Қадамҳои нав дар самти тадқиқоти ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ

Ҳайати вакилон таҳти роҳбарии директори Маркази тадқиқоти рушди таҳсилоти олӣ Ш.Ёқубов дар Форуми VIII ҷаҳонии таҳсилоти олӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия иштирок дорад.

Ин форум, ки таҳти шиори “Барқарор кардани адолат - таҳсилоти олӣ дар давраи пас аз пандемия” баргузор мешавад, мутахассисон ва коршиносони пешбари соҳаи таҳсилоти олиро аз беш аз 17 кишвари ҷаҳон гирди ҳам овард.

Дар ҷараёни форум байни Донишгоҳи миллии тадқиқотии Малайзия (Universiti Sains Malaysia), ки дар рейтинги байналмилалии донишгоҳҳои QS дар ҷои 137-ум қарор дорад ва Маркази тадқиқоти рушди таҳсилоти олӣ "харитаи роҳ" ба имзо расид.

Ин “харитаи роҳ” барои панҷ сол пешбинӣ шуда, дар он барои ҷонибҳо вазифаҳои мушаххас оид ба гузаронидани тадқиқоти муштарак, ташкили табодули муҳаққиқон, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва табодули таҷриба дар соҳаи аккредитатсия, ташкили семинару вебинарҳои муштарак дар самти баланд бардоштани иқтидори соҳаи таҳсилоти олӣ муайян карда шудааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: