ҲОҶИМОМОИ ДУОГӮЙ

Рӯзе ба модаре вохӯрдам, ки аз чеҳрааш нур меборид.

Рӯзе ба модаре вохӯрдам, ки аз чеҳрааш нур меборид. Ин модари хушқаду қомат, хоксор, камгап ва вазнин- табиат ҳоҷимомои деҳаи худамон Хосияткампир ме- бошад, ки ҳоло ба сини 86 даромада бошад ҳам, чеҳ- рааш аз пирӣ гӯё асаре надорад. Ин модари дуогӯйро дар деҳаи Дуобаи ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё ҳама хуб мешиносанд.
Хосияткампир сазовори иззату ҳурмат, умри пурба- ракат дорад. Ин модари азиз соҳиби 9 фарзанд мебошад. Ҳама соҳиби маълумоти олӣ ва касбҳои гуногунанд (шифокор, му- аллим, агроном, ходими умури корҳои дохилӣ ва ҳоказо). Ҳамсараш – шодравон тағои Абду- саттор Рӯзиқулов шахси сахтгир, вале меҳрубон, инсони хубу аҷиби деҳ буд, охираташ обод шавад. Ба якдигар муносиб буданд. Албатта, дар ҳаёт фарзандон аз падару модар ибрат мегиранд. Ҳамин хел фарзандонро Хосиятмомо тар- бияи хуб додааст. Ба навхонадорон дар боби тарзи оиладорӣ маслиҳатҳои муфид дода, дуоҳои нек карда, насиҳатҳои худро дареғ намедорад, аз замони оромиву осудагии мамлакати обод шукрона мекунад. Ба ин хел модарон сари таъзим фуруд меоварам. Чи хеле ки шоир мегуяд:
Аё модар, суханҳоят даво буд,
Ба гӯши ҷони ман ҳамчун наво буд.
Насиҳатҳои ту чун шири покат
Гуворову  азизу бебаҳо буд.
 Рӯзе аз Хосиятмомо пурсидам:
– Холаҷон, чӣ сабаб ба ин хел зиндагии осудаву бо- баракот расидед, ба мо каме нақл кунед. 
Хоҷимомо як табассуми ширин карду гуфт:
– Ман як умр «шукри Аллоҳ» мегӯям, чӣ мушкилие, ки ба сар ояд, сабр мекунам. Фарзандонам, дар зиндагӣ бо сабру қаноат бошед ва шукр кунед дар буду набуди зиндагӣ.
Дар урфият гуфтаанд, ки:
Шукр созӣ неъматат афзун шавад,
Куфр созӣ аз кафат берун шавад.
Воқеан, дар замони ҳозир ҷавонон ба сахтиҳои зиндагӣ сабру тоқат надоранд. Босабр бошед мегӯяд ин модари азиз. Илоҳо, кам нагардед ҳоҷимомо, 100 соли дигар умри бобаракот бинед.
Мо ҳам орзу мекунем, ки мисли ин модари азиз ба ҳамин хел давлат расем ва шукрона гӯем. 

Маҳкамтош НАБИЕВА, 
нафақахӯр аз маҳаллаи «Дуоба»-и ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: