму тарбия мегирифтанд, – гуфт ҳамсуҳбати ман.
Шӯҳрат Бобоҷонов соли 2018 тасмим гирифт, ки ба ин кӯдакистон ба кор гузарад. Ин тасмими ӯро мақомоти идораҳои вилоятиву шаҳрии муассисаҳои таълими томактабӣ бо хушҳолӣ пазируфтанд.
Давоми панҷ соли охир барои беҳбуди кори таълиму тарбия дар ин кӯдакистон талошҳои зиёд ба харҷ дод, яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳамеша боиси нороҳатии ӯ мешуд, ба талаботи давру замон ҷавобгӯ набудани бинову синфхонаҳо ва саҳну атрофи он буд. Барои ҳамин як қисми кори таъмиру тармимро тавассути маблағҳое ба ҷо овард, ки ҳудуди 75 миллион сӯмро ташкил медод ва ин маблағро онҳое ба хазинаи кӯдакистон интиқол доданд, ки дасти саховаташон боз ва меҳру мурувваташон нисбат ба кӯдакони мардум хеле зиёд аст.
– Баъд талошҳоро идома дода, соли 2022 ноил шудам, ки кӯдакистони давлатии мо аз тариқи барномаи инвеститсионӣ куллан тармим карда шавад. Барои тармим 3 миллиард сӯм ихтисос дода шуд. Ҳоло он ба ин мавзеи шаҳр шукӯҳи тоза мебахшад. Саҳну атрофи ин биноро ҳамеша тозаву озода нигоҳ медорем. Зиёда аз 5 ҳазор гулу бута шинонидаву парвариш мекунем, – мегӯяд Ш. Бобоҷонов.
Қобил ба ёдоварист, ки ин кӯдакистон аз рӯи рейтинг дар саросари ҷумҳурӣ дар даҳаи аввал қарор гирифтааст.  Ин ба осонӣ ба даст нахоҳад омад.  
– Дар кӯдакистони мо 494 нафар кӯдакон аз ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои Наврӯз, Намуна, Қарабоғ, Боғи Сурх, Янги Боғи Сурх, Қатаған, Ҳаккарман, Дӯстлик, Корвон, Майдон ва Чотқол ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Тарбиячиён бо онҳо дар 18 гурӯҳи алоҳида кор мебаранд, – изҳор намуд Ш. Бобоҷонов. 
Кӯдакистон масканест, ки кӯдак аз назди падару модари худ ҷудо шуда, аввалин бор ба фазои нав ва иҳотаи одамони дигар ворид мешавад. То одат кардан ба ин фазо баъзе мушкилот низ пеш меояд, бо вуҷуди ин оҳиста-оҳиста вай бо кӯдакони дигар шинос мешавад, унс мегирад, ҳамроҳ бозӣ мекунаду шавқу завқ ҳосил менамояд. Ин фазо дар ташаккул ёфтани ӯ заминаи мусоид фароҳам меорад ва кӯдаки 3-6-сола ба мактаб тайёр мешавад. 
– Тавре ки иттилоъ дорам, қаблан дар кӯдакистон гурӯҳҳои тоҷикӣ фаъолият намекард. Ҳоло дар чанд гурӯҳ ин кор сурат мегирад ва натиҷаҳо чӣ гунаанд?
– Як қисми мардуми шаҳри моро тоҷиктаборон ташкил медиҳанд. Дар шафати мо мактаби таҳсилоти умумии рақами 17 воқеъ гаштааст, ки забони таълим ба забони тоҷикист. Барои ҳамин дар нишасту суҳбатҳо масъалаи дар кӯдакистони мо ташкил кардани гурӯҳҳои тоҷикӣ гоҳ-гоҳ сари забонҳо меомад. Ин боис гардид, ки ба ташкили панҷ гурӯҳи тоҷикӣ ҷиддан иқдом намоем. Ҳоло дар ин гурӯҳҳоямон Дилафрӯз Мирзоалимова, Барно Худойбердиева, Садоқат Рӯзматова, Насиба Кароматдинова ва Рухшона Нидоева ба таълиму тарбияи кӯдакони 6-сола машғуланд, ки баъзан онро «синфи 0» низ мегӯянд. Соли оянда онҳо ба синфи якуми мактаби тоҷикӣ пазируфта мешаванд.
Бар асоси ҳарфҳои Бобоҷонов ҳақи бадал барои як кӯдак 206 ҳазор сӯм муқаррар шудааст. Аммо агар аз як хонавода ду нафар ҷалб шуда бошад, миқдори бадали он 147 ҳазор сӯмиро ташкил мекунад. Боз дар кӯдакистон гурӯҳҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд, ки дар сурати қабул ба он барои ҳар як кӯдак падару модар танҳо 32 ҳазор сӯм мепардозанд. Дар кӯдакистони рақами 14 ҳудуди 60 нафар кӯдакони 3-5-сола таълиму тарбия мегиранд. Дар ин гурӯҳ кор дар ду баст ташкил карда шудааст ва ду гурӯҳ дар шакли алоҳида. Ин низ як имтиёзи хубест, ки тавассути чунин маблағи ночиз кӯдакони хурдсол таҳти назорат қарор мегиранд ва дар як вақт аз таълиму тарбия бархурдор мегарданд.
– Барои ташкили чунин гурӯҳҳо мо ҳудуди 100 миллион сӯм сарф намудем, то ки барои кӯдакон як бинои нисбатан кучак созем ва дар он шароити ҳадди ақалли бозӣ, таълимгирӣ ва хуш гузаронидани вақти онҳоро таъмин кунем. Як қисми ин маблағ аз ҳисоби шогирдонамон пардохт гардид, ки дар мактаби миёна барояшон сабақ додаам ва онҳо ҳоло дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ муваффақона кору фаъолият мекунанд, – мегӯяд Ш. Бобоҷонов.
– Гурӯҳи маҷбурӣ чӣ гурӯҳест ва он барои чӣ ташкил шудааст?
– Дарвоқеъ, мо як гурӯҳ ташкил кардаем, ки кӯдакон дар он чор соат дарс мехонанд. Онҳо кӯдаконе мебошанд, ки ба ягон кӯдакистон барои таълиму тарбия ҷалб карда нашудаанд. Аммо соли оянда бояд ба мактаби таҳсилоти умумӣ рафта хонанд. Барои ҳамин гуна қишри фарзандони мардум Ҳукумати ҷумҳурӣ қарори вижае содир намудааст, ки бар асоси он мо ин кӯдаконро ройгон мехононем. Теъдоди онҳо ҳоло 105 нафарро ташкил медиҳад.
– Се маротиба бо гирдоварии овозҳои зиёд дар «Опен-буҷет» ғолиб баромадед. Муборак бошад!
– Ташаккур. Ин ҳам дастоварди хеле калони кӯдакистони мо аст. Аз ҷумла, ин пирӯзӣ мусоидат намуд, ки соҳиби батареяи офтобӣ шудем. Минбаъд дар саҳни ҳавлии кӯдакистон атраксионҳои гуногун оварда насб мекунанд ва кӯдакон вақташонро шавқовар мегузаронанд. Фарши он бо сабзаи сунъӣ пӯшонда мешавад. 
Аз суҳбат бо Шӯҳрат Бобоҷонов боз ин маъниро дарёфтам, ки Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи МЕЛКО-100-ро таҳти татбиқ қарор додааст. Тибқи он  аз байни муассисаҳои таълими томактабии ҷумҳурӣ 100-то муассиса дар ҷараёни гузаронидани пурсишнома ширкат кардаанд. Ин лоиҳа бо ҳадафи беҳбуди сифати таълим гузаронида шуда, дар он кору фаъолияти директор, омӯзгорон, тарбиячиён, инчунин бархурди падару модарони кӯдакон таҳти мушоҳида қарор гирифтааст ва кӯдакон низ ба саволҳо посух додаанд.
– Ҷараёни таълиму тарбияро коршиносон ва кормандони вазорат аз соати 07 то 13.00 мавриди мушоҳида қарор доданд. Натиҷа хурсандибахш баромад ва мизонҳои муқарраршуда дар кӯдакистони мо пурра риоя карда шуданд, – мегӯяд мудир. 
Ногуфта намонад, ки ҳамшираи шафқат Саодат Эргашева ҳамеша кӯдаконро аз муоинаи тиббӣ мегузаронад. Хӯрокҳои лазизу бомаззаи ошпазҳо Саҳобатхон Мӯсоева, Дурдона Рӯзибоева ва Ситора Рӯзиқуловаро кӯдакон бо иштиҳо тановул мекунанд. Ҳайратовар ин аст, ки тарбиячиёни собиқадор Шоҳида Аҳмадова ва Гулчеҳра Мирзокалонова баъди фаъолияти тӯлонӣ дар 50-солагӣ коллеҷи омӯзгориро хатм карда, ба идомаи фаъолият пардохтаанд. 
Кӯдакистон ҷиҳати сабзонидану парвариши гулҳои гуногун низ таҷрибаи хос дорад. Гуфта мешавад, ки маблағи аз ҳисоби фурӯхтани гул бадастомада барои харидории ҷиҳози гуногуни кӯдакистон сарф мешавад.  
Шӯҳрат Бобоҷонов бо ҳамсараш – Шаҳло, ки омӯзгори тоифаи олии фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 17 мебошад, соҳиби панҷ фарзанд ҳастанд. Ду духтари онҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ, як духтарашон дар Донишгоҳи хусусии Ангрен таҳсил мекунанд. Ду фарзанди дигари хурдӣ мактабхон мебошанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Шаҳри АНГРЕН.
Вилояти ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: