«КУМИР» ВА «ХОББИ»

Мақолаи «Хобби» чист ва «кумир» кист?»-и Журналисти шоистаи Ӯзбекистон, рӯзноманигори собиқадор Маъруф Отахонзода («Овози тоҷик», 01.01, с.2022,№1)-ро хонда қалам ба даст гирифтам.

Дар ин матолиби асосноку барҷо андешаҳои ҷолиби диққат ҷой доранд. Хостам мулоҳизаҳоямро дар ин бобат иброз дорам.
Маълум аст, ки «хобби» маънии шавқу завқро дошта, «кумир» ба маънои парастиш кардан, дӯстдори чизе будан аст. Ҳар ду калима чун бисёр истилоҳоти русиву интернатсионалӣ васеъ истифода мешаванд.
Дар мактаби деҳаамон Варзики ноҳияи Чуст Ҳакимбой Аминов (охираташ обод бод!) ном омӯзгори физика доштем. «Хобби»-и он кас шоҳмотбозӣ буд. Дар бозиҳои байни муаллимон аксаран ғолиб меомаданд. Чанде ҷавонон ба устод пайравӣ карда шоҳмотбозиро ёд гирифтанд ва он ба «хобби»-и онҳо низ табдил ёфт.
Ҳамдарси собиқу ҳампешаам, омӯзгори шодравон Иброҳим Иброҳимови сӯхӣ дар овони донишҷӯйӣ, вақти холӣ, ки ёфт, ба волейболбозӣ машғул мешуд, яъне ин бозӣ «хобби»-аш буд. Ҳамсабақи дигари овони донишҷӯйии мо (Худо раҳматӣ) Йӯлдош Йӯлдошеви нуратоӣ пас аз дарсҳо ба «хобби»-и худ – сексияи гӯштӣ мешитофт ва дар ин бобат ба дараҷаи устодӣ расида буд. Ҳар дуи онҳо дар мусобиқаҳои Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Айнӣ ва берун аз он фаъолона иштирок мекарданд.
Ба қарибӣ аз радио шунидам, баранда аз як ҳунарпешаи театр пурсид, ки «хобби»-и ӯ чист? Вай посух дод, ки замин нарм кардану дар он харбузаю тарбуз коридан ва ба парвариши онҳо машғул шудан ба вай роҳат мебахшидааст. Инак, дар байни ҳунарварони саҳна низ заминдӯстону кишоварзон будаанд.
Рӯзномахони арҷманд шояд мехоҳад донад, ки «хобби»-и камина чист? Ман ҳанӯз аз даврони тиллоии донишҷӯӣ – охири солҳои 70-уми асри ХХ мисли ҳамаи соҳиб «хобби»-ён аввал «кумир» пайдо кардам. «Кумир»-и ман рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») буд. Баъдан хониши ҳамарӯзаи рӯзнома ба «хобби»-и ман бадал гардид. Яъне ҳоло ҳаёти худро бидуни обуна шудану мунтазам хондани ин рӯзномаи писандидаам тасаввур карда наметавонам. Илова бар ин ҳоло хабару мақола ва лавҳаю очеркнависӣ низ ба «хобби»-и банда мубаддал мегардад. Яъне ҳамкории эҷодии ман ба рӯзномаи «Овози тоҷик» идома дораду идома хоҳад ёфт. Барои ин ман аз рӯзномаву аҳли қалами он сипосгузорам.
Хулоса, гуфтанӣ ҳастам, ки бисёр соҳибкасбон, ғайр аз касбу кор ва ҳунари дӯстдоштаашон, машғулияти хушкарда – «хобби»-и худро доранд ва камина низ аз ин «дилбастагӣ» барканор нестам.

Ш.МИРЗОЕВ,
вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: