ИФОДАИ АМАЛИИ ИНСОНПАРВАРИИ ХОСИ ХАЛҚИ МО

Таъмин сохтани манфиатҳои инсон, розӣ кардани одамон, ҳифз намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон солҳои охир ба яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат табдил ёфтааст.

Ӯзбекистон дар зинаи таърихии имрӯзаи хеш туфайли қадрияти олитарини давлат донистани ҳаёт ва тақдири ҳар як шаҳрванд ба пояи нави тараққиёти худ қадам гузошт. Самараи ислоҳоти шадиде, ки шаш сол муқаддам оғоз ёфта буданд, алҳол дар тарзи ҳаёти халқ, дигаргуниҳои тафаккур ва зиндагии ӯ инъикос меёбанд.
Зеро дар мамлакати мо корҳои васеъмиқёсе, ки дар кулли соҳаҳо амалӣ мешаванд, барои бахту саодати мардуму аз тарзи фаровони зиндагӣ ва ҳаёти кунунӣ розӣ гардидани халқ татбиқ мегарданд. Идораи авф, ки ба мақсади таъмин сохтани ҳуқуқҳои инсон ҷорӣ гардид, ҳаёти ҳазорҳо нафар одамонро мунаввар сохт, ба хонаводаи зиёд шодӣ, хурсандиву умед ворид кард.
Дар доираи мақсадҳои неке, ки мувофиқи Стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд, барои беш аз пеш самарабахш таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиат, қадру қимати инсон дар мамлакат ислоҳоти васеъмиқёсе татбиқ мешаванд, ки давлати моро дар олам ба сифати кишвари  соҳибмеҳру пурсаховат падидор месозанд.
Бояд гуфт ин корҳои хайр, ки бо ташаббуси Президент татбиқ мегарданд, аз тарафи халқи мо, ҳамчунин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон дастгирӣ мешаванд.
Фармони роҳбари давлат «Дар бораи авфи гурӯҳи шахсоне, ки муддати ҷазоро гузашта, аз кирдори худ пушаймон ва қатъиян ислоҳ шудаанд» намунаи равшани инсонпарварии кишвар ва дар ин роҳ мунтазам ба роҳ монда шудани ислоҳоти демократӣ, иҷтимоиву сиёсӣ гардид.
Мувофиқи ҳуҷҷат ва бинобар боби 23-юми моддаи 93-юми Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон 402 нафар шахсе, ки дар муассисаҳои ҷазо ва мақомоти пробатсия барои содир кардани ҷиноят ҳабс буданду аз кирдори худ сидқидилона пушаймон ва ба роҳи ислоҳ даромадаанд, авф карда шуданд.
Маҳз дар арафаи 30-юмин солгарди қабул шудани Қонуни асосӣ содир гардидани ин амали хайр низ маънои амиқ дорад. Он далели равшани ба ҳаёт татбиқ гардидани ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар омурзиш аст.
Ҳамчунин фармони мазкур дар навбати худ намунаи амалии дар кишвари мо ба роҳ монда шудани сиёсати инсонпарварона, кушодадилии хоси мардуми мо, фазилатҳои неки раҳму шафқат, некукорӣ ва меҳру мурувват ба шумор меравад. Зеро ин фармони роҳбари давлат ба бисёр дилҳо шодиву хурсандӣ, ба оилаҳои зиёд ҳаловату нуру сафо бахшид.
Таваҷҷӯҳ намоед, мувофиқи ин фармон чорсаду ду нафар шахс авф шуданд. Бешубҳа, ин рақам кам нест. Зеро ҳар кадоми онҳоро аъзои оила ва фарзандон, арӯсони дилшикаста, пайвандони қарин, аҳли маҳалла бо чашми чор интизоранд. Ҳар боре, ки аз ин хусус андеша кунем, ба моҳияти фармони мазкур бештару беҳтар мерасем.
Дар ин ҷараён барои ба ҳаёти иҷтимоӣ мувофиқ шудан, бо меҳнати фоиданок машғул гардидан, тарзи солими ҳаётро ба роҳ монда, дар ҷамъият мавқеи муносиби худро пайдо кардани авфшудагон ба онҳо аз наздик кӯмак расонидан, имкониятҳои заруриро фароҳам овардан хеле муҳим аст, зеро корҳои мазкур барои хулосаи дуруст баровардан ва ба тараққиёти кишвар саҳми худро гузоштану ба оила ва мамлакат фоида расондани онҳо омили асосӣ мегарданд.
Озодӣ бахти бузург аст. Мо на ҳамеша ба қадри он мерасем. Иҷрои саривақтӣ ва самарабахши фармони мазкур дар ҳаёти шахсони авфшуда ва аъзои оилаи онҳо мав-қеи муҳим дорад. Аз ҳама асосиаш он барои дар ҷамъият мустаҳкам шудани омилҳои инсонпарварӣ, таъмин гардидани пойдорӣ замина фароҳам меоварад. Зеро дар ин Ватани муқаддас инсон азиз аст!

Қаҳрамон ЭРГАШЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: