ДЕҲАИ МЕЛИХӮҶА ОБОД МЕШАВАД

Дар маҳаллаи Мелихӯҷаи ноҳияи Каттақӯрғон дар асоси барномаи «Хонадони обод – кӯчаи обод – маҳаллаи обод» корҳои сохтмониву ободсозӣ амалӣ мегарданд.

Маҳаллаи Мелихӯҷа, ки беш аз панҷ ҳазор нафар аҳолӣ дорад, ба тоифаи маҳаллаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодиаш душвор дохил шудааст. Гурӯҳи кории ҳокимият муаммоҳои чор деҳаи ҳудудро муайян кард. Аз ҷумла, аз 38 кӯчаи дохилӣ 30-тоаш таъмирталаб аст. Бояд 12 километр роҳи се кӯчаи марказӣ мумфарш шавад. Дар масофаи 35 километр роҳ сангчамайда паҳн кардан лозим аст. Ғайр аз ин, дар масъалаи таъмини барқ, гази табиӣ ва оби ошомиданӣ низ як қатор норасоиҳо вуҷуд доранд. Сутунҳои барқиву трансформаторҳои кӯҳнаро иваз, ду манораи обро таъмир ва бунёди ду манораи нав, инчунин ба масофаи 19 километр кашидани хати оби ошомиданӣ зарур аст. Баъди ин муаммои деринаи 920 хонавода ҳалли худро меёбад.
Ҳокими вилоят  Э. Турдимов ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набудани шароити мавҷудаи мактаби рақами 103-ро таъкид карда, аз рӯи ислоҳи вазъият ба мутасаддиён супоришҳо дод. Инчунин, вазифаҳое, ки бояд дар се мактаби боқимонда иҷро шаванд, муайян карда шуданд. Ба китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ 1000 адад китоби нав доданд.

Ҳ. ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: