Ўзбекистон ва ИМА масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

6 марти соли ҷорӣ вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Ӯзбекистон Ҷонатан Хэникро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои кунунии шарикии дуҷониба, аз ҷумла тадбирҳо оид ба татбиқи саривақтии созишномаҳо дар сатҳи олӣ, инчунин дурнамои таҳкими ҳамкориҳои намояндагони доираҳои тиҷоратии ду кишварро баррасӣ карданд.

Омодагии тарафайн ҷиҳати ҳавасмандгардонии тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва кооператсияи саноатӣ изҳор карда шуд.

Дар охири соли 2023 гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва ИМА 657 миллион долларро ташкил дод. Ҳаҷми сармоягузориҳои азхудшуда 922,8 миллион долларро ташкил дод. Айни замон дар Ӯзбекистон 294 корхона бо иштироки сармояи Амрико, аз ҷумла 148 корхона бо сармояи 100 фоизи хориҷӣ фаъолият доранд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: