ДОВТАЛАБОНИ БУХОРОӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

Маълум аст, ки ҳар сол баъди ҷамъбасти имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии мамлакат рейтинги ҳудудҳо маълум карда мешавад.

Ба қарибӣ натиҷаи соли ҷорӣ эълон гардид. Бобати ба мактабҳои олӣ дохилшавии довталабон байни ҳудудҳо вилояти Бухоро ҷойи аввалро ишғол намудааст. Зеро аз 49127 нафар довталабоне, ки ҳуҷҷат супурдаанд, 13911 нафарашон – 28,32 фоиз ба донишҷӯии мактаби олӣ тавсия шудаанд. 
Ҳамин тариқа довталабони бухороӣ аз ҳама бештар ба мактабҳои олӣ қабул шудаанд. Ҷойи дуюм ба шогирдони вилояти Навоӣ насиб кард. Аз 43794 нафар довталабони онҳо 10524 нафарашон – 24,03 фоиз ба имконияти донишҷӯшавӣ соҳиб гаштаанд. Ҷойи сеюмро хатмкунандагони мактабҳои вилояти Хоразм ба даст даровардаанд. Аз 52399 нафар довталабон 12551 нафарашон – 23,95 фоизашон ба донишҷӯии мактаби олӣ муносиб будани худро исбот кардаанд. Ҷойҳои минбаъдаро Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд, вилоятҳои Намангон, Фарғона, Самарқанд, Тошканд, Қашқадарё, Ҷиззах, Сирдарё, Сурхондарё ва Андиҷон ишғол кардаанд.

А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: