ТУҲФАҲОИ ХАЙРИЯ БА КӮДАКИСТОНҲО СУПУРДА ШУД

Агентии таълими томактабӣ якҷоя бо клуби хоккейи «Ҳумо» 9 феврали соли равон дар Қасри яхбандии бисёрсоҳаи «HUMO arena» бозии хайрияи хоккей ташкил намуданд. Ин бозӣ байни тимҳои хоккейи “Ҳумо” – «Ақтобе» (Қазоқистон) ба вуқӯъ пайваст.

Тамоми маблағе, ки дар доираи ин бозӣ ҷамъоварӣ гардид, барои харидани туҳфаҳо сарф карда шуд. 
Ин туҳфаҳо дар доираи як чорабинии доманфарох ба кӯдакони хонаводаҳои камтаъмин, имкониятҳояшон маҳдуд ва маъюбоне супурда шуд, ки дар муассисаҳои таълими томактабии шаҳри Чирчиқ, ноҳияи Қибрай ва як қатор ноҳияҳои дигари вилояти Тошканд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин аз ин туҳфаҳои хайрия як гурӯҳ кудакони гирифтори ташхиси бемории вазнин низ баҳраманд гардиданд, ки дар айни ҳол мавриди муолиҷаи тиббӣ қарор доранд.
Дар охири бозӣ «Борони бозичаҳо» ташкил карда шуд, ки дар маҷмӯъ, аз 1 ҳазору 300 бозича ҷамъоварӣ карда шуд ва маблағи зиёд низ ба даст омад. Ин маблағ низ барои харидани бозичаҳои гуногун масраф гардид.
Намояндагони Агентии таълими томактабӣ ва клуби “Ҳумо” дар идомаи ин чорабинӣ ба шифохонаҳои бемориҳои онкологии ҷумҳурӣ ва шаҳри Тошканд низ ташриф оварданд. Дар аснои он як қисми маблағи ҷамъоваришуда ва бозичаҳои зиёд ба ин бемористонҳо тақдим гардид.
Идомаи ин корҳои хайр дар муассисаҳои таълимии томактабӣ идома дорад. Хусусан, як қисми бозичаҳои аз бозии хайрия бадастомада ба муассисаҳои таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон низ интиқол хоҳанд ёфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: