Имрӯзҳо мардуми меҳнаткаши мо фасли зебои табиат, фасли сабзишу шукуфоиро бо як рӯҳияи болида пешвоз мегиранд.
Дар шаҳру деҳаҳои дурдасти кишвар корҳои баҳорӣ: тоза кардани кӯчаву боғҳо, ҷӯйбору атрофи биноҳо, барои кишт омода кардани замин ва ғайра дар авҷ аст. Барои бо руҳияи тозаву ғайрати дучанд пешвоз гирифтани иди Наврӯз дар муассисаву ташкилот, корхона, донишгоҳу донишкадаҳо чорабиниҳои идона баргузор мегарданд. Бобою момоҳои пурдидаи мо даст ба дуо бардошта ба баҳори нав, ба замонаи осуда, ки дар он сулҳу салоҳ ҳукм меронад, шукрона мегӯянд. Шоир фармудааст:
Ба баҳори нав расидам,
зи баҳор шукр гӯям,
Ба нигори нав расидам,
зи нигор шукр гӯям.
Ба хумори ишқ шодам,
ки маро ба ман нишон дод,
Ба хумори дил расидам,
зи хумор шукр гӯям...
Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо ташаббуси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ нишасти матбуотӣ таҳти мавзӯи “Наврӯз – иди умумихалқӣ” баргузор шуд. Дар он роҳбарон ва фаъолони марказҳои милливу фарҳангии ҷумҳурӣ иштирок карданд.
– Ҷашн гирифтани иди Наврӯз баъд аз истиқлолияти кишвар боз ҳам васеътар гардид. Аз қадимулайём ин идро ҳамчун рамзи эҳёи табиат, сабзиш, дӯстиву якдилии халқҳо, ҳифз ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҷашн мегиранд. Дар мамлакатамон намояндагони миллатҳои мухталиф, вале орзуву ниятҳояшон муштарак дӯстона ҳаёт ба сар мебаранд. Онҳо Наврӯзро бо як тараддуди ба худ хос пешвоз мегиранд. Наврӯзи имсоларо низ бо як шукӯҳи идона ва рӯҳияи болида мегузаронем. Ман аз номи маркази миллӣ-фарҳангии туркманҳо тамоми мардуми Ӯзбекистонро бо Наврӯзи оламафрӯз муборакбод менамоям, – гуфт дар баромади худ ҷонишини раиси Маркази миллӣ-фарҳангии туркманҳо Гулдона Авездурдиева.
– Вақте Ҷамшед ба тахти подшоҳӣ нишаст, ҳамон рӯзро рӯзи нав, яъне Наврӯз эълон намуд. Дар Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин идро ба тарзи ба худ хос ҷашн мегиранд. Дар Ӯзбекистони офтобрӯяи мо низ ҳар сол намояндагони миллатҳои гуногун дар гирди суфраи наврӯзӣ гирдиҳам омада, шеъру тарона, таомҳои миллӣ, урфу одат, либосҳои миллии худро намоиш медиҳанд. Ба ин рӯзҳои пурсаодат шукрона мегӯем, – изҳор намуд ҷонишини раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ Насиба Зайниддинова. – Ба қарибӣ бо намояндагони миллатҳо таоми наврӯзӣ – суманакро омода кардем. Суманак низ рамзи серию пурӣ, таоми қадимаи мардум мебошад.
Гуфта шуд, ки Наврӯз дар сафоратхонаҳои хориҷии Ӯзбекистон низ васеъ ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи ид аз ҳамватанони хориҷиамон паёмҳои идона мерасанд ва онҳо низ чорабиниҳои худро бахшида ба Наврӯз мегузаронанд.
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик”.