ЧАРО МАКТАБ ОМОДА НЕСТ?!

Ба оғоз гардидани соли хониши нави 2023-2024 рӯзҳои башумор боқӣ монданд.

Акнун таътили тобистонаи шогирдони мактаб ба итмом расида, онҳо паси мизҳои тадрис ҳозир хоҳанд гашт. Бахусус, садои нахустини зангӯлаи мактабро маҳз хонандагони синфи якум бо пазмонии ҳарчи бештаре интизоранд. Аммо баъзе аз макотиби таълими ҳамагонии ноҳияи Шаҳрисабз ба қабули донишомӯзони худ комилан омода нестанд. 

Мактаби миёнаи рақами 58 дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ғелон» ҷой гирифтааст. Ин мактаб аз қадимтарин масканҳои таълимӣ ба шумор меравад, ки соли 1929 чун дабистонҳои маҳви бесаводӣ аз ҷониби ҳукумати вақт созмон ёфта, ҳазорҳо нафар шогирдонро таълиму тарбият дода, дар саводнок гардидани фарзандони деҳа ва атрофи он хидмати босазоеро ба анҷом расонидааст. Бояд гуфт, ки бинои алоҳидаи мактаб соли 1932 қад рост намудааст ва шоҳидон қисса карданд, ки деворҳои ин иморат аз санг чида шуда, мардум ба таври ҳашар сохтаанд. Аммо минбаъд ба талаботи давр созгор наёмада ва ҳарчанд аҳамияти таърихӣ дошт, аз сабаби тангии ҷой ногузир вайрон карда шуд. Ҳукумат соли 2015 бинои нави дуошёна сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Мактаб боз соҳиби ду бинои андаке қадимтаре аст, ки аз як ошён иборат мебошанд ва соли 1985 сохта шудаву дар замони истиқлолият тибқи дастури ҳукумат чандин сол муқаддам аз ин таъмири кулл дида буд. Ин биноҳо бо гузашти солҳо дубора таъмирталаб гаштаанд, аммо шӯъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия дар иҷрои ин амал аз паси панҷа менигарад. Директори мактаб Абдураҳим Қурбонов изҳори ташвиш намуд, ки дабистон аз соли 2019 рӯйи таъмирро надидааст ва муроҷиатҳо ба унвони идораҳои дахлдор бидуни натиҷае боқӣ мемонанд. Сарвари мактаб таъкид кард, соли чаҳорум аст, ки дабистон муҳассилонро дар ҳоли низоре қабул мекунад ва устодони ин маскани таълим ба саволҳои бешумори падару модарон посухи дақиқе дода наметавонанд. Ҳарчанд солҳои пеш ин ҳолати фарсудаи мактаб чандон ба чашм намехӯрд, бо гузашти солҳо фарши синфхонаҳо, намуди умумии бино таъмирталаб шуда, кунун як вазъи риққатоваре гирифтааст. 
Собиқ директори ин даргоҳи таълим Шариф Холиқназаров бо нигаронии бештаре изҳор дошт, ки дар чунин ҳол оғоз гаштани дарсҳоро умуман дар ёд надорад. Чор сол ба ин сӯ такрор гаштани як ҳолати дилбазан ҳар фарди ҷомеаро бефарқ намегузорад. Ба ақидаи ӯ, ин дар ҳолест, ки Президент  соли 2023-ро «Соли эътибор ба инсон ва таълими босифат» эълом дошта, дар соҳаи маориф як қатор ислоҳоти муфид ба амал овард. 
Рӯзибойи Қурбониён – як тан аз омӯзгорони варзидаи ин мактаб гуфт, ки аз таъмир бенасиб мондани дабистон ва дар як ҳоли фатарот қарор доштану дар чунин вазъи дилрешкунанда оғоз гардидани соли нави хониш  ба ҳолати равонии хонандагон таъсири хеле баде мерасонад. 
Чандин сол аст, ки дар Ӯзбекистон аз падару модарон ҷамъоварии маблағ дар робита ба таъмири мактаб манъ шудааст ва ин корро ҳукумат вазифаи худ мешуморад. 
Бояд таъкид кард, ки фасли сармои сол дар ин мавзеи кӯҳистонӣ, ки зиндагии мардумаш дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ва 87 километр дур аз маркази маъмурии ноҳия бо мушкилот мегузарад, назар ба ҳамвориҳо тӯлонитар ва 5-6 моҳ идома мекунад.  Як мисол кофист, ки фарқияти вақтро дар шароити кӯҳистон ба қиёс гирем: Ҳанӯз дар Ғелон ва Кӯл аз ангорҳо (ҳота) ҳосили ғалладонаро набардоштаанд ва худ шоҳиди он будем, ки пояи  гандуму ҷави ин мардум ҳанӯз сабз аст. Ин дар ҳолест, ки ҳосили ҷаву гандум дар ҳамвориҳо авохири моҳи май ва нимаи моҳи июн комилан ҷамъоварӣ мешаванд. Дар сардиҳои дерпойи сол ҷамоаи омӯзгорони мактаб ва шогирдони онҳо дар фаршҳои таъмирнодида маҷбур ҳастанд, ки ба тадрису таълим машғул гарданд ва ногузир сиҳатии худро аз даст диҳанд. 
Хуб, ҳолати равонии хонандагонро метавон ба ифоқа овард, аммо сиҳатии аздастрафтаро-чӣ? 

 


Аз рӯйи маълумоти бадастомада, барои таъмири мактаб шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия дар сметаи кории тармим ҳудуди 26 миллион сӯм маблағ дархост намудааст ва 26-уми июли соли ҷорӣ қарори ҳокими ноҳия низ ба имзо расидааст, аммо аз ин маблағ то кунун на пайе ҳасту на ҳайдаре!
Аммо аҷоиботи кор он аст, ки ҳар сол омодагии мактабҳо ба соли нави хониш аз тарафи комиссияи махсусе омӯхта мешавад ва барои идораҳои болоӣ ҳисоботе ироа мегарданд ва дар чунин ҳисобот ҳоли мактаби рақами 58-уми ноҳияи Шаҳрисабз чӣ гуна арзёбӣ шуда бошад?!
Бояд ёдовар гашт, ки 11-уми август дар деҳаи Ғелон бо ширкати сарварони чаҳор идораи ҳуқуқии ноҳия мулоқоте баргузор гардид, ки рӯзномаи «Овози тоҷик» дар шумораи 16-уми август таҳти унвони «Мушкилиҳо зиёданд, аммо..!» гузоришеро ба нашр расонида буд. Дар ин мулоқот дар радифи даҳҳо муаммоҳои рӯзгори мардум мушкилоти вобаста ба тармими мактаби рақами 58 низ ироа гардид. Раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Сафармурод Ҷабборов аз ин мавзӯи доғи маориф сухан кушода, изҳори надомат кард, ки мактаби деҳа ба соли хониш омода нест! 
Бояд гуфт, ки ҳоло дар мактаби рақами 58 543 хонанда таҳсил мегиранд, ки ба онҳо 62 нафар омӯзгорон таълиму тарбият медиҳанд. Ин мактаб дар масофаи 20 километр дур аз деҳаи Ғелон, дар мавзеи Яккахона филиал дорад, ки 53 нафар хонандаро фаро гирифтааст ва 8 нафар омӯзгорон аз Ғелон рафтаву ба тадриси онҳо машғул мешаванд. Мактаб аз пешгомтарин дабистонҳои ноҳияи Шаҳрисабз ба шумор меравад ва дар он 34 маҳфил аз фанҳои гуногун ва касбҳои мухталиф амал мекунанд. Хоса шогирдони ин мактаб дар соҳаи варзишу санъати тасвирӣ ангуштнамои минтақа гаштаанд. Агар муваффақияти онҳоро баршуморем, танҳо дар чор соли охир дар сабқатҳои сатҳи ҷумҳуриву байналхалқӣ фаъол ширкат варзида, соҳиби 19 медал гаштаанд. Соҳаи варзишро дар ин ҷо муаллими тоифаи олӣ Самрат Сайфиддинов раҳбарӣ мекунад. 
Аммо назар ба таъкиди директори мактаб Абдураҳим Қурбонов, хонандагон маҷбур ҳастанд, ки дар мактаб дар ду баст таҳсил гиранд. Зеро аз 24 синфхонаи мавҷуда ҳамагӣ 16 синф амалкунанда маҳсуб меёбанд, боқӣ чун хонаи муаллимон, директор, ҷонишини директор, китобхона ва лаборатория хидмат менамоянд. Агар барои корҳои маъмурӣ ва китобхонаву лабораторияҳои мактаб бинои наве сохта шавад, иловатан 12 синфи дигар фаъол мегардад ва ин имкон медиҳад, ки таълим дар як бахш идома кунад. 
Омӯзгор Рӯзибой Қурбонов гуфт, ки дар шароити кӯҳистон дар ду баст таълим додани хонандагон аз хатарҳо холӣ нест. Дар ду чоряки соли хониш дар мавзеъҳои кӯҳистонӣ зуд шом мефарояд ва аз эҳтимол дур нест, ки шогирдони мактаб ба ҳайвонҳои ваҳшӣ рӯбарӯ гардида, мавриди ҳамлаи онҳо қарор гиранд. Вай таъкид кард, ки дар масофаи 500 метр як бинои мактаб воқеъ гардидааст, ки замоне барои ташкил намудани коллеҷ аз дасти мактаб гирифта буданд. Ҳоло дар он мавзеъ бинои наве низ сохта шуда, соҳиби 180 ҷойи таҳсил мебошад ва имрӯзҳо беназорату бекор хобида, худ аз худ фатарот мегардад. Хуб мешуд, ҳамон бино дубора ба мактаби рақами 58 баргардонда шавад. Агар ин кор ҷомаи амал пӯшад, дабистон тадрисро дар як баст мегузаронад.
Аммо набудани китобҳои бадеӣ дар дабистон низ як мушкили ҳалталаб маҳсуб меёбад. Китобхонаи дабистон аз соли 1985 то 2009 соҳиби 6000 ҳазор адад китоби бадеии тоҷикӣ будааст, аммо дар пайи китобситезиҳои солҳои минбаъда ҳамаро аз рафҳо чидаву чун боқимондаи замони шӯравӣ ба доми фано супоридаанд. Ҳоло бо саъю эҳтимоми устодону шогирдони дилсӯз 500 нусха китоби бадеии тоҷикӣ гирд оварда шуда, ба хазинаи мактаб ворид гаштааст. Аммо ин теъдод хеле кам буда, идораҳои дахлдорро мебояд дар таъмини китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ бо адабиёти бадеии ба забони миллии ин мардум саъй кунанд. Ин мушкил хоси як мактаби рақами 58-и ноҳияи Шаҳрисабз набуда, тамоми дабистонҳои таълимашон ба забони тоҷикии ҷумҳурӣ аз он азият мекашанд. Акнун фурсате расида, ки мушкили китобҳои тоҷикӣ дар идораҳои болоӣ муҳокима ва ба таври мусбат ҳал карда шавад!

Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Қашқадарё.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: