Дар Нидерланд хотираи сарбозони ӯзбекро, ки дар лагери консентратсионии “Амерсфорт” кушта шудаанд, гиромӣ доштанд

Намояндагони Сафорати Ӯзбекистон дар кишварҳои Бенилюкс барои ширкат дар маросими мотами хотираи қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз хиёбони ёдбуди “Майдони шуҳрати шӯравӣ”, воқеъ дар қабристони “Расхоф” дар наздикии шаҳри Лойсдени Нидерланд дидан карданд.

Ҳамасола 5 май дар Нидерланд ёди қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро пос медоранд. Маросими ёдбуд дар саросари кишвар баргузор мешавад. Маросими ботантана, ки 3 май барпо гардид, аз тарафи ташкилотчиёни Голландия барои тайёрӣ ба 5 май ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ ихтиёриёрони хазинаи «Майдони шӯҳрати шӯравӣ», аз чумла донишҷӯёни мактабҳои олии маҳаллӣ ва мактаббачагон, ҳамватанони муқими Голландия, намояндагони Хазинаи дӯстии Ӯзбекистону Голландия (УзНед) иштирок доштанд.

Дар рафти маросим ба пояи сангҳои 865 сарбози шӯравӣ, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Ҳолланд кушта шудаанд, аз ҷумла 101 сарбози ӯзбекистонӣ, ки дар лагери Амерсфорт қурбони фашизм шудаанд, гулҳои тару тоза гузошта шуданд.

Пас аз он, бо даъвати сафорат ҳамаи иштирокдорон дар атрофи обелиск дар маркази майдони ёдбуд ҷамъ омаданд. Намояндагони сафорат дар бораи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, оқибатҳои харобиовари он, саҳми арзандаи мардуми Ӯзбекистон дар Ғалабаи Бузург бар фашизм, инчунин дар бораи корҳои бузурге, ки дар кишвари мо ҷиҳати ҳифзи хотираи муқаддаси аҷдодони мо, ки дар хифзи шаъну шарафи инсон ирода ва шуҷоати бепоён нишон додааст, анҷом дода мешаванд, суханронӣ намуданд.

Дар рафти мубодилаи мухтасари афкор ба намояндагони ҳукумати Нидерландия, аҳли ҷамъият ва роҳбарияти Фонди “Майдоши шуҳрати шӯравӣ», аз ҷумла ба раиси раёсати он, журналист ва муаррихи машҳур Ремко Рейдинг, ки қабрҳои хиёбони хотираро нигоҳубин мекунанд, хотираи қурбониёни ҷанги мудхиши таърихи башариятро эҳтиёткорона пос медоранд, барои муайян кардани шахсияти ҷанговарони ӯзбекистонӣ саъю кӯшиш доранд, миннатдории самимӣ баён карда шуд.

 Дар ин маросим ба ёди марҳумон оятҳои Қуръони Карим қироат карда шуд.

Дар чорабинӣ иштирокчиёни он аҳамияти рамзии маросими ёдбудро таъкид намуданд. “Имрӯз мо ба Роттердам барои ширкат дар ин маросим омадем. Ин чорабинӣ, ки ба хотираи сарбозони дар ин ҷо дафншуда, аз ҷумла 101 нафар аскарони ӯзбек бахшида шудааст, боиси ҳаяҷони махсус мегардад. Мо ҷараёнҳои Ӯзбекистонро бодиққат пайгирӣ карда, тадбирҳои дар солҳои охир дар кишваратон бобати ҳифз ва абадӣ гардонидани хотираи иштирокчиён ва қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ андешидашударо мусбат арзёбӣ мекунем», - гуфт яке аз иштирокдорон.

Иштироккунандагони чорабинӣ, аз ҷумла, раиси раёсати Фонди “Майдони шуҳрати советӣ” Ремко Рейдинг ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои саъю кӯшишашон дар роҳи пос доштани хотираи иштирокку-нандагон ва қурбониёни Ҷанги дуюми ҷаҳон миннатдории самими баён карданд.

Ремко Рейдинг бо камоли қаноатмандӣ қайд кард, ки ин маросим дар арафаи Рӯзи Хотира дар Нидерландия – 5 май ва Рӯзи Хотира ва Қадр – 9 май дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: