ДУРДОНАИ ШАРҚ САМАРҚАНДИ БОСТОНИСТ

Шумораи дуюми маҷаллаи фарҳангӣ, адабиву илмӣ – “Дурдонаи Шарқ” аз чоп баромад.

Маҷалла чӣ мушкилот дорад, дурнамои он чӣ гуна хоҳад буд? Дар ин хусус хабарнигори ҷамоатии «Овози тоҷик» Ӯктам ИБРОҲИМ бо сардабири маҷалла, раиси шуъбаи тоҷикии  Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд Асадуллоҳ Исмоилзода суҳбат орост, ки пешкаши муштариёни гиромиқадр мегардад.
– Аввал бигӯед, ки барои чӣ маҷалла “Дурдонаи Шарқ” номгузорӣ шуд? Дар оинномаи маҷалла чӣ нуктаҳо зикр шудаанд? 
– Нахуст бояд бигӯем, солҳои тӯлонӣ орзу доштем, ки дар ҷумҳурӣ маҷаллаи фарҳангӣ-адабӣ дошта бошем, то аҳли адаби тоҷикро сарҷамъ созад, дурдонаҳои наср ва назми онҳоро ба алоқамандони адабиёт эҳдо кунад. Бубинед, ки орзу дар марҳилаи нави Ӯзбекистони Нав, ки Раисҷумҳури мо як сиёсати навро пиёда кардаанд, ҷомаи амал пӯшид. 
Ба мушоҳида мерасад, ки барои рушди фарҳанги миллатҳои мухталиф дар Ӯзбекистон шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Мо аз ҳамин имконият истифода бурда тасмим гирифтем, ки чопи маҷалларо роҳандозӣ кунем. 
Сари номи он бисёр андешидем, ҳатто дар шабакаҳои Интернет барои номи беҳтарин озмун эълон кардем. Охируламр маҷалла номи “Дурдонаи Шарқ”-ро гирифт. Зеро он дар Самарқанд, ки онро дар саросари ҷаҳон дурдонаи Шарқ мешуморанд, чоп шуда истодааст. 
Дар оиннома акс ёфтааст, ки дурдонаҳои насру назми аҳли адаби форсзабонро пешкаши муштариён мекунем. Дар Ӯзбекистон  ҳавзаи адабии муқтадири тоҷикӣ ташаккул ёфт. Фурсат расидааст, ки намояндаҳои он ба ҷаҳониён муаррифӣ шаванд. 
Чуноне ки дар оинномаи маҷалла зикр шудааст, мақсади дувум – тарбияи ҷавонони навқалами тоҷик мебошад. Мо ният дорем, ки барои онҳо як мактаб муҳайё намоем, то ки онҳо аз гузаштаву имрӯзи адабиёт, фарҳанг ва таърихи мардуми мо бохабар бошанд. 
Имрӯз агар мо беш аз 250 мактаби тоҷикӣ дошта бошем, дар китобхонаҳои онҳо  китобҳои тоҷикӣ хеле каманд ва мо ният дорем, ки ин холигоҳро ҳам пур кунем. 
Мо дар шумораи нахустин аз намунаҳои эҷодии қариб сӣ нафар эҷодкорони тоҷик, дар радифи ин кор аз адабиёти Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон намунаҳо овардаем. 
– Рӯшод бояд бигӯем, ки имрӯз мактабҳои тоҷикӣ камшумор гардидаанд, мардуми тоҷики ин диёр маҷаллаву рӯзнома, китобҳоро ба забони модарӣ кам мутолаа мекунанд. Бинобар ин барои чопи маҷалла ҷуръат мебоист, ки аз ҷониби шумо зоҳир гардид. Хуб, агар натиҷагирӣ кунем, чопи нахустини фаслнома бо теъдоди 1550 нусха чиҳоро аён сохт, бобати ба дасти муштариён расондани он чӣ мушкилиҳо ба миён омад? 
– Дар ҳақиқат, чопи маҷалла барои аксарияти тоҷикон иде буд. Мардуми мо интизори чопи ҳамин гуна маҷалла буд ва хонандагони асосии мо аҳли зиё мебошанд. Мо дар ин хусус аз минбарҳо суханронӣ доштем. Буданд онҳое, ки бо ваъдаҳои хушку холӣ домани моро бо чормағзи пуч пур карданд, аммо одамони ҳимматбаландро ҳам дорем. Баъзеҳо барои як сол ба маҷалла обуна шуданд. Алъон ҳастанд онҳое, ки мегӯянд: маҷалла аз ҳисоби ҳомиён, сарпарастон чоп шуд, чаро онро фурӯхта истодаед? Бовар кунед, ягон кас пайдо нашуд, ки харҷи маҷалларо ба ӯҳда гирад, лекин буданд онҳое, ки аз мо кумаки моддиро дареғ надоштанд. Масалан, аз Тошканд Мурод Мақсудов миқдоре ба хазинаи мо ирсол карданд. Яке аз тадбиркорони самарқандӣ Фурқат Узоқов ҳам як миқдор пул барои чопи маҷалла дод. Афсӯс, ки ин миқдор 5-10 фоизи хароҷоти табъу нашри маҷалларо ташкил кард, ҳол он ки барои чопи маҷалла 30 миллион сӯм сарф гардид. Хушбахтона, маҷалла бо кумаки қабл аз ҳама аҳли зиё: омӯзгорон, адибон ба дасти хонандагон расид. Дар ин ҷо ҳам мебояд, ки ҳимматбаландии тадбиркоронро зикр намоем. Яке аз вакилони Шӯрои намояндагони ноҳияи Самарқанд Абдуҷаббор Умаров зиёда 100 нусха маҷалларо харида, ба мактабҳо туҳфа кард. Ин ҳам дастгирии як тан зиёӣ аст, ки боиси сарбаландии мо гардид. Аммо баъзе эҷодкорон, ки намунаҳои эҷоди худро дар саҳифаҳои маҷалла надиданд, онро харидорӣ накарданд. 
– Хуб, маҷалла чӣ нақшаҳои эҷодӣ дорад? Ҳаққи қалами муаллифон, маоши ходимон аз кадом ҳисоб пардохта мешаванд? 
– Ин саволест, ки дарди моро ифода мекунад. Вақте ки кори маҷалларо роҳандозӣ мекардем, эҳсос мекардем, ки чопаш як муваффақияти бузург аст. Чунки мо – тоҷикони Ӯзбекистон дар садсолаи охир маҷаллаи фарҳангӣ-адабӣ надоштем. Мақсад аз чопи маҷалла тиҷорат нест. Вақте ки соли 2021 шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ташкил шуд ва маро роҳбар таин карданд, дар пеши худ мақсад гузоштем, ки акнун шуъба фақат ба ном фаъолият накунад, балки он корҳои амалиро ба сомон расонад. Ва барои ҳамин ҳам бо аҳли ҷамоати Самарқанд ва эҷодкоророн машварат оростем. Мо маҷалла ва Хонаи табъу нашри эҷодии «Маҳорат»-ро ташкил кардем. Онҳо то ҳанӯз фаъолият доранд. 
Фидоиёни фарҳанги тоҷик буданд, ки ба мо кумак ва дастгирӣ карданд. Мо аз маош умедвор нестем. Мақсад роҳандозии пайвастаи маҷалла мебошад. Аммо бояд рӯшод бигӯем, ки бидуни ҳавасмандгардонии моддӣ кор пеш нарафтанаш мумкин. Барои ҳамин кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки аз ҳисоби ҳомиён, грантҳои давлатӣ, ки ҷудо мешаванд, агар мо дар озмунҳои он ғолиб оем, ба ҳамаи нафароне, ки ба мо мадад мерасонанд, кумаки моддӣ бирасонем. 
Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Сайид ваъда дод, ки як хонаи муҷаҳҳазро ба мо месупорад.  

Мусоҳиб 
Ӯктам ИБРОҲИМ.
САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: