ҚАДРИ ИНСОН – АЗ ҲАР ЧИЗ ВОЛО

Ба ҳаштоду ҳафт даромадам.

Вале ҳазорон шукр, худро бардам ҳис мекунам. Муҳимаш, дил ҷавон бошаду ирода мустаҳкам. Мешунидам, инсон ҳар қадар бузургсол шавад, ҳамон андоза ба зиндагӣ бештар дилбастагӣ ҳис мекунад, ба қадри ҳаёт мерасад. Рост будааст. Хусусан, ободгарӣ ва хуррамсозиҳои вақтҳои охир пирсолро дилҷавон месозанд. 
Ғайр аз ин мӯйсафедон дар мо – гули сари сабад. Дигар, дар ҷое пирон ҳастанд, дар он ҷо дуову фотиҳа, файзу баракат ҳаст. Бе онҳо пойдевори иморат гузошта намешавад. Ҳатто дар рафти  ниҳолшинонӣ  дуои пирон гирифтан ба ҳукми одат даромадааст. Тӯю хурсандӣ, азову мотам бе ширкати онҳо намегузарад.
Вақте дар деҳа бо эҳтиром “домулло” мегӯянд, лабрез мегардад қалбам аз ҳисси наҷиб. Пешаам – омӯзгорӣ. Солҳои зиёд дар мактаби таълими умумии рақами якум (дар собиқа дабистони рақами ёздаҳуми ноҳияи Риштон) чун муаллими синфҳои ибтидоӣ фаъолият бурдаам. Собиқадорони таълими халқ ҳамеша мавриди эътибор. Ману ҳампешаам Салоҳиддин Завҳаров, ки низ даври пирӣ ронда, аз расидан ба чунин рӯзҳои нек миннатдор аз қисмат аст, ҳаракат мекунем ба ҷойҳое, ки даъват мекунанд, равем. Сари як пиёла чой аз суҳбатҳои ҷонпарвар баҳра барем, лозим шавад насиҳат кунем ҷавононро, ҳидоят кунемашон ба роҳи рост. Хоҷа Ҳофиз фармуда:
Насиҳат гӯш кун ҷоно, 
ки аз ҷон дӯсттар 
доранд,
Ҷавонони саодатманд 
панди пири доноро.
Бачагию наврасиам ба давраи вазнини ҷанг ва солҳои душвори баъдиҷангӣ рост омад. Зиндагӣ он қадар вазнин, ки гоҳо ба мактабравӣ фурсат нест. Хурдсолон низ аз паи рӯзгор. Ҳанӯз бача будаму дар саҳро баробари калонсолон каланд мезадам. Чанд муддат ҳатто ҳисобдор таъин карда буданд. Кор аз “мӯйи сар” бисёр. Вале ҳаракат мекардам аз мактаб намонам, танҳо бо баҳоҳои чору панҷ хонам. Ортиқбой Ӯрунов, Муҳаммадхон Обидҷонов, Додомирзо Хидиров (равонашон шод бод) барин омӯзгорони азизам як даҳон таъриф кунанд ё дар саҳрову маҳалла бинобар дастёриам мӯйсафед ё калонсоле дуо кунад, мисле мукофот гирифта бошам, ба худ меболидам. Хидмати сесола дар артиш низ паси сар монд. Маҳале дар Институти давлатии омӯзгории Фарғона (1961-1965) мехондам, саъй менигарондам ба дигарон намуна бошам.
Донишкадаро хатм карда,ба деҳа баргаштам. Дар мактабе, ки таҳсил гирифтаам, ба омӯзгорӣ шурӯъ намудам. Ташаббус ва навовариҳоям дар соҳа бо унвони “муаллим-методист” тақдир гашт. Он солҳо муаллимони пешқадамро ба соҳаҳои дигар ҷалб месохтанд. Ба рад кардани таклифҳо рӯям нашуд. Лозим омад  дар солҳои гуногун ҳамчун котиби ҷамоати деҳоти Ровон, сарнозири шуъбаи таълими халқи ноҳияи Сӯх, мудири таъминоти иҷтимоии ноҳия, раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Истиқлол”  фаъолият барам.
Ба нафақа баромадам. Тавре мегӯянд, пирӣ низ давлат. Дар чойхонаи мӯйсафедон бо ҳамсолон сари як пиёла чой нишастан, барои ба ҳамин гуна рӯзҳо расонданаш шукри Офаридгор гуфта, рӯзҳои аз ин ҳам саодатнишонро орзу ва ҷавононро дуо кардан низ гашт доштааст. 
Ибтидои тирамоҳи соли сипаришуда Президент бо барномаи қаблазинтихоботӣ вохӯриҳо доир намуд. Вақте дар Фарғона буд, маро гуфтанд: «шумо ҳам дар вохӯрӣ, ки ба тарзи онлайн баргузор мешавад, ҳамчун намояндаи Сӯх иштирок мекунед». Хуб гуфтам. Вале ба гӯшаи хаёл намеовардам ба назари Президент меафтам. Вақте навбат ба Сӯх расид, ҷонибам ишоракунон: “Отахон, сухан ба шумо”-гӯии роҳбари давлатамон қалбамро ба ҳаяҷон овард. Мӯйсафед, зодаи маскане, ки бинобар ободгариҳо ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст, одатан чӣ мегӯяд? Миннатдорӣ изҳор мекунад, албатта.
Илова намудам, ки истироҳатгоҳҳо аз Сӯх дуртар, мушкилоти даро-баро дар ноҳияи сарҳадӣ ба ҳама маълум, мешавад, ки Сӯх низ истироҳатгоҳ дошта бошад?
Албатта, гуфт роҳбари давлат ва раиси Федератсияи иттиҳодияҳои касабавии ҷумҳуриро вазифадор сохт, барпои истироҳатгоҳи солимгардонии бачагонаро низ тезонад.
Ба наздикӣ ба ман ва истиқоматкунандаи деҳаи Қалъача Баёзиддин Зиёвиддинов, ки низ собиқадори таълими халқ аст, ба санаторияи “Чинобод-Плаза” ду роҳхати ройгон доданд. Ҳарду пойтахт омада ва дохили санаторияи навбудёд шуда, ростӣ, аз барҳавоӣ, шукӯҳ, шароитҳое, ки дар ин ҷо фароҳам оварда шудаанд, ба ҳайрат омадем.
Тақрибан сӣ сол қабл дар Берлин шуда ва дар яке аз фароғатгоҳҳои он наздик як моҳ дам гирифта будам. Ҳамон ҷо дучор омада будам ин гуна шароитро. 
Рӯзе телефонӣ хабар доданд дар Сӯх бахшида ба кушоиши истироҳатгоҳи солимгардонии бачаҳо чорабинии байналхалқӣ бо иштироки намояндагони се ҷумҳурӣ баргузор мегардад, бояд иштирок кунед. Гуфтам, ки ман дар “Чинобод-Плаза”, ҳоло муҳлати истироҳатам ба охир нарасидааст, чӣ хел мешавад? Гуфтанд мошин меравад, меораду баъди тантана боз бурда мемонад. Бе шумо намешавад...
Як ҳамин “бе шумо намешавад” медонед ба рӯҳияи як инсони оддӣ, ба рӯҳияи мӯйсафеди таҳи навад чӣ гуна таъсир кард. Инсоне, ки ба ҷамъият, ба одамон даркор будани худро ҳис мекунад, чӣ гуна хушбахт аст.
Ману Баёзиддинро ба Сӯх бурданд. Дар ҷараёни кушоиши истироҳатгоҳ бевосита ширкат ҷуста, ба шароитҳое, ки дар ин ҷо офарида шудаанд, шинос шудем: маркази маданият ва маърифати молик ба ҳар гуна қулайиҳо, маркази захира-ахбори замонавии бо дурдонаҳои адабиёт ғановатманд, хонаҳои бо воситаҳои лозимӣ муҷаҳҳаз барои гузаронидани маҳфилҳои гуногун, амфитеатри нимкушод, хонаи тиббиёт, ҳавзаи шиноварии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, хобгоҳ, фаввора, ошхона, хонаҳои шустуҷӯ ва ҳоказо, ки барои бачаҳо омода карда шудаанд.
Нафақат ман, ҳама мехост изҳорӣ миннатдорӣ созад ба Президент барои ин гуна эътибор. Воқеан барои фарзандонамон офарида шудани ин гуна фароғатгоҳи замонавиро орзу мекардем.
Чун собиқадори меҳнат ҳаминро низ илова карданиам, кулли навигариҳо дар соҳаҳои гуногун, ободгариву харрамсозиҳо, офаридани шароити мусоид барои зист ва фароғат дар навбати аввал ба баланд бардоштани қадри инсон нигаронида шудаанд.

Субҳиддин 
ШАРОФИДДИНОВ, 
собиқадори 
таълими халқ.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: