СОҲИБИ КАСБИ ПУРШАРАФ

Дар ҳаёт инсон бо эҳсоси миннатдорӣ нисбати волидайн, мураббӣ ва омӯзгорон зисту зиндагонӣ мекунад.

Дар ҳаёт инсон бо эҳсоси миннатдорӣ нисбати волидайн, мураббӣ ва омӯзгорон зисту зиндагонӣ мекунад.
Омӯзгорӣ ва мактаб. Яке касби пуршараф, дигаре даргоҳи муқаддас аст. Баробари ба забон овардани ин калимаҳо солҳои мактабхонӣ ба ёд меояд. Солҳои бебозгашти ҷавонӣ, дарсхонӣ, сӯҳбат бо ҳамсинфон, ҳазлу шӯхӣ, лаҳзаҳои хотирмони дарсҳои шавқовари омӯзгорон ва ғайра. Дар як манбаъ хонда будам: «Кӯдак оинаест дар ғояти хирагӣ. Фақат муаллим метавонад бо заҳмати зиёду бардавом ин оинаи басо нозукро сайқал диҳад». Дарҳақиқат, омӯзгор дар баланд бардоштани лаёқати азхудкунии  хонандагон, худшиносӣ, дониш, ҷаҳонбинии ҳар як фарди ҷомеа нақши муҳим мегузорад. Ба наврасон навиштану хонданро меомӯзад. Ба ҷавонон роҳи ҳаёт, фатҳи марраҳои баланд ва бартараф намудани мушкилоти зиндагиро нишон медиҳад.
Албатта, то ба дараҷаи камолот расидани мо – хатмкардагони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 34-уми ноҳияи Сайҳунободи вилояти Сирдарё омӯзгорони зиёд саҳм гузоштаанд. Деҳқон Каримов, Одинабой Бобоёров, Турғун Зуҳуров (руҳашон шод бод), Тӯхтагул Мирзоева, Сафарбой Эргашев, Шуҳрат Азизов, Олим Худойбердиев ва Гулзора Муродинова бо дарсҳои пурмазмуни худ дар хотироти мо нақш гузоштаанд. Фанни забон ва адабиёти тоҷик бешубҳа, дар қатори онҳо ҷойгоҳи хоса дошт. Тавассути ин фан мо баробари аз худ кардани забони тоҷикӣ бузургон, шоиру нависандагони адабиёти худро шинохтем. Асарҳои назмиву насрии бебаҳои онҳоро мутолиа кардем. Масалан, муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик Гулзора Муродинова аз ин ҷумла омӯзгоронест, ки дар тӯли 31 сол боз ба хонандагон дарс медиҳад. Дар маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Байтбарак», чорабиниҳои ҷашнӣ, ки бо ташаббуси ӯ гузаронда мешаванд, хонандагон бо шавқи  беандоза иштирок менамоянд. Вақте сухан дар бораи чунин маҳфилҳо меравад, маҳфили «Байтбарак», ки хонандагон дар он фаъол иштирок мекардем, ба хотир меояд. Дар ин маҳфил мо тарҷумаи ҳол ва мероси адабии шоирони классик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва ғайраро интихоб карда, дар бораи онҳо маълумот медодем.
Дарвоқеъ, чанд сол боз шогирдони муаллим дар олимпиадаҳои фанни забон ва адабиёти тоҷик иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро ба даст меоваранд. Имрӯз баъзе шогирдони ӯ омӯзгоранд, қисми дигар, дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мебаранд. Гулзора Муродинова дар тарғибу ташвиқи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд» саҳми назаррас дорад.
– Бо ташаббуси роҳбари давлат дар қатори дигар соҳаҳо ба таълими халқ, беҳ намудани шароити мактаб ва омӯзгорон эътибори алоҳида нигаронида шуд. Соатҳои дарс, маоши омӯзгорон зиёд шуд ва мо омӯзгорон бо масъулияти дучанд ба ин ғамхориҳо бояд ҷавоб гардонем, – мегӯяд муаллимаи меҳрубон Гулзора Муродинова.
Ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён тамоми устодон, аз ҷумла, модаркалонам, падару модарам, додару хоҳарамро, ки ҳама омӯзгоранд, бо ин касби пуршараф табрику таҳният мегӯям. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: