ПЕШРАФТИ КОР БА КАДРҲОИ ХУБ ВОБАСТА АСТ

Дар оинаи ҷаҳоннамо ба як филми кӯтоҳметражӣ чашмам афтид.

Ба дорухона як зан барои харидани дору медарояд. Фурӯшанда, ки дар соҳаи дорушиносӣ соҳиби маълумот набуд, рӯйхати доруҳои навиштаро хонда наметавонад ва доруҳои дигарро ба ин зан мефурӯшад. Аз миён якчанд вақт нагузашта ҳамон зан ба дорухона ҳаллосзанон даромада меояд ва аз гиребони фурӯшанда мегирад. Вай мегӯяд, ки фарзанди хурдсолаш баъди истеъмоли доруҳои додаи ӯ дар ҳолати мадҳушӣ ба шифохона афтод. Он доруҳо фақат барои калонсолон муқаррар шудааст, аммо фурӯшанда беэътиноӣ карда, ин доруҳоро ба вай додааст. Ҳарчанд фурӯшанда аз пеши вай узрхоҳӣ намуд, аммо зан бо сари хаму дили пур аз андӯҳ дорухонаро тарк намуд.
Инак, мо ба соҳаи таълим рӯй меорем. Дар як синф 20-25 нафар хонандагон таҳсил мекунанд ва ҳар кадоми онҳо хулқу атвор, донишу маҳорати гуногун доранд. Агар омӯзгор ба монанди фурӯшандаи дорухона бемасъулиятӣ ҳис намояд ва ба хонандагон нодуруст таълиму тарбия диҳад, ҷомеа зарар мебинад. Барои ҳамин ҳар як соҳа бояд бо кадрҳои болаёқат ва аз ӯҳдаи иҷрои кору вазифаи худ мебаромадагӣ таъмин гардад. Дар акси ҳол ҷамъият аз тараққиёт бозмемонад ва пешравӣ дида намешавад.
– Албатта, гӯшт бе устухон намешавад. Дар байни кадрҳои соҳаҳои гуногун кас метавонад бо ашхосе рӯ ба рӯ шавад, ки аз ӯҳдаи одитарин кор баромада наметавонанд. Зимни тайёр кардани кадрҳо барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ наметавон ба саҳлангорӣ роҳ дод. Баъзан шоҳиди он мешавем, ки як идда ҷавонон ба ном ба донишгоҳ ё донишкада мераванд. Вақташон гузарад, кифоя. Чунки оқибат соҳиби диплом хоҳанд шуд. Ин ҳаргиз дуруст нест. Бо диплом ба сари кор омадани чунин ҷавонон ҳамон ҷамоаро ба ақиб мекашад, ба кори дигарон халал мерасонад, ба кайфияти шахсони бомасъулияту пухтакор зарари маънавӣ мерасонад. 
Ҳоло дар мактабе, ки ман кор мекунам, кадрҳои болаёқату бомаҳорат ва таҷрибанок хеле зиёданд. Директори мактаб Ҳабибҷон Ҷӯраев ҳаргиз намегузорад, ки ягон омӯзгор «сараму дилам» ба кор ҳозир шавад. Вай ҳамеша аз омӯзгорон тақозо менамояд, ки ба дарсҳо бо тайёрии пухта оянд, зеро ҳақ надоранд, ки дар ҳақи фарзандони мардум хиёнат кунанд. Вай мегӯяд, ки мактаб маскани таълиму тарбия мебошад ва дар ин маскан ба саҳлангорону бепарвоён ва бемасъулиятон ҷой нест!
Дарвоқеъ, дар байни маҳсулоте, ки ягон корхона истеҳсол мекунад, метавон якто-дуто маҳсулоти пастсифат ё умуман корношоям  пайдо кард. Зеро онро бо маҳсулоти дигар иваз кардан мумкин аст. Аммо «маҳсулот»-и мактаб мисли маҳсулоти корхонаи истеҳсолӣ нест, ки мисли маҳсулоти сифаташ паст бо нархи арзон фурӯхта шавад!
Чунин мешуморам, ки дар ҳамаи соҳаҳо бояд кадрҳои болаёқат машғули кору фаъолият бошанд, зеро аз онҳо ба ҷамъият бештар нафъ мерасад. Сарманшаи ҳамаи пешрафту тараққиёт маҳз ба мактабу омӯзгорони он вобаста аст. Ҳарчанд аксарияти кормандони ин соҳаи басо пуршарафу масъулиятнок дар бобати дуруст таълиму тарбия додани наслҳои наврас ҷаҳду талош ба харҷ медиҳанд, биринҷ бе курмак намешудааст. Ҷавононе, ки мактабро базӯр хатм мекунанд, бояд сари кореро гиранд, ки мувофиқи салоҳияти худ интихоб мекунанд.  Аммо дар ин самт наметавон кормандони соҳаи таълиму тарбияро гунаҳкор шумурд. Ҳар як омӯзгор мехоҳад, ки натиҷаи кораш босамар ва шогирдонаш ҳарчи бештар шомили мактабҳои олӣ шаванд. 

Хушбахт БОБЕКОВ,
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии  рақами 11-уми 
ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: