МУРОҶИАТНОМАРО МАРДУМ ДАСТАГИРӢ МЕКУНАНД

Шабакаи телевизионии “Sevimli” таҳти унвони “Аз обхезӣ аҳолии азияткашидаи вилояти Сирдарёро дастгирӣ мекунем” аксияи башардӯстонаро роҳандозӣ намудааст. Гуфта мешавад, ки ин аксия аз соати 23-30 дақиқаи шаби 1 бар 2 майи соли равон шурӯъ шудааст.

Шабакаи телевизионии “Sevimli” таҳти унвони “Аз обхезӣ аҳолии азияткашидаи вилояти Сирдарёро дастгирӣ мекунем” аксияи башардӯстонаро роҳандозӣ намудааст. Гуфта мешавад, ки ин аксия аз соати 23-30 дақиқаи  шаби 1 бар 2  майи соли равон шурӯъ шудааст.

Дар муроҷиатномаи ходимони эҷодии шабакаи телевизионии  “Sevimli” омадааст: “Ҳамватанони азиз, мӯҳтарам бошандагони шаҳри Тошканд! Ба наздикӣ бар асари кандашавии обанбори Сардоба аз минтақаҳои обзеркарда наздики 12 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҷойҳои дигар кӯчонида шуданд. Дар айни ҳол таҳти сарварии Президенти мамлакат барои осебдидагони ин офат шароитҳои зарурӣ куллан фароҳам оварда мешаванд. Дар чунин вазъиятҳои фавқулодда мардуми мо ҳамеша иттиҳод баставу аз як гиребон сар бароварда, ба осебдидагон кӯмак мерасонанд”.

Ҳамчунин дар ин муроҷиатнома қайд шудааст, ки ба ҳамин мақсад шабакаи “Sevimli” ба сокинони шаҳри Тошканд рӯй меорад. Дар навбати аввал бояд ба фарзандони аҳолии аз ин ҳодиса зарардида, хусусан кӯдакони онҳо меҳру мурувват нишон диҳем.

Дар пайи ин муроҷиатнома боз тазаккур ёфтааст, ки агар сокинони шаҳр ҳарчи либосҳои зиёдатии кӯдакона доранд, ба бинои ин шабакаи телевизионӣ оварда супоранд. Кормандони шабака ҳамаи онро ҷамъ оварда, ба покетҳои махсус андохта, ба фарзандони аҳолии ин вилоят интиқол медиҳанд.

Дар муроҷиатнома нишонии шабакаи телевизионӣ қайд шудааст: Ноҳияи Миробод, хиёбони Амир Темур, хонаи 53. Телефонҳо барои муроҷиат: +998946307198, +998974706944, +998903478700.

Маълум мешавад, ки баъди муроҷиати мазкур аз соати 6-и субҳи 2 май аз гӯшаву канори шаҳри Тошканд одамони зиёд барои аҳолии Сирдарё либосҳо, асбобу анҷоми рӯзгор, кӯрпаву кӯрпача, анвоъи хӯрданӣ, лӯхтакҳо, китобҳо ва амсоли онро оварда супурдаанд.

2 май чизҳои ҷамъоваришуда, баъди дезинфексия кардани он, тавассути 6 мошини боркаш ва 7 мошини сабукрав, таҳти роҳнамоии ходимони бехатарии ҳаракати роҳ ба вилояти Сирдарё интиқол ёфтааст. Гуфта мешавад, ки аксия давом дорад ва ҳар хоҳишманд метавонад ба ин аксия бипайвандад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: