РОБОТОТЕХНИКА ВА МАКТАБ

Истилоҳи робототехникае, ки имрӯз дар забонамон бисёр кор фармуда мешавад, кай пайдо шудааст?

Истилоҳи робототехникае, ки имрӯз дар забонамон бисёр кор фармуда мешавад, кай пайдо шудааст? Калимаҳои «робот» ва «робототехника» бори аввал соли 1921-ум дар асари «Роботҳои ҳамакораи Россум»-и нависандаи чех Карел Чапек истифода шудаанд. Баъди ӯ Айзек Азимов калимаи «робототехника»-ро дар асари илмию фантастикии худ «Дурӯғгӯй» ба кор бурдааст.

Имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ ба муҳандису мутахассисоне, ки дар самти технология кор мебаранд, талаб аз пештара зиёд аст. Дар роҳи ташаккул додани насли кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи асри техника дар мамлакат корҳои васеъмиқёс анҷом дода мешаванд. Ба фикрам, дар ин раванд бояд ба як масъала эътибори ҷиддӣ дод, ки он ба барномаҳои таълимии мактабҳо дохил кардани фанни робототехника мебошад. Зеро дар барномаҳои таълими замонавии давлатҳои ривоҷёфта курси робототехника нақши пешбаранда дорад. Дар як даврае, ки идоракунии технология бо интеллекти сунъӣ вусъат пайдо мекунад, зарурате ба миён омадааст, ки робототехника дар мактабҳо ба сифати фан омӯзонида шавад. Бино бар ин, имрӯз дар ҳамаи марказҳои таълимии пешрафта гурӯҳҳои робототехника амал мекунанд ва сафи омӯзандагон торафт зиёд мешавад. Сарфи назар аз он ки нархҳои омӯзишӣ баланданд, курсҳои робототехника оммавӣ мегарданд ва падару модарон ба он беш аз пеш таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Пас, сафи онҳое, ки мехоҳанд фарзандонашон ихтироъкору офаранда бошанд, кам нест. Таассуф, ки ин талаб на дар мактабҳо, балки дар марказҳои таълимии пулакӣ қонеъ гардонда мешавад. Ба мушоҳида мерасад, ки дар дарсҳои робототехникаи кишварҳои хориҷӣ хонандагон донишҳои аз дигар фанҳо гирифтаашонро бо кӯмаки машғулоти амалӣ мустаҳкам менамоянд. Масалан, хонанда донишҳои физикии ҳосилнамудаашро барои сохтани ашёи техникӣ истифода мебарад, дар ин раванд моҳияти қонуну қоидаҳои физикиро дарк менамояд, ҳисобу китоби математикиро ба амал татбиқ менамояд, ба амрҳое, ки аз информатика омӯхтааст, муроҷиат менамояд, донишҳои назариашро ба корҳои амалӣ равона месозад. Хонандагон дар ин дарсҳо, ҳам дар корҳои офарандагии индивидуалӣ, ҳам дар рафти иҷрои дастаҷамъонаи супоришҳо, асосҳои механикаро идрок менамоянд, қобилияти таҳлилиашон ривоҷ меёбад.
Дар асл, агар ба бачаи ба техника ҳусни таваҷҷӯҳ надошта низ терморегулятори аквариум, тормозе, ки мошинро аз рафтан бозмедорад, принтери 3Д, пулти идоракунандаи телевизор, бозичаю ҳавопаймоҳои идораашон фосилавӣ, дару дарвозаҳои худбозшаванда, ки кори электротехника аст, ба таври аёнӣ нишон диҳем, дар ӯ қобилияти ихтироъкорӣ рушд хоҳад кард. Зеро олимон собит намудаанд, ки инстинкти офаридгорӣ дар инсон дар тӯли умр фаъол мегардад.
Дар дарсҳои робототехникае, ки ба барномаи таълимии мактабҳои Русия ворид карда шудаанд, дониш асосан дар се самт: барномарезӣ, конструксиякунонӣ ва микроэлектротехника дода мешавад. Дар ин самтҳо дар дили хонанда ҳангоми сохтани ашёи нав иштиёқи офаридани авлоди нави технологияи замонавӣ пайдо мешавад, ба офаридани муъҷизаҳо бовар мекунад. Дар синфҳои поёнӣ сохтани деталҳои оддӣ ва микросохторҳои шавқовар ба воситаи бозиҳо омӯзонда мешавад, дар синфҳои болоӣ бошад, хонанда ба зинаи барномарезии воситаҳои техникӣ мегузарад. Баргузории сабқатҳо байни робототехника ва дигар воситаҳои техникӣ хонандагонро ба ҷустуҷӯ ва навсозиҳо водор менамояд. Малакаҳои моделсозӣ ва идораи алгоритмҳо дар асоси дониши аз синфҳои поёнӣ ҳосилгардида сурат мегирад. Дар ин маврид донишҳои назарии аз китобҳо гирифташуда ба амал татбиқ карда мешаванд, хонанда ҳамаро ба таври аёнӣ мебинад.
Дар асл бачаҳо аз хурдсолӣ ба вайрон кардани чизе ва донистани сохти дарунии он таваҷҷӯҳ доранд, диққати онҳоро деталҳои хурд ба худ мекашанд. Бояд ана ҳамин гуна рағбатро дар мактаб ташаккул дод. Хусусан, хонандагони мактабҳои ба физикаю математика ва информатика ихтисосонидашуда ба майдони амалиёт ниёз доранд. Дар ин маврид пешниҳод менамоям, ки ба таркиби дарсҳои технология, ки дар барномаи мактабӣ вуҷуд дорад, дарсҳои робототехника ворид карда шавад. Барои он, ки дарсҳои робототехника натиҷаи дилхоҳ диҳанд, мактабҳо бояд пойгоҳи моддию техникии мустаҳкам дошта бошанд. Зеро дарсҳои робототехника корҳои амалиро тақозо доранд.

Ибодат РАВШАНОВА,
омӯзгори фанни технологияи мактаби рақами 322-юми ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканд.  

  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: