ДУ МАҒЗИ ЯК БОДОМ

Аз осори поягузори адабиёти форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тавассути маъхазҳои гуногун беш аз ҳазор байт то ба мо расидааст.

Бо вуҷуди ин, дар маъхазҳо баъзе байтҳо гоҳ ба номи Рӯдакиву гоҳ ба номи дигар шоирон омадаанд, ки чунин ҳолат боиси душвориҳо дар таҳия кардани осори боқимондаи Рӯдакӣ мегардад. Ин аст, ки осори Рӯдакӣ дар нашрияҳои Тоҷикистон даҳҳо маротиба чоп шуда бошад ҳам, онҳо аз ҳамдигар фарқи куллӣ доранд. Зеро дар таҳияи ҳар як нашр баъзе байтҳо бо овардани далелҳо аз чоп хориҷ шуда бошанд ҳам, чанд байти дигар бидуни таҳқиқи илмӣ ба маҷмӯаҳои ашъори Рӯдакӣ дохил карда шудаанд, ки байти зерин аз ҳамин қабил аст:
Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Варазрӯдро Мовароуннаҳр дон.
Аз маъхазҳо ин байтро, ки минбаъд бо номи «байти Варазрӯд» меояд, фақат Асадии Тӯсӣ (асри ХI) дар «Луғати фурс»-и худ ба Фирдавсӣ мансуб шуморида бошад ҳам, дар нусхаҳои «Шоҳнома»-и ба мо дастрасшуда вуҷуд надорад. Дар ҳамаи маъхазҳои баъди асри ХI ба Рӯдакӣ нисбат дода шудааст. Бинобар ин, дар ҳамаи нашрияҳои Тоҷикистон ва берун аз он байти зикрёфта то ҳол ба Рӯдакӣ нисбат дода мешавад. Пас, ин байт дар асл ба кадом шоир тааллуқ дорад? 
Маълум аст, ки дар асри VII милодӣ мамолики Шарқро истило кардани арабҳо боиси ба таркиби луғавии забони паҳлавӣ (форсии миёна) дохил шудани бисёр калимаҳои арабӣ гардид. Дар баробари ин, мувофиқи ахбори сарчашмаҳо дар қаламрави Сомониён забони модарии бисёр шоирон форсӣ бошад ҳам, онҳо бо забони арабӣ шеър эҷод мекарданд. Чунин шоирони «забонгумкарда»-ро мазаммат карда, нисбати онҳо ба тарзи киноя «Агар забони худро гум карда бошӣ, Варазрӯди форсиро Мовароуннаҳри арабӣ дон» гуфтан дар асл ба Рӯдакӣ вобастагӣ надорад. Зеро Рӯдакӣ ба талаботи замонаи худ риоя карда, забони тозӣ (арабӣ)-ро баробари забони порсӣ (форсӣ) мешуморид, ки байти зерини ӯ («Девони Рӯдакӣ», Душанбе – 2015, саҳ.84) далели ин фикр аст:
Тозиву порсӣ ҳама наздики 
мо якест,
Наздики ӯ гиромӣ парҳезгортар.
Аз ин байт, хусусан, тавассути ҷонишинҳои шахсии «мо» (Рӯдакӣ) ва «ӯ» (шахси ғоиб) фаҳмидан душвор нест, ки Рӯдакӣ мисли баъзе шоирони дигар ба «омехта» шудани забонҳои форсию арабӣ зид набуд. 
Дар адабиёти форс-тоҷик то ҳол шоире нест, ки мисли Фирдавсӣ аз истифодаи калимаҳои арабӣ «парҳез» карда бошад.
Масалан, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бо забони худ калимаҳои «офтоб, хуршед, ҳур, гетифирӯз, шед ва меҳр»-ро чун синонимҳои ҳамдигар 868 маротиба оварда бошад, ҳаммаънои онҳо калимаи арабии «шамс»-ро як маротиба ҳам истифода набурдааст. Вале чунин гуфтор маънои онро надорад, ки «Шоҳнома» аз калимаҳои арабӣ пурра холӣ бошад.

Зеро талаботи вазну қофия ва хусусан санъати киноя Фирдавсиро гоҳо маҷбур кардааст, ки аз калимаҳои арабӣ (ҳамагӣ 706 калима) «ноилоҷ» истифода барад. Масалан, бо назардошти истилои арабҳоро нахостан, ҳангоми ба калимаи форсии «тахт» муқобил гузоштани калимаи арабии «минбар» Фирдавсӣ маҷбур шудааст, ки аз номҳои арабии Абубакру Умар чунин истифода барад:
Чу бо тахт минбар баробар шавад,
Ҳама ном Бубакру Уммар шавад.
Азбаски Фирдавсӣ ба ҷойи «тахт»-и форсӣ омадани «минбар»-и арабиро намехост, дар байти зикрёфта ба тарзи киноя оварда шудани номҳои аввалин хулафои араб Абубакр (570-634) ва Умар (582-644) гувоҳӣ медиҳад, ки шоир тарафдори арабӣ шудани «ҳама ном» (аз ҷумла Мовароуннаҳр шудани Варазрӯд) нест.
Мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (ҷилди 2, саҳ. 492) ба шарҳи калимаи «хондан» аз як нусхаи «Шоҳнома» байти зеринро овардаанд, ки он ҳамовози «байти Варазрӯд» аст:
Чунин хондандаш ҳаме пештар,
Ки хонӣ кунун Мовароуннаҳр.
Аз худи тарзи баён ҳам маълум мешавад, ки ин байт аз они Фирдавсӣ нест. Охир, шоире навқалам бошад ҳам ҳиҷои «тар»-ро бо «наҳр» қофия намекунад. Аз ин рӯ ҳақ бар ҷониби Е. Э. Бертелс аст, ки дар асрҳои миёна нусхабардорон тақлидкорона бисёр байтҳои «бенамак»-и худро ба «Шоҳнома» илова кардаанд, ки байти зикрёфта аз ҳамин қабил аст. Мақсад аз ин гуфтор он аст, ки агар «байти Варазрӯд» аз они Рӯдакӣ мебуд, нусхабардорон «тақлид»-и худро ҳаргиз ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ илова намекарданд. Бинобар ин, «байти Варазрӯд»-ро ба Фирдавсӣ нисбат додани Асадии Тӯсӣ саҳве надорад. 
Зеро аз як тараф қадимтарин нусхаи «Шоҳнома»-и ба мо дастрасшуда соли 1276 бошад, Асадӣ 200 сол қабл аз ин маълумот додааст. Аз тарафи дигар Асадӣ дар «Луғати фурс» бисёр байтҳои Рӯдакиро овардааст ва ҳатто дар як қасидаи худ 180 ҳазор байт ашъори ӯро қайд кардааст, ки ин ба эҷодиёти Рӯдакӣ таваҷҷуҳи махсус доштани Асадиро нишон медиҳад. Дар чунин ҳолат агар байт аз Рӯдакӣ мебуд, Асадӣ ҳаргиз онро ба Фирдавсӣ нисбат намедод. Пас, чаро «байти Варазрӯд» дар ҳеч кадом нусхаи «Шоҳнома»-и ба мо дастрасшуда вуҷуд надорад?
Маълум аст, ки дар асрҳои миёна китобҳо фақат тавассути дастхат нусхабардорӣ карда мешуданд. Табиист, ки ҳангоми чунин амал аз «Шоҳнома» барин асарҳои калонҳаҷм баъзе байтҳо нонавишта ҳам мемонд ва ин боиси дар нусхаҳои минбаъда тамоман гум шуда рафтани онҳо мегардид. Бо вуҷуди ин, мухлисони шеър баъзе байтҳоро бидуни зикри номи муаллиф ҳамчун байти писандида ба дафтар ё ҳошияи китобе навишта мемонданд, ки ин боиси умри дубора дидани онҳо мегардид. Баъзе фарҳангнигорон бошад, чунин байтҳоро бо пиндошти худ ба шоире нисбат медоданд. Масалан, байти зерин, ки дар нусхаҳои «Шоҳнома»-и ба мо дастрасшуда вуҷуд надорад, аз рӯйи баъзе фарҳангҳо то солҳои охир ба Рӯдакӣ нисбат дода мешуд:
Яке базми хуррам биёростанд,
Майи рӯду ромишгарон хостанд.
Имрӯзҳо бошад муҳаққиқ Қодири Рустам,  («Девони Рӯдакӣ», нашри зикршуда, саҳ. 131) аслан ба Фирдавсӣ мансуб будани ин байтро маълум кардааст, ки инро дастгирӣ мебояд, зеро бисёр байтҳои «Шоҳнома» айнан бо чунин қолаб навишта шудаанд, ки байти зерин аз қабили онҳост:
Ба як ҳафта айвон биёростанд,
Майу рӯду ромишгарон хостанд.
Аз муқоисаи ду байти зикрёфта маълум мешавад, ки онҳо қолаби ягонаву мазмуни қариб якхела доранд. Дар ҳақиқат яке аз қолабҳои худи Фирдавсӣ чунин аст, ки вай бисёр байтҳои «Шоҳнома»-ро бо каме тағйир додани вожаҳои як мисраъ ва айнан такрор кардани мисраи дигар эҷод кардааст. Байте, ки мавриди муҳокимаи мо қарор дораду онро шартан «байти Варазрӯд» номидаем, бо худи ҳамин қолаб эҷод шудааст ва чунин даъворо метавон бо далели зерин низ тасдиқ намуд.
Дар ҳудуди Эрони қадим номи дарёе Арванд буд, ки арабҳо пас аз истилои худ ба он Даҷла ном гузоштаанд. Фирдавсӣ дар чанд ҷойи «Шоҳнома» ба ин номҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ки яке аз онҳо чунин аст:
Агар паҳлавонӣ надонӣ забон,
Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон.
Ҳангоми ин байти «Шоҳнома»-ро аз рӯйи қолаб ва мазмун бо «байти Варазрӯд» муқоиса кардан чунин хулоса мебарояд, ки онҳо чун ду мағзи як бодом ба Фирдавсӣ тааллуқ доранд.

Зафар РАҲМАТ,
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: