ДАР НАМАНГОН МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

Дар ҳама соҳаҳо ҳамаҷониба ривоҷёбии мамлакат бештар ба соҳибистеъдод ва дониши баланд будани кадрҳо вобаста аст.

Барои тайёркунии кадрҳои соҳибистеъдод муассисаҳои таълими томактабӣ, таълими умумӣ ва таълими оливу миёнаи махсус нақши муҳим мебозад. Се соли охир аз тарафи роҳбари мамлакат Шавкат Мирзиёев ба таълим ва тарбияи авлоди наврас эътибори алоҳида дода мешавад. Ин дар маҳалҳо дар мисоли ба роҳ монда шудани фаъолияти мактабҳои ба фанҳои гуногун ихтисосонидашуда ва мактаби президентӣ исботи худро меёбад.
Дар ин ҷода бо ташаббуси роҳбари давлат ташкил кардани мактаби президентӣ боз як эътибор ва ғамхорӣ барои таҳсили ҷавонони ташнаи илм ва соҳибистеъдод хоҳад гашт.
Дар арафаи 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварамон дар Намангон мактаби президентӣ барои писарону духтарони соҳибистеъдоди вилоят дари худро боз кард. Қобили қайд аст, ки мактаби мазкур дар ҷойи мусоиди шаҳри Намангон қад рост намудааст.
Ба ин муносибат маросими тантанавӣ баргузор гардид. Дар он вакилони давлатӣ ва ҷамоатӣ, собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, мураббиён ва ҷавонон иштирок намуданд. Дар маросим ҳокими вилояти Намангон Хайрулло Бозоров сухан ронда, гуфт, ки дар вилоятамон кушода шудани мактаби мазкур барои омода кардани авлоди нави соҳибистеъдод ва илмдӯст омили муҳим мегардад.
Ба мактаби президентӣ 7 ҳазору 800 нафар хоҳишмандон ҳуҷҷат супурданд. Аз байни онҳо 144 нафар аз беҳтаринҳо бо санҷишҳои гуногун қабул шуданд.
Ба сохтмони мактаби президентӣ аз буҷаи давлат зиёда аз 80 миллиард сӯм харҷ гардида, дар ин ҷо барои дар асоси андозаҳои ҷаҳонӣ таълим ва тарбия гирифтани хонандагон ҳамаи шароит  фароҳам оварда шудааст. Дар синфҳои мактаб 6 тахтаи электронӣ, 36 компутер, китобхонаи дорои 6 ҳазор нусха китоб, хобгоҳ, варзишгоҳ ба ихтиёри хонандагон пешбинӣ шудааст. Барои омӯзгорони хориҷӣ меҳмонхонаи дорои 15 ҷой низ қад рост намудааст.
Барои хонандагони мактаби президентӣ 11 нафар омӯзгорони хориҷӣ ва 20 нафар омӯзгорони маҳаллӣ таълим  ва тарбия медиҳанд.
– Шароити ба хонандагон пешбинишудаи мактабро дида дар ҳайрат мондам. Ба чунин ғамхориҳои ба мактабиён пешбинишуда ба сарвари давлатамон ташаккур, – гуфт собиқадори меҳнат Собирҷон Турғунов.
– Камина дар мактаби президентӣ таҳсил гирифтанро орзу мекардам, барои ҳамин ҳам ба имтиҳонҳои санҷишӣ ҳамаҷониба тайёрӣ дидам. Хурсандиовар аст, ки аз байни ҳазорон ҳамсиннонам аз санҷишҳои гуногун гузашта, ба мактаби президентӣ қабул шудам, – гуфт Фирӯза Ҷӯраеваи чустӣ.
Дар мактаби президентӣ занги аввалин садо дода, аввалин хонандагонро ба синфҳо даъват кард. Иштирокчиёни маросим бо фаъолияти мактаб шинос шуда, дар машғулиятҳо иштирок намуданд.

А. МУРОДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: