Дар мамлакатамон ҷорӣ гардидани низоми кор бо ҷавонон имконият медиҳад, ки масъалаҳои ҷойдошта ҳар чӣ бештар ҳаллу фасл карда шаванд.
Дирӯз вохӯрии ҷонишини ҳокими вилояти Бухоро оиди масъалаҳои хоҷагии қишлоқ ва об Амрулло Назаров бо ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Байналмилал»-и шаҳри Газлӣ ба амал омад. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҷавонони «тоифаи сурх»-и ин ҳудуд ба шахсони масъул вобаста карда шудаанд.
Дар вохӯрӣ ҳокими шаҳри Газлӣ У. Ҷумъаев, ҷонишини ҳокими ноҳия, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои дахлдор, масъулони маҳаллаҳо ва ҷавонон иштирок карданд.
Дар ҷараёни мулоқот шаҳрвандон бобати дастрас намудани кредити имтиёзнок, таъминшавӣ бо кор, таъмири манзил, расондани ёрии моддӣ барин масъалаҳо кумак пурсиданд. Баҳри ҳалли ин муроҷиатҳо ба роҳбарони ташкилоту корхонаҳо супориш дода шуд.
4 муроҷиат дар ҷараёни мулоқот ҳал гардид. Баҳри ҳалли 2 масъалаи дигар масъулон ӯҳдадор карда шуданд.
Ҳамон рӯз роҳбарон ба ҷойи кори ҷавонон рафта, мушкилоти онҳоро аз наздик омӯхтанд.
Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.